БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • МАВОДИ ТАБИИ БАРОИ ПОКСОЗИИ ҶИГАР

    Ҷигар баданро аз ҳама чиз, аз заҳрҳои шимиёи гирифта то вирусҳо ва боктериҳо, ки талош мекунанд ба бадани шумо ворид шаванд, муҳофизат мекунад. Тақрибан тамоми чиҳзое, ки вориди бадани инсон мегарданд, ҳам маводи ғизоии муфид ва ҳам анвоъи заҳрҳо бояд аз ҷигар убур кунанд. Ҷигар дар ҳақиқат дарвозабони ниҳоии бадан аст.

     
  • ПЕШГИРИИ ЗУКОМИ МАВСИМӢ ВА ДИГАР БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ДАР ФАСЛИ ЗИМИСТОН

    Пизишки умумии бемористон,

    Ҳамроалиева Ноҳида

     

    Дар фасли зимистон, маъмулан, бемориҳои сироятии роҳҳои нафас афзоиш пайдо мекунанд. Дар бештари маворид, зуком тавассути вирусҳо сироят меёбад, вале сирояти бактериявӣ низ зиёд мушоҳида мегардад ва сабаби асосии сирояти бактериявӣ,аворизи бемориҳои вирусӣ ба шумор мераванд.

     
  • ЧӢ ГУНА ВА ЧӢ МИҚДОР БАДАНРО БОЯД ШУСТ?

    Мудири бахши физиотеропии

    Бемористони Ибни Сино,                                                                 

    доктор Каримов Муҳибулло Маҳмадалиевич.

     

    Дар гузаштаи на он қадар дур, ҳатто шоҳони аврупоӣ низ танҳо чанд маротиба дар як моҳ худро мешустанд.  Албатта имрӯз меъёрҳои гигиенӣ тағйир ёфтаанд. Зеро қариб барои ҳамаи афрод  души ҳар рӯза ба меъёр табдил ёфтааст. Ҳоло мо ин масъаларо ба таври муфассал баррасӣ хоҳем кард.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ҶАРРОҲИИ РЕКОНСТРУКТИВӢ (ТАЪМИРӢ) ДАР БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО

Бемористони Ибни Сино ҷарроҳи варзидаи плостикиро аз Ҷумҳурии Исломии Эрон даъват намудааст. Ҷарроҳи варзида аз 2 июн ба қабули мизоҷон оғоз мекунад. Ин ҷарроҳи чирадаст амалҳои зебосозии рӯй, чашм, абрӯ, пилки чашмон, бартараф кардани ожангҳои пӯст ва чарбии пилки чашмон, тарангкунии пӯсти рӯй, тағйир додани шакл ва андозаҳои бинӣ, рафъи баландии пуштаки бинӣ, бартараф кардани деформатсия ва каҷии бинӣ, пластикаи гӯшҳо,

тармими гӯшҳои чапар, сохтани суфраи гӯш ва ғ. ро, бо маҳорати баланд анҷом медиҳад.  Инчунин ҷарроҳи чирадаст амалҳои ҷарроҳии реконструктивиро (таъмирӣ) бо маҳорати баланд анҷом медиҳад. Агар шумо мехоҳед бо кумаки тибб худатонро зебо созед, ин фурсати муносибро аз даст надиҳед ва аз хизматрасонии мутахассиси варзида истифода баред. Ногуфта намонад, ки бемористон дар нархгузории хизматрасониҳои бахши зебосозӣ тахфифи бесобиқаеро роҳандозӣ намудааст.

Барои дастрас намудани маълумоти бештар шумо метавонед бо суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ 34 ё бо телефонҳои (44) 640 - 01 - 02,  (44) 640 - 01 – 03 муроҷиат кунед.

ФОТО