БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • МАВОДИ ТАБИИ БАРОИ ПОКСОЗИИ ҶИГАР

    Ҷигар баданро аз ҳама чиз, аз заҳрҳои шимиёи гирифта то вирусҳо ва боктериҳо, ки талош мекунанд ба бадани шумо ворид шаванд, муҳофизат мекунад. Тақрибан тамоми чиҳзое, ки вориди бадани инсон мегарданд, ҳам маводи ғизоии муфид ва ҳам анвоъи заҳрҳо бояд аз ҷигар убур кунанд. Ҷигар дар ҳақиқат дарвозабони ниҳоии бадан аст.

     
  • ПЕШГИРИИ ЗУКОМИ МАВСИМӢ ВА ДИГАР БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ДАР ФАСЛИ ЗИМИСТОН

    Пизишки умумии бемористон,

    Ҳамроалиева Ноҳида

     

    Дар фасли зимистон, маъмулан, бемориҳои сироятии роҳҳои нафас афзоиш пайдо мекунанд. Дар бештари маворид, зуком тавассути вирусҳо сироят меёбад, вале сирояти бактериявӣ низ зиёд мушоҳида мегардад ва сабаби асосии сирояти бактериявӣ,аворизи бемориҳои вирусӣ ба шумор мераванд.

     
  • ЧӢ ГУНА ВА ЧӢ МИҚДОР БАДАНРО БОЯД ШУСТ?

    Мудири бахши физиотеропии

    Бемористони Ибни Сино,                                                                 

    доктор Каримов Муҳибулло Маҳмадалиевич.

     

    Дар гузаштаи на он қадар дур, ҳатто шоҳони аврупоӣ низ танҳо чанд маротиба дар як моҳ худро мешустанд.  Албатта имрӯз меъёрҳои гигиенӣ тағйир ёфтаанд. Зеро қариб барои ҳамаи афрод  души ҳар рӯза ба меъёр табдил ёфтааст. Ҳоло мо ин масъаларо ба таври муфассал баррасӣ хоҳем кард.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ДОКТОР МУСАВИБАҲОР БОЗ БА ҚАБУЛИ БЕМОРОН ОҒОЗ МЕКУНАД

Ба таваҷҷӯҳи касоне, ки аз бемориҳои гурда ва роҳҳои пешоб азият мекашанд мерасонем, ки дар таърихи 28 апрели соли 2016 эндоурологи  варзидаи эронӣ, доктор Сайид Ҳабибуллоҳи Мусавибаҳор дар Бемористони Ибн Сино ба машварат ва табобати беморон оғоз мекунад. Доктор Мусавибаҳор раиси анҷумани эндоурологони ҶИЭ мебошад ва раёсати Донишгоҳи улуми пизишкии Ҳамадонро низ ба ӯҳда дорад. Доктор Мусавибаҳор  мутахассиси варзидаи соҳаи эндоурологӣ ба шумор меравад ва дар анҷоми амалҳои эндоҷарроҳӣ таҷрибаи ғанӣ дошта,

табобати ҳамаи бемориҳои гурда ва роҳҳои пешобро бо истифода аз шеваҳои ҷадидтарин анҷом медиҳад. Шумо метавонед худ ва наздиконатонро барои машварат пешакӣ номнавис кунед ва дар вақти бароятон муносиб аз хизматрасонии табиби ҳозиқ истифода баред. Барои дастрас намудани маълумоти бештар метавонед бо суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ 34 ё бо телефонҳои (44) 640 - 01 - 02,  (44) 640 - 01 – 03 муроҷиат кунед.

ФОТО