БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Дискогел (DiscoGel)

Табобати муосир ва инқилобии чурраи сутунмӯҳра

Акнун бештари маризон, ки аз чурраи мӯҳраҳои байни сутунмӯҳра азият мекашанд, имкон пайдо карданд, бо истифода аз доруи муъҷизаофари нав бо номи Дискогел, ки самараи   таҳқиқотҳои чандинсолаи олимони фаронсавӣ мебошад, бидуни ҷарроҳӣ ба зиндагии маъмулии худ баргарданд. Дар ҳоли ҳозир ин дору, қариб дар 60 кишвари дунё мавриди истифода қарор гирифтааст. Дискогел тариқи сӯзандору бо анестезияи маҳаллӣ дар муддати 20-30 дақиқа ба мӯҳраи сутунмӯҳра тазриқ мегардад ва ба ҷо ба ҷо шавии мӯҳраи баромада мунҷар мегардад ва мӯҳра ба ҷои аввалияи худ бармегардад.

Дар ҳақиқат имрӯз ин усули табобати чурраи сутунмӯҳра, ягона усули табобати ин беморӣ мебошад, ки ҳангоми он бофтаҳои зарардида ва вайрншудаи сутунмӯҳра, бидуни ҷарроҳӣ ва гирифта партофтан барқарор мегарданд. Ва бар хилофи усулҳои дигари табобати чурраи сутунмӯҳра, ҳангоми истифодаи Дискогел баландии мӯҳраҳо тағйир намеёбад. Бо ин усул то кунун ҳазорон мариз мавриди табобат қарор гирифтанд ва хушбахтона дар ҳеҷ кадом аз онҳо аворизи манфӣ ва дигар нуқсонҳо дида нашудаанд. Вобаста ба шароити гуногун ва шиддатнокии беморӣ, эҳтимоли беҳбудӣ ҳангоми табобат бо Дискогел  аз 75 то 92% ро ташкил медиҳад.                                                                                                    

Яке аз бартариҳои ин усул имкони ду бораи тазриқ, набудани аворизи манфӣ ва часпидани он, имкони истифодаи он барои мизоҷони гирифтор ба бемориҳои рагу дил, бемориҳои шуш ва ҳамаи онҳое, ки бо сабаҳои гуногун наметавонанд ё намехоҳанд амали ҷарроҳӣ кунанд. Хусусиёти муҳим ва аҷоиби дигари Дискогел ин аст, ки он оҳиста ва танҳо дар зарфи чанд дақиқа тавассути сӯзани бисёр борик ва дастгоҳҳои радиологӣ ба маркази мӯҳра тазриқ мегардад ва дар шакли моеъи тазриқӣ дар зарфи муддати кӯтоҳ ба протези чандири ба саққочаи пахтагин монанд мубаддал мегардад. Дар бештари маврид тазриқи Дискогел дар шароити амбулаторӣ амалӣ мегардад ва сабаби ягонаи бистарикуниии кӯтоҳмуддат - ин назорат ва маниторинги бемор ба шумор меравад. Тибқи мақолае, ки соли 2007 дар маҷаллаи оиди халалҳо дар сутунмӯҳра (Journal of Spinal Disorders and Techniques), рӯи чоп омада буд, эҳтимоли беҳбудӣ ҳангоми табобати мӯҳраҳои сутунмӯҳра бо Дискогел дар мӯҳраҳои бе иллат 91,4% ро ташкил дода буд ва дар ҳар маризи дуввум, ки дорои иллатҳои тезу тунди маҷрои сутунмӯҳра буданд, эҳтимоли беҳбудӣ ҳангоми тазриқ Дискогел дар вобастагӣ бо дигар усулҳои табобат ин рақам 82-84% ро ташкил намуд.                                                                                                                                       

Бемористони Ибни Сино ба самъи тамоми ҳамватанони азиз мерасонад, ки акнун ин усули навтарин ва самараноктарини табобати чурраи сутунмӯҳра дар кишвари мо низ дастрас аст. Нархи истифода аз Дискогел бошад дар мо аз дигар кишварҳо ба маротиб поинтар мебошад.

ФОТО