БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ПОЙҲО АЗ ЧИ БЕМОРИЕ МЕТАВОНАНД ХАБАР ДИҲАНД?

    Вуҷуди ҳар гуна тағйири зоҳирӣ дар ноҳияи пойҳо, метавонад аз бемории хосе дар бадан хабар диҳад. Тағйир дар зоҳир ё ранги пӯсти пой, метавонад нишонаи вазъи саломатии баданро баён кунад ва мо чанд аълоимӣ муҳимро, ки нишон медиҳанд, бадани инсон дар чи вазъе қарор дорад инҷо меорем.

     
  • ЧИ ГУНА ОЗМОИШИ ХУНРО МЕШАВАД ХОНД?

    Мудири бахши  озмоишгоҳи

    Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино,

    Хуросон Набиева.

     

    Хондан ва фаҳми озмоиши хун барои афроде, ки маълумоти тиббӣ надоранд мушкил эҷод мекунад. Чаро, ки ин озмоиш барои табибон тартиб дода мешавад.

     
  • СИНДРОМИ ЗАНОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК

     

    Унвони аслӣ

     

    Шикоятҳои пайдарпайи невропсихиатрикӣ дар занони ҷавони мубталои ҷоғари сода, дар Тоҷикистон (Синдроми занони ҷавони тоҷик?!).

     

    Аббоси Таваккулиёни Арҷманд, интернист, эндокринолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    Диловар Маҳмадёров, кардиолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    *Малика Юсупова, кардиолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    Абдухалил Холиқзода, раиси ҳайати мудирони Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

     

    Унвони кӯтоҳ

    «Ҷоғари содаи эндемикӣ ва ҳолатҳои асабхастагии шадид; оё ин ду бо ҳам иртибот доранд?»

     

     

     

     *Нависандаи тарафи мукотибот: Малика Юсупова, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, ш. Душанбе, Тоҷикистон, к.  Фотеҳ. Ниёзи 34, +992446400102, +992446400103  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.


     

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Панкреатит

Панкреатит гуфта, илтиҳоби ғадуди зери меъдаро меноманд. Сабаби пайдоиши ин беморӣ, басташудани маҷрои ғадуд тавассути сангҳо аз талхадон, варам ё киста ба шумор меравад. Дар ин ҳолат роҳи ҷорӣ шудани оби ҳозима бо ферментҳо ба рӯдаи борик халалдор мегардад. Дар натиҷа ин ферментҳои панкреатӣ дар ғадуд

ҷамъшуда, ба бофтаҳои он таъсир мегузоранд ва ғадуд худаш худашро ҳазм мекунад. Ин ферментҳо ҳамаи бофтаҳои ғадудро вайрон карда, метавонанд ба рагҳои хунгард ва узвҳои дигари ба ғудуд наздик таъсири манфӣ расонанд ва ин омил метавонад ба марги инсон оварда расонад.

Сабаби чунин ҳолат дар бештари маврид хӯроки нодурусту якранг ва пурхӯрии доимӣ мебошад. Дӯстдорони хӯрданиҳои сахт тунд, бирён ва аз ҳад зиёд равғанин, инчунин дӯстдорони "фастфуд” ба гӯрӯҳи хатари ин беморӣ шомил мегарданд. Истеъмоли зиёди нӯшокиҳои спиртӣ низ, метавонад ба рушди панкреатит замина гузорад. Дар баъзе ҳолатҳо стрес ва асабоният ба зиёд гардидани оби ғадуди зери меъда сабабгор мешаванд ва ин низ метавонад дар навбати худ ҷараёни илтиҳобиро ба вуҷуд орад. Ғайр аз ин, панкреатит (хусусан панкреатити шадид) метавонад бо рушди аворизи бемориҳои талхадон ва маҷроҳои он, бемории санги талхадон ва бемориҳои гуногуни ҷигар ба миён ояд. Панкреатит ба шадид ва музмин тақсимбандӣ мегардад. Асоситарин аломати панкреатит, дарди шадид дар қисмати шикам ба шумор меравад. Ин аломат ҳам дар панкреатити шадид ва ҳам дар панкреатити музмин (ҳангоми шиддати дард) муштарак зуҳур мекунад. Ғадуди зери меъда аз се қисмат: сарак, тана ва дум иборат ёфтааст. Агар раванди илтиҳобӣ дар сараки ғадуд оғоз гардад, дарди шадид дар қисмати рости зериқабурға ба вуҷуд меояд. Агар тани ғадуд гифтори ҷараёни илтиҳобӣ гардад, он гоҳ дард қисмати зерибағалро фаро мегирад ва агар думи ғадуд осеб бинад, дарди шадид дар қисмати чапи зериқабурға пайдо мешавад. Ва дар ҳолати ба раванди илтиҳобӣ гирифтор гардидани тамои ғадуди зери меъда, дард метавонад қисмати миён, пушти сина ва шонаҳоро фаро гирад.

Ҳангоми панкриатити шадид дард бештар дар қисмати болоии шикам пайдо шуда, ба қисмати миён равона мегардад. Ғайр аз дард инсон метавонад ба дилбеҳузурию қайкунӣ ва таби баланд гирфтор шавад. Хусусиёти асосии панкреатити шадид, пайдошудани ногаҳонии дарди сахт ба шумор меравад. Ин навъи панкреатит, мисли пайдошуданаш ногаҳонӣ худ аз худ хомӯш мегардад. Ин навъи пакреатит одатан ба вайроншавии комили ғадуд намеоварад, танҳо дар сурати истеъмоли зиёди нӯшокиҳои спиртӣ ғадуди зери меъда осеби ҷиддӣ хоҳад дид. Панкреатити музмин бо ҷараёни на он қадар шадиди дард фарқ мекунад. Дар беморони гирифтор ба ин навъи панкреатит бештар кам гаштани иштиҳо ва коҳиши вазни бадан ба назар мерасад. Панкреатити музмин хатарнок буда, метавонад ба бемории қанд оварда расонад. Ҳангоми ин навъи панкреатит ғадуди зери меъда, дар муддати тӯлонӣ осеб мебинад ва метавонад пурра аз кор монад.

Агар аломатҳои панкреатити шадид баъди 6 моҳи оғози беморӣ зоҳир шаванд, онро шиддатёфтани панкриатити музмин меноманд. Табобати панкреатити шадид хеле содда буда, риояи се шарти асосиро дар бар мегирад. Ин шартҳо иборатанд аз: хунукӣ, гуруснагӣ ва оромӣ. Дар рӯзи аввали оғози беморӣ мутахассисон ба бемор тавсия мекунанд пурра аз истеъмоли хӯрок даст кашад ва хӯрокро бо оби тоза ҷойгузин намояд. Кисаи яхдор бошад, барои бартараф намудани варам ва илтиҳоб дар қисмати ғадуди зери меъда кумак хоҳад кард. Барои баровардани бемор аз ҳолати гуруснагӣ, баъди ором гирифтани аломатҳои беморӣ, ба беморон ғизои махсуси парҳезӣ таъин мекунанд ва истеъмоли ғизоро бо миқдори кам (то 8 маротиба дар рӯз) тавсия менамоянд. Усули ҷарроҳии табобати панкреатит низ вуҷуд дорад, аммо онро танҳо дар ҳолатҳои вазнин ва рушди бо суръати беморӣ мавриди истифода қарор медиҳанд. Ҳангоми ҷарроҳӣ қисмати ғадуди зери меъда бурида гирифта мешавад. Аммо бояд дар хотир дошт, ки табобати панкреатит бояд аз ҷониби мутахассис гастреэнтеролог анҷом гирад. Муроҷиати саривақтӣ ба мутахассис, метавонад дар табобати бо муваффақияти ин беморӣ нақши асосиро ифшо кунад.

Бахши гастроэтерологии Бемористони Ибни Сино барои табобати беморони гирифтор ба панкреатити шадид ва музмин тамоми шароити лозимаро доро мебошад. Бахши гастроэтерологии бемористон бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонидашудааст ва дар он мутахассисони варзидаи ватанӣ ва хориҷӣ фаъолият мекунанд.

ФОТО