Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ҶАРРОҲИИ МАҒЗУ АЪСОБ ДАР БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО!

    Ҷарроҳии мағзу аъсоб дар Бемористони Ибни Сино, ба шакли як бахши алоҳида ба роҳ монда шудааст. Ин бахши бемористон, бахши нисбатан ҷадид буда, аз моҳи сентябри соли 2013 ба фаъолияти худ оғоз намуд.

     
  • ИРОАИ КИТОБИ "ҲАЗОРВОЖАИ ЧАҲОРЗАБОНАИ ПИЗИШКӢ"

    Ҳар кас ба забони худ забондон гардад,

    Донистани сад забон осон гардад.

    Рӯзи 15.09.2017 дар Бемористони Ибни Сино ироаи китоби "Ҳазорвожаи Чаҳорзабонаи Пизишкӣ" пешкаши ҳаводорони илму адаб гардид. Ин китоб аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва дастгирии молии Бемористони Ибни Сино ба чоп расид.

     
  • АТЕРОСКЛЕРОЗИ РАГҲОИ МАҒЗИ САР

    Атеросклерози рагҳои мағзи  сар бемории паҳнгашта буда, асосан пардаи дохилии рагҳои хунгарди мағзи сарро иллатдор мекунад. Дар гирди пилокҳои атеросклеротикӣ бофтаи пайвасткунанда бузург мегардад ва намаки калтсий дар девораҳои раг ҷамъ мешавад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ТАВАҶҶӮҲ!

Ба диққати касоне, ки аз бемориҳои гурда ва роҳҳои пешоб азият мекашанд  мерасонем, ки ба наздикӣ эндоурологи варзидаи эронӣ доктор Сайид Ҳабибуллоҳи Мусавибаҳор ба Бемористони Ибни Сино ташриф меорад. Ин фурсати муносибро аз даст надиҳед ва аз машварат ва табобати доктори варзида истифода баред.  Шумо метавонед худ ва наздиконатонро пешаки номнавис кунед ва дар вақти бароятон муносиб аз

хизматрасонии табиби ҳозиқ истифода баред. Мутахассиси варзида амри амалҳои эндоҷарроҳӣ таҷрибаи ғани дошта, табобати ҳамаи бемориҳои гурда ва роҳҳои пешобро, бо истифода  аз шеваҳои ҷадидтарин анҷом медиҳад. Истифода аз хизматрасониҳои ташкилоти суғуртавии "Суғуртаи миллӣ", ки дар назди бемористон фаъолият дорад, хароҷоти шуморо бамаротиб кам мекунад. Худ ва наздиконатонро суғурта намоед ва аз хизматрасониҳои тиббии муосир бо нархи арзон истифода баред.

Барои дастрас намудани маълумоти бештар метавонед бо суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ 34 ё бо телефонҳои (44) 640 - 01 - 02,  (44) 640 - 01 – 03 муроҷиат кунед.

ФОТО