БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ТАБОБАТИ САРАТОНИ ПРОСТОТ ДАР МАРОҲИЛИ ГУНОГУН ВА УСУЛҲОИ САМАРАНОКИ ТАБОБАТ.

    Саратоншиноси Бемористони  Ибни Сино,

    доктор Зарипов Асадулло  Гадоевич.  

     

    Саратони ғадуди прстата мушкилест, ки ба он ҳар як мард метавонад дучор шавад. Дар ҳоли ҳозир усули боэътимоди пешгирии ин беморӣ вуҷуд надорад ва фаҳмидани хатари дучоршудан ба онро ҳам касе наметавонад пешгӯи кунад.

     
  • ПОЙҲО АЗ ЧИ БЕМОРИЕ МЕТАВОНАНД ХАБАР ДИҲАНД?

    Вуҷуди ҳар гуна тағйири зоҳирӣ дар ноҳияи пойҳо, метавонад аз бемории хосе дар бадан хабар диҳад. Тағйир дар зоҳир ё ранги пӯсти пой, метавонад нишонаи вазъи саломатии баданро баён кунад ва мо чанд аълоимӣ муҳимро, ки нишон медиҳанд, бадани инсон дар чи вазъе қарор дорад инҷо меорем.

     
  • ЧИ ГУНА ОЗМОИШИ ХУНРО МЕШАВАД ХОНД?

    Мудири бахши  озмоишгоҳи

    Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино,

    Хуросон Набиева.

     

    Хондан ва фаҳми озмоиши хун барои афроде, ки маълумоти тиббӣ надоранд мушкил эҷод мекунад. Чаро, ки ин озмоиш барои табибон тартиб дода мешавад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ТАШРИФИ ГАСТРОЭНТЕРОЛОГИ ВАРЗИДАИ ЭРОНӢ БА БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО

Ба таваҷҷӯҳи нафароне, ки аз бемориҳои узвҳои ҳозима, аз ҷумла бемориҳои меъдаву сурхрӯда, ҷигар, талхадон, ғадуди зери меъда, рӯдаҳои бузург ва гепатит азият мекашанд мерасонем, ки 14.07. 2016 табиби варзидаи эронӣ, гастроэнтерологи дараҷаи олӣ, профессор Сиёвуши Мансурӣ ба Бемористони Ибни Сино ташриф меорад. Профессор Мансурӣ бо истифода аз таҷҳизоти замонавии Бемористони Ибни Сино, ба машварат ва табобати беморон оғоз мекунад.

Бемористони Ибни Сино дорои дастгоҳҳои муосири гастроэнтрологӣ, колоноскопӣ ва эндоскопи буда, дар сурати зарурат мундариҷаи ташхисро ба таври электронӣ (диск ё флешкорт) ва ё қоғазӣ (ба сурати чопӣ) пешкаши мизоҷон мегардонад. Фурсати муносибро аз даст надиҳед ва худ ва наздиконатонро барои муоинаву машварат пешакӣ намнавис кунед. Ин ба шумо имкон медиҳад, ки бе навбатпоӣ ва бе талафи вақти пурқиммат озмоиш ва ташхисоти заруриро анҷом дода, бо омодагии комил ба машварати доктор ҳозир шавед! 

ФОТО