БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • МАВОДИ ТАБИИ БАРОИ ПОКСОЗИИ ҶИГАР

    Ҷигар баданро аз ҳама чиз, аз заҳрҳои шимиёи гирифта то вирусҳо ва боктериҳо, ки талош мекунанд ба бадани шумо ворид шаванд, муҳофизат мекунад. Тақрибан тамоми чиҳзое, ки вориди бадани инсон мегарданд, ҳам маводи ғизоии муфид ва ҳам анвоъи заҳрҳо бояд аз ҷигар убур кунанд. Ҷигар дар ҳақиқат дарвозабони ниҳоии бадан аст.

     
  • ПЕШГИРИИ ЗУКОМИ МАВСИМӢ ВА ДИГАР БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ДАР ФАСЛИ ЗИМИСТОН

    Пизишки умумии бемористон,

    Ҳамроалиева Ноҳида

     

    Дар фасли зимистон, маъмулан, бемориҳои сироятии роҳҳои нафас афзоиш пайдо мекунанд. Дар бештари маворид, зуком тавассути вирусҳо сироят меёбад, вале сирояти бактериявӣ низ зиёд мушоҳида мегардад ва сабаби асосии сирояти бактериявӣ,аворизи бемориҳои вирусӣ ба шумор мераванд.

     
  • ЧӢ ГУНА ВА ЧӢ МИҚДОР БАДАНРО БОЯД ШУСТ?

    Мудири бахши физиотеропии

    Бемористони Ибни Сино,                                                                 

    доктор Каримов Муҳибулло Маҳмадалиевич.

     

    Дар гузаштаи на он қадар дур, ҳатто шоҳони аврупоӣ низ танҳо чанд маротиба дар як моҳ худро мешустанд.  Албатта имрӯз меъёрҳои гигиенӣ тағйир ёфтаанд. Зеро қариб барои ҳамаи афрод  души ҳар рӯза ба меъёр табдил ёфтааст. Ҳоло мо ин масъаларо ба таври муфассал баррасӣ хоҳем кард.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Дастоварди навбатӣ

Як маврид атстити такрорӣ бо ташхиси нодурусти серози ҷигар ва миокардити дил, ки дучори перикардити фишороваранда (конструктивӣ) буд ва дар Бемористони Ибни Сино пас аз 2 сол бо муввафақият ташхис дода шуд.

 

Қурбонова Мадина 16 сола. Ин духтарак муддати 2 сол бо ташхиси бемории атстит (обовардани шикам ё истеҳқоқ) дар маркази гастроэтерологии пойтахти Руссия шаҳри Маскав табобат гирифт.

Дар Руссия  Мадинаро биопсияи ҷигар (тикка бардорӣ) намуда, инчунин ба гумони бемории гепотит ва бемории Вилсон ташхис намудаанд. Хушбахтона ташхисоти Мадина нишон дод, ки Ӯ на гепотит дорад ва на бемории Вилсон. Баъд аз ин табибони Маскав чунин пиндоштанд, ки Мадина гирифтори бемории сил (тиберкулёз) мебошад ва аз назари дил ба миокардити токсик (бемории мушаки дил) гирифтор аст. Духтарак 6 моҳ аз сил табобат гирифт, 9 бор моеъи шикамашро кашиданд, аммо ин ташхис низ натиҷа надод ва маълум гардид, ки Мадина гирифтор ба бемории сил нест. Билохира табибони рус Мадинаро аз бемористон ҷавоб доданд ва модараш ӯро ба Тоҷикистон, ба Бемористони Ибни Сино овард. Табибони бемористон муаян карданд, ки фишор дар рагҳои сиёҳраги гардани Мадина болост.

 

 Бо таваҷҷӯҳ ба собиқаи бемор, бемории атстит ва фишори боло, муаян гардид, ки Мадина гирифтори перикордити фишороваранда (конструктивӣ), яъне илтиҳоби пардаи қалб мебошад, ки боис мешавад фишор дар ҳар ковокӣ ё ғуфраи дил афзоиш пайдо карда, бемор атстит ва варами пойҳо мешавад. Доктор Сомӣ мутахассиси бемориҳои дили Бемористони Ибни Сино мегӯяд, ки дар адабиёти тиббӣ, пизишкон бояд ҳамеша, замоне ки бемор бо алоими серози ҷигар ба муассисаи тиббӣ муроҷиат мекунад ба фишори варидҳои гардан таваҷҷӯҳ кунанд ва эҳтимоли будани перикордити фишороварандаро дар назар дошта бошанд. Дар мавриди Мадина бошад, дар 2 соли гузашта, мутаасифона ба ин мавзӯ таваҷҷӯҳ нашуд ва бемориаш ташхис нагардид. Дар Бемористони Ибни Сино пас аз ин, ки дар муоинаи болинӣ эҳтимоли бемории перикордити фишороваранда матраҳ шуд, андозагирии ғафсии перикор ба василаи томографияи компютерӣ анҷом дода шуд ва ошкор гардид, ки перикор дар баъзе қисматҳои дил калтсийюналӣ дорад ва оҳакист.

 Баъд аз ин барои ташхиси пурра Мадина мавриди ташхис бо катет қарор гирифт ва дар фомороскопӣ вуҷуди калтсиюн дар перикорт, гирдо гирди дил, бахусус дар қисмати пушти дил дида шуд. Инчунин андозагирии фишорҳои ковокиҳои дил, яксон будани фишори диостоликии даҳлези рост, батни рост, шарёни шуш, фишори VEG (ВЕҶ) ва батни меъдачаи чапро нишон дод. Ин ёфтаҳои фишор (баробар будани фишори ҳамаи ковокиҳо) ташхиси физиологии перикордити конструктивиро қатъӣ мекунад ва бар ин асос бемор лозим аст мавриди ҷарроҳии хориҷ кардани перикордити сахтшуда ва оҳакӣ, ки ҳамаи дилро таҳти фишор нигаҳ медорад, қарор гирад. Номи ин ҷарроҳи перикордити радикалӣ аст ва Мадина дар феҳрасти ин ҷарроҳӣ дар Бемористони Ибни Сино қарор гирифт. 

ФОТО