БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

АСАБИ СОЛИМ - КАФОЛАТИ ТАНИ СОЛИМ

Ба таваҷҷӯҳи афроде, ки аз бемориҳои гуногуни системаи асаб  монандӣ: афсурдагӣ, синдроми маниякалӣ, мутизм, неврозҳо,  ҳолатҳои  ҳарос, васваса, неврози пас аз зарбаи асаб, ихтилолоти шахсиятӣ, ихтилолоти иртиботи ҷинсӣ - заношӯӣ, норасоии ҷинсӣ, бемориҳои равонии кӯдакон, пуртаҳаррукӣ,  ихтилолоти таҳсили кӯдакон, эпилепсия, мултисклероз, паркинсон, ихтилолоти хоб - бехобӣ, исултҳо, ишемияи мағзӣ, дардҳои асабӣ, невропатия, полиневрит,  майзадагӣ, вобастагӣ аз сигор, нос, вобастагӣ ба маводи нашъаовар азият мекашанд мерасонем,

ки аз таърихи 23 июни соли 2016 равонпизишки варзидаи эронӣ, доктор Ҳумоюни Пуркароматӣ дар Бемористони Ибни Сино ба қабул ва табобати мизоҷон шурӯ мекунанд. Доктор Пуркароматӣ равонпизишки пуртаҷрибаест ва тамоми бемориҳои зикршударо, бо истифода аз шеваҳои ҷадидтарин табобат мекунад. Ин фурсати муносибро аз даст надиҳед ва аз хизматрасонии табиби ҳозиқ истифода баред. Ашхоси ниёзманд метавонанд худ ва наздиконашонро номнавис карда. дар вақти барояшон муносиб ба қабули равонпизишк ҳозир шаванд. 

Барои дастрас намудани маълумоти бештар шумо метавонед бо суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ 34 ё бо телефонҳои (44) 640 - 01 - 02,  (44) 640 - 01 – 03 муроҷиат кунед.

ФОТО