БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • БЕМОРИҲОИ ДАСГОҲИ ГУВОРИШ

    Дастгоҳи гувориш (системи ҳозима) узвҳои барои инсон муҳимро дар бар мегирад. Дар нигоҳи аввал чунин менамояд, ки халал дар кори меъда танҳо ба рӯда таъсиргузор хоҳад буд. Аммо дар асл равандҳои дар ин дастгоҳ ҷараёндошта, бисёр печидаву мураккабанд ва барои дарки ин ҳақиқат кофист ҳар як узви дастгоҳи гуворишро дар алоҳидагӣ баррасӣ кунем.

     
  • БЕМОРИИ ГИПЕРТОНӢ: ОМИЛҲОИ АСОСӢ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ

    Мутахассиси бахши кардиологии

    Бемористони Ибни Сино,             

    доктор Мунира Нуъмонова.

     

    Дар илми тибб, болоравии фишори дохили шарёнӣ (артериалиро) бемории гипертонӣ меноманд. Ин беморӣ  дар зиёда аз 30% аҳолии Замин ба назар мерасад.

     
  • САРЧАРХЗАНӢ ВА САБАБҲОИ ОН!

    Асабшиноси Бемористони Ибни Сино, 

    доктор Саидалиев Шерали.

      

    Ҳар инсон, ақалан боре дар ҳаёти худ гирифтори сарчархзанӣ гардидааст. Сарчархзанӣ метавонад бо зуҳуроти гуногун буруз кунад. Одатан сарчархзанӣ, дар натиҷаи халадор гаштани интиқоли импулсҳои асабӣ, аз дуртарин қисматҳои дастгоҳи вестибюларӣ ба мағзи сар иттифоқ меуфтад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Профессор Мансурӣ боз ба Бемористони Ибни Сино ташриф меорад!

Ба диққати ҳамаи шаҳрвандон мерасонем, ки 21-уми январи соли 2016  яке аз пизишкони варзидаи эронӣ, гастроэнтрологи маъруф, профессор Сиёвуш Мансурӣ, боз ба Бемористони Ибни Сино ташриф меоранд.

 

 Ин фурсати муносибест барои  нафароне, ки аз бемориҳои гастроэнтерологӣ (бемориҳои узвҳои ҳозима,  хусусан бемориҳои меъда, сурхрӯда, ҷигар, талхадон, ғадуди зери меъда ва рӯдаҳои бузург) азият мекашанд. 

Фурсати муносибро аз даст надиҳед ва аз ташрифӣ ин мутахассиси варзида истифода баред. 

Барои дастрас намудани маълумоти бештар шумо метавонед бо суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ 34 ё бо телефонҳои (44) 640 01 02,  (44) 640 01 03 муроҷиат кунед.

 

 

ФОТО