БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ТАБОБАТИ САРАТОНИ ПРОСТОТ ДАР МАРОҲИЛИ ГУНОГУН ВА УСУЛҲОИ САМАРАНОКИ ТАБОБАТ.

    Саратоншиноси Бемористони  Ибни Сино,

    доктор Зарипов Асадулло  Гадоевич.  

     

    Саратони ғадуди прстата мушкилест, ки ба он ҳар як мард метавонад дучор шавад. Дар ҳоли ҳозир усули боэътимоди пешгирии ин беморӣ вуҷуд надорад ва фаҳмидани хатари дучоршудан ба онро ҳам касе наметавонад пешгӯи кунад.

     
  • ПОЙҲО АЗ ЧИ БЕМОРИЕ МЕТАВОНАНД ХАБАР ДИҲАНД?

    Вуҷуди ҳар гуна тағйири зоҳирӣ дар ноҳияи пойҳо, метавонад аз бемории хосе дар бадан хабар диҳад. Тағйир дар зоҳир ё ранги пӯсти пой, метавонад нишонаи вазъи саломатии баданро баён кунад ва мо чанд аълоимӣ муҳимро, ки нишон медиҳанд, бадани инсон дар чи вазъе қарор дорад инҷо меорем.

     
  • ЧИ ГУНА ОЗМОИШИ ХУНРО МЕШАВАД ХОНД?

    Мудири бахши  озмоишгоҳи

    Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино,

    Хуросон Набиева.

     

    Хондан ва фаҳми озмоиши хун барои афроде, ки маълумоти тиббӣ надоранд мушкил эҷод мекунад. Чаро, ки ин озмоиш барои табибон тартиб дода мешавад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ТАШРИФИ МУТАХАССИС

Ба самъи азизон, ки аз бемориҳои гуногуни дил азият мекашанд мерасонем, ки аз 1 апрели соли 2016 дар Бемористони Ибни Сино  кардиоҷарроҳи варзида, доктор Шамсиев Ғуфрон Абдумавлонович  ба қабул ва табобати беморон оғоз мекунад. Доктори илмҳои тибб  Шамсиев  Ғуфрон зодаи Тоҷикистон буда, аъзои ҷамъияти ҷарроҳони дилу раги ФР  мебошад  ва ҳоло ба ҳайси ҷарроҳ дар Маркази Илмии ҷарроҳии рагу-дили ба номи Бакулеви шаҳри Маскав фаъолият мекунад. Маркази мазкур дар Федератсияи Руссия яке аз асоситарин муассисаҳои ҷарроҳии рагу  дил ба шумор рафта, дар он беҳтарин мутахассисони соҳа фаъолият мекунанд.

 Доктор Шамсиев Ғуфрон яке аз ҷарроҳони чирадасти ин Марказ буда, дар самти табобат ва ҷарроҳии бемориҳои гуногуни дил аз ҷумла: паталогияи даричаҳои дил дар вобастагӣ бо бемории ишемикии дил (ИБС), эндокардити сироятӣ, омосҳои дил ва бемориҳои дигар таҷрибаи ғанӣ дорад. Ташрифи ин ҷарроҳи варзида ба бемористон  барои тамоми касоне, ки аз бемориҳои  системаи дилу  раг азият мекашанд фурсати хубест. Қабули мутахассис 3 рӯз, то 4 апрел идома меёбад  ва азизон бо тамоси пешакӣ метавонанд дар вақти барояшон муносиб  ба  беморстон ташриф биёранд. Ин фурсати муносибро аз даст надиҳед ва аз машварат ва табобати мутахассиси варзида истифода баред.  

Барои дастрас намудани маълумоти бештар шумо метавонед бо суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ 34 ё бо телефонҳои (44) 640 - 01 - 02,  (44) 640 - 01 – 03 муроҷиат кунед.

ФОТО