БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ТАБОБАТИ САРАТОНИ ПРОСТОТ ДАР МАРОҲИЛИ ГУНОГУН ВА УСУЛҲОИ САМАРАНОКИ ТАБОБАТ.

    Саратоншиноси Бемористони  Ибни Сино,

    доктор Зарипов Асадулло  Гадоевич.  

     

    Саратони ғадуди прстата мушкилест, ки ба он ҳар як мард метавонад дучор шавад. Дар ҳоли ҳозир усули боэътимоди пешгирии ин беморӣ вуҷуд надорад ва фаҳмидани хатари дучоршудан ба онро ҳам касе наметавонад пешгӯи кунад.

     
  • ПОЙҲО АЗ ЧИ БЕМОРИЕ МЕТАВОНАНД ХАБАР ДИҲАНД?

    Вуҷуди ҳар гуна тағйири зоҳирӣ дар ноҳияи пойҳо, метавонад аз бемории хосе дар бадан хабар диҳад. Тағйир дар зоҳир ё ранги пӯсти пой, метавонад нишонаи вазъи саломатии баданро баён кунад ва мо чанд аълоимӣ муҳимро, ки нишон медиҳанд, бадани инсон дар чи вазъе қарор дорад инҷо меорем.

     
  • ЧИ ГУНА ОЗМОИШИ ХУНРО МЕШАВАД ХОНД?

    Мудири бахши  озмоишгоҳи

    Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино,

    Хуросон Набиева.

     

    Хондан ва фаҳми озмоиши хун барои афроде, ки маълумоти тиббӣ надоранд мушкил эҷод мекунад. Чаро, ки ин озмоиш барои табибон тартиб дода мешавад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ТАШРИФИ НАВБАТИИ ЭНДОУРОЛОГ

Ба таваҷҷӯҳи касоне, ки аз бемориҳои гурда ва роҳҳои пешоб азият мекашанд:

Бемористони Ибни Сино дар рӯзҳои таҷлили иди Наврӯз тӯҳфаи навбатии худро барои ҳамватанони азиз арза медорад. Ба наздикӣ дар Бемористони Ибн Сино эндоурологи варзидаи эронӣ, доктор Сайид Ҳабибуллоҳи Мусавибаҳор ба машварат ва табобати беморон оғоз мекунад. Доктор Мусавибаҳор раиси анҷумани эндоурологони ҶИЭ мебошад ва раёсати Донишгоҳи улуми пизишкии Ҳамадонро низ ба ӯҳда дорад.

 Доктор Мусавибаҳор ҳамкори ҳамешагии Бемористони Ибни Синост ва ин бор то 29 март  ба қабул ва ҷарроҳии беморон идома медиҳад. Доктор Мусавибаҳор  мутахассиси варзидаи соҳаи эндоурологӣ ба шумор меравад ва дар анҷоми амалҳои эндоҷарроҳӣ таҷрибаи ғанӣ дошта, табобати ҳамаи бемориҳои гурда ва роҳҳои пешобро бо истифода аз шеваҳои ҷадидтарин анҷом медиҳад. Шумо метавонед худ ва наздиконатонро барои машварат пешакӣ номнавис кунед ва дар вақти бароятон муносиб аз хизматрасонии табиби ҳозиқ истифода баред. 

Барои дастрас намудани маълумоти бештар метавонед бо суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ 34 ё бо телефонҳои (44) 640 - 01 - 02,  (44) 640 - 01 – 03 муроҷиат кунед.

ФОТО