БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • МАВОДИ ТАБИИ БАРОИ ПОКСОЗИИ ҶИГАР

    Ҷигар баданро аз ҳама чиз, аз заҳрҳои шимиёи гирифта то вирусҳо ва боктериҳо, ки талош мекунанд ба бадани шумо ворид шаванд, муҳофизат мекунад. Тақрибан тамоми чиҳзое, ки вориди бадани инсон мегарданд, ҳам маводи ғизоии муфид ва ҳам анвоъи заҳрҳо бояд аз ҷигар убур кунанд. Ҷигар дар ҳақиқат дарвозабони ниҳоии бадан аст.

     
  • ПЕШГИРИИ ЗУКОМИ МАВСИМӢ ВА ДИГАР БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ДАР ФАСЛИ ЗИМИСТОН

    Пизишки умумии бемористон,

    Ҳамроалиева Ноҳида

     

    Дар фасли зимистон, маъмулан, бемориҳои сироятии роҳҳои нафас афзоиш пайдо мекунанд. Дар бештари маворид, зуком тавассути вирусҳо сироят меёбад, вале сирояти бактериявӣ низ зиёд мушоҳида мегардад ва сабаби асосии сирояти бактериявӣ,аворизи бемориҳои вирусӣ ба шумор мераванд.

     
  • ЧӢ ГУНА ВА ЧӢ МИҚДОР БАДАНРО БОЯД ШУСТ?

    Мудири бахши физиотеропии

    Бемористони Ибни Сино,                                                                 

    доктор Каримов Муҳибулло Маҳмадалиевич.

     

    Дар гузаштаи на он қадар дур, ҳатто шоҳони аврупоӣ низ танҳо чанд маротиба дар як моҳ худро мешустанд.  Албатта имрӯз меъёрҳои гигиенӣ тағйир ёфтаанд. Зеро қариб барои ҳамаи афрод  души ҳар рӯза ба меъёр табдил ёфтааст. Ҳоло мо ин масъаларо ба таври муфассал баррасӣ хоҳем кард.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ХУСУСИЁТИ ШИФОБАХШИ ЧОРМАҒЗ

Чормағз бо хусусиятҳои шигифтангезе, ки дорад, метавонад сипаре дар баробари бисёре аз бемориҳо, монанди диабет, қанди хун ва мушкилоти қалбӣ бошад. Ба гузориши "Саломат нюз", нон, паниру чормағз ноштои содда аст, аммо нерӯе, ки ин ҳама дорад, метавонад гузинаи муносибе барои шурӯи як рӯз бошад. Он чӣ ин таркиби соддаро лазиз ва дар айни ҳол муфид мегардонад, чормағз аст.

 

Назоратчии вазн

 

Чормағз миқдори қобили таваҷҷӯҳи фибрро дар даруни худ ҷой додааст ва ҳамон мӯҷиб мешавад, пас аз масрафаш барои муддати тӯлонӣ эҳсоси серӣ дошта бошед.

 Агарчи ғизонокӣ яке дигар аз таркиботи даруни чормағз аст, вале масрафи рӯзонаи он роҳи муносиб барои мудирияти вазн аст.

 

 Кӯмак ба хоби беҳтар

 

Ҳеҷ шакке вуҷуд надорад, ки маводи ғизоӣ нақши муҳиме дар кайфияти хоби мо ифо мекунанд. Триптофан яке аз таркиботи даруни чормағз аст, ки доштани хоби ором, бокайфият ва афзоиши мизони серотонинро дар бадан кӯмак мекунад. Илова бар ин чормағз як манбаи табиӣ барои таъмини мелатонин аст, ки масъулияти танзими хобро дар бадан ба ӯҳда дорад.

 

 Пешгирикунандаи резиши мӯй

 

Яке аз роиҷтарин мушкилоти имрӯз барои занону мардон резиш мӯй аст; мушкиле, ки то ҳадди зиёде бо риояти як режими ғизоии муносиб метавон аз он ҷилавгирӣ кард. Чормағз низ ба далели вуҷуди витамини B7 яке аз хӯрокҳое аст, ки ба тақвияту рушди бештару беҳтари мӯй кӯмак мекунад.

 

Камранг сохтани нишонаҳои пирӣ

 

Агар нигарони пир шудани пӯст ва пайдоиши ожанг дар даври чашм ҳастед, ҳаррӯза масраф кардани чормағзро фаромӯш накунед, ки ба далели вуҷуди антиоксидон монеи бурузи осебҳои пӯст мешавад. Ҳамчунин омегаҳои мавҷуд дар он мӯҷиби ҳифзи латофати пӯст мешавад.

 

Оробахш ва коҳишдиҳандаи стресс

 

Аз он ҷо ки гирду манбаи саршор аз фибр, антиоксидон ва тезоби чарби ҷамънашуда аст, кӯмаки шоёне ба коҳиши стресс мекунад. Бинобар таҳқиқотҳо, таъсири чормағз дар коҳиши фишори хун, нақши муҳиме дар аз байни рафтани стресс ва изтироб ифо мекунад.

ФОТО