БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ПЕШГИРИИ ЗУКОМИ МАВСИМӢ ВА ДИГАР БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ДАР ФАСЛИ ЗИМИСТОН

    Пизишки умумии бемористон,

    Ҳамроалиева Ноҳида

     

    Дар фасли зимистон, маъмулан, бемориҳои сироятии роҳҳои нафас афзоиш пайдо мекунанд. Дар бештари маворид, зуком тавассути вирусҳо сироят меёбад, вале сирояти бактериявӣ низ зиёд мушоҳида мегардад ва сабаби асосии сирояти бактериявӣ,аворизи бемориҳои вирусӣ ба шумор мераванд.

     
  • ЧӢ ГУНА ВА ЧӢ МИҚДОР БАДАНРО БОЯД ШУСТ?

    Мудири бахши физиотеропии

    Бемористони Ибни Сино,                                                                 

    доктор Каримов Муҳибулло Маҳмадалиевич.

     

    Дар гузаштаи на он қадар дур, ҳатто шоҳони аврупоӣ низ танҳо чанд маротиба дар як моҳ худро мешустанд.  Албатта имрӯз меъёрҳои гигиенӣ тағйир ёфтаанд. Зеро қариб барои ҳамаи афрод  души ҳар рӯза ба меъёр табдил ёфтааст. Ҳоло мо ин масъаларо ба таври муфассал баррасӣ хоҳем кард.

     
  • ОКСАЛАТУРИЯ ЧИСТ?

    Мудири бахши урологии

    Бемористони Ибни Сино,

    доктор Аминов Мубин.

     

    Оксалатурия бемориест, ки бо болоравии туршии шавел (намаки оксалат) дар пешоб зоҳир мешавад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ИРОАИ КИТОБҲОИ НАВИ ПИЗИШКӢ

Бемористони Ибни Сино дар якҷоягӣ бо Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ - тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон чанд китоби навро аз силсилаи "Роҳнамое ҷомеъ барои умум" мунташир кард.

Китобҳои "Ҳепотити В", "Ҳепотити А ва Е", "Серрози ҷигар", ки ба қалами доктор Сайид Муаййиди Алавиён таалуқ доранд, ба таври сода иллатҳои пайдоиши бемориҳои ҷигарро шарҳ дода, дар асоси дастовардҳои навтарини илми пизишкии муосир роҳҳои дармон ва ҳамчунин пешгирии ҳепотитҳои мухталиф ва серози ҷигарро нишон медиҳанд.

 

Доктор Алавиён устоди Донишгоҳи улуми пизишкӣ ва раиси Маркази ҳепотити Теҳрон буда, китобҳои зиёде дар заминаи ҳепотит таълиф намудааст Ин китобҳо ҳам барои донишҷӯёни донишгоҳҳо ва коллеҷҳои тиббӣ ва ҳам барои беморон ва касоне, ки аз беморон муроқибат мекунанд ва умуман барои оммаи мардум, муфид хоҳанд буд.

Ин китобҳо дар баробари огоҳиҳои судбахш дар мавриди бемориҳо ва шеваҳои дармони онҳо, инчунин барои шакл гирифтани истилоҳоти пизишкии тоҷикӣ низ кумак хоҳанд кард. Ҳамаи китобҳо бо ду хат форсӣ ва кирилӣ рӯи чоп омадаанд ва барои забономӯзон низ муфид қарор хоҳанд гирифт.

Алоқамандон метавонанд китобҳоро аз Бемористони Ибни Сино ва китобфурӯшии "Пойтахт", воқеъ дар буришгоҳи хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Бухоро пайдо бикунанд.

Бемористони Ибни Сино муштаракан бо Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ, қаблан аз силсилаи "Роҳнамои ҷомеъ барои умум" китоби "Ҳепотити С" ро ба чоп расонида буд.

 

"Ҳепотити В" 

Китоби "Ҳепотити В" таълифи доктор Сайид Муаййиди Алавиён  бо ибтикори Бемористони Ибни Сино ва Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ мунташир шуд. Китоб аз муқаддима ва панҷ фасл иборат аст, ки дар онҳо ба тартиб дар мавриди сохтмон ва амалкарди дастгоҳи гувориш (ҳозима), ташхиси бемории ҳепотити В, ноқилони ҳепотит, дармони ҳепотити В ва воксинакунонӣ барои пешгири аз ҳепотити В сухан рафтааст.

 Ин китоб ҳам барои мутахассисон ва ҳам барои доираи васеъи хонандагон пешниҳод мешавад. Ҳепотит бемории бисёр паҳнгашта мебошад ва афзоиши огоҳии умумӣ дар мавриди роҳҳои интиқолу пешгирии он, метавонад ба контроли беморӣ кумак кунад. Китоб бо ду хат, сирилик ва форсӣ чоп шудааст.  

ФОТО