БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ТАБОБАТИ САРАТОНИ ПРОСТОТ ДАР МАРОҲИЛИ ГУНОГУН ВА УСУЛҲОИ САМАРАНОКИ ТАБОБАТ.

    Саратоншиноси Бемористони  Ибни Сино,

    доктор Зарипов Асадулло  Гадоевич.  

     

    Саратони ғадуди прстата мушкилест, ки ба он ҳар як мард метавонад дучор шавад. Дар ҳоли ҳозир усули боэътимоди пешгирии ин беморӣ вуҷуд надорад ва фаҳмидани хатари дучоршудан ба онро ҳам касе наметавонад пешгӯи кунад.

     
  • ПОЙҲО АЗ ЧИ БЕМОРИЕ МЕТАВОНАНД ХАБАР ДИҲАНД?

    Вуҷуди ҳар гуна тағйири зоҳирӣ дар ноҳияи пойҳо, метавонад аз бемории хосе дар бадан хабар диҳад. Тағйир дар зоҳир ё ранги пӯсти пой, метавонад нишонаи вазъи саломатии баданро баён кунад ва мо чанд аълоимӣ муҳимро, ки нишон медиҳанд, бадани инсон дар чи вазъе қарор дорад инҷо меорем.

     
  • ЧИ ГУНА ОЗМОИШИ ХУНРО МЕШАВАД ХОНД?

    Мудири бахши  озмоишгоҳи

    Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино,

    Хуросон Набиева.

     

    Хондан ва фаҳми озмоиши хун барои афроде, ки маълумоти тиббӣ надоранд мушкил эҷод мекунад. Чаро, ки ин озмоиш барои табибон тартиб дода мешавад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ГЕМОДИАЛИЗ ДАР БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО

Мушкили тоза кардани хун диққати илми тибро ҳанӯз аз давраҳои қадим ба худ ҷалб карда буд. Аммо қадами устувор дар ин самт дар авали қарни ХIХ ум гузошта шуд. Маҳз дар ин давра бо рушди биохимия равандҳои зиёд дар организми одамӣ ба табибон ошкор гардиданд ва онҳо тавонистанд усули нави тоза кардани хунро кор карда бароянд. Ин усул гемодиализ номгузорӣ гардид. Гемодиализ - тоза кардан ва полоиши хун бо ёрии дастгоҳи махсуси гурдаи сунъӣ ба шумор меравад. Ин дастгоҳ имкон медиҳад, аз хун моддаҳои молекулавии паст ва миёнаро ҷудо кунанд.

Ба ибораи дигар ба василаи гемодиализ хун аз моддаҳои заҳрдори дар он махлут гардида, тоза мешавад ва таркиби сафедагии плазма бошад бе тағйир боқӣ мемонад. Дар 40 соли охир ин усули тоза кардани хун, чун яке аз асоситарин усулҳои нигаҳдории ҳаёти ашхосе, ки ба бемории норасоии кори гурдаҳо мубтало мебошанд, шинохта шудааст.  Гемодиализ ҳангоми зарурати тоза кардани хун ҳангоми бемориҳои зерин, мавриди истифода қарор мегирад:

 

    • норасоии шадиди кори гурда;
    • норасоии музмини кори гурда;
    • заҳролудшавӣ бо мавод ва доруҳои гуногун;
    • ҳангоми халали вазнин дар таркиби электролитии хун;
    • заҳролудшави бо спирт;
    • ҳангоми гипергидрататсияи ба ҳаёти мариз хатарнок, ки ба василаи табобати консервативӣ дармон намеёбад (монанди омози шуш, омоси мағзи сар ва ғ).

Дар асл дастгоҳи гемодиализ барои мариз ҷойгузини гурдаи аз кор монда ба шумор меравад ва хунро аз боқимондаҳои азот тоза мекунад. Ба василаи ин дастгоҳ хун ба пуррагӣ аз омехтаҳои заҳролуд тоза мегардад. Ҳангоми тозакунӣ аз  диализат ва маҳлули шӯр (физраствор) истифода мекунанд. Дар Бемористони Ибни Сино шӯъбаи гемодиализ бо муваффақият фаъолият мекунад. То ифтитоҳи шӯъбаи мазкур дар пойтахти кишвар, танҳо як маркази гемодиализ мавҷуд буд ва  шӯъбаи гемодиализи Бемористони Ибни Сино дуввумин маркази гемодиализ дар Душанбе гардид. Ифтитоҳи бахши мазкур дар бемористон ба ниёзмандони зиёд имкон фароҳам намуд, ки дар пойтахт аз ин муолиҷа гузаранд. Шӯъбаи гемодиализи бемористон бо таҷҳизоти замонавии олмонӣ ва эронӣ муҷаҳҳаз гардидааст, ки имкон медиҳад ба ҳамаи беморон, бо норасоии кори гурдаҳо ёрии самаранок расонида шавад. Дар шӯъбаи гемодиализи бемористон мутахассисони варзидаи ватанӣ ва хориҷӣ фаъолият мекунанд, ки ин низ дар гузаронидани муолиҷаи мазкур нақши бисёр муҳим дорад. Бояд қайд намуд, ки беморони гирифтор ба норасоии кори гурдаҳо ё маризоне, ки баъди ҷарроҳӣ якбора гурдаҳояшон аз кор мемонанд ва одамони сахт заҳролудгардида, ба гемодиализи таъҷилӣ ниёз доранд. Дар раванди гузаронидани гемодиализ дар шӯъбаи мазкури бемористон  танҳо аз васоили якмасраф истифода мебаранд, ки имкони сирояти беморонро комилан аз байн мебарад. Шӯъбаи гемодиализи Бемористони Ибни Сино ҳамеша омода аст ба ҳамаи ниёзмандон ёрии тахассусӣ расонад.

ФОТО