БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ТАБОБАТИ САРАТОНИ ПРОСТОТ ДАР МАРОҲИЛИ ГУНОГУН ВА УСУЛҲОИ САМАРАНОКИ ТАБОБАТ.

    Саратоншиноси Бемористони  Ибни Сино,

    доктор Зарипов Асадулло  Гадоевич.  

     

    Саратони ғадуди прстата мушкилест, ки ба он ҳар як мард метавонад дучор шавад. Дар ҳоли ҳозир усули боэътимоди пешгирии ин беморӣ вуҷуд надорад ва фаҳмидани хатари дучоршудан ба онро ҳам касе наметавонад пешгӯи кунад.

     
  • ПОЙҲО АЗ ЧИ БЕМОРИЕ МЕТАВОНАНД ХАБАР ДИҲАНД?

    Вуҷуди ҳар гуна тағйири зоҳирӣ дар ноҳияи пойҳо, метавонад аз бемории хосе дар бадан хабар диҳад. Тағйир дар зоҳир ё ранги пӯсти пой, метавонад нишонаи вазъи саломатии баданро баён кунад ва мо чанд аълоимӣ муҳимро, ки нишон медиҳанд, бадани инсон дар чи вазъе қарор дорад инҷо меорем.

     
  • ЧИ ГУНА ОЗМОИШИ ХУНРО МЕШАВАД ХОНД?

    Мудири бахши  озмоишгоҳи

    Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино,

    Хуросон Набиева.

     

    Хондан ва фаҳми озмоиши хун барои афроде, ки маълумоти тиббӣ надоранд мушкил эҷод мекунад. Чаро, ки ин озмоиш барои табибон тартиб дода мешавад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ТАШРИФИ НЕЙРОҶАРРОҲИ ВАРЗИДАИ ЭРОНӢ БА БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО

Ба самъи азизон мерасонем, ки  16 июни соли 2016 нейроҷарроҳи варзидаи эронӣ, профессор  Маҷиди Зуҳробӣ дар Бемористони Ибни Сино  ба ташхис ва табобати беморон мепардозад. Профессор Маҷиди Зуҳробӣ дар табобат ва ҷарроҳии бемориҳои  сутӯнмуҳра  ва асаб таҷрибаи ғанӣ дошта, тамоми ин бемориҳоро бо шеваҳои ҷадидтарин табобат мекунад. Профессор Зуҳробӣ дар табобати чурраи сутунмӯҳра бо дорӯи Дискогел низ дасти тавоно дорад  ва аз ҳамаи нозукиҳои ин табобат ба хубӣ огоҳ аст.

Ниёзмандон метавонанд худро номнавис карда, аз ҳузури мутахассиси варзида баҳравар гарданд.

Барои дастрас намудани маълумоти бештар бо суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ 34 ё бо телефонҳои (44) 640 - 01 - 02,  (44) 640 - 01 – 03 муроҷиат кунед. Инчунин хоҳишмандони табобат бо Дискогел метавонанд бо телефони  93 555 79 00 бе восита бо коршиноси Дискогел, доктор Тудекешт низ тамос гиранд.

ФОТО