БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Сойти мо

    Дӯстони гиромӣ,

    Сойти нави мо бо нишонии https://bis.tj/tg/ омода, фаъол ва қобили истифода аст.

     
  • Крипторхизм чист ва чаро кӯдакон бо ин мушкил ба дунё меоянд?

    Яке аз мавзуъҳои мубрами соҳаи уролоҷӣ ин ноҳинҷорӣ ё нуқси модарзодии узвҳои ҷинсии кӯдакон мебошад.

     
  • CODE BLUE

    Оё медонед "Code blue" чи истилоҳест?

    Ин код дар бемористонҳо барои наҷоти бемороне, ки ба исти қалбӣ ё иттифоқҳои дигари ба ҳаёт таҳдидкунанда дучор мешаванд истифода мешавад. Вақте беморе дар бемористон ба эҳё ниёз пайдо мекунад, лозим аст, ки тамоми мутахассисон ба як бор огоҳ шаванд ва дар кӯтоҳтарин фурсат ба сари болини он бемор ҳозир шаванд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ҶАРРОҲИИ РЕКОНСТРУКТИВӢ (ТАЪМИРӢ) ДАР БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО

Ба хотири дастрасии бештари мардум ба дастовардҳои тибби муосир Бемористони Ибни Сино ҷарроҳи варзидаи плостикиро аз Ҷумҳурии Исломии Эрон даъват намудааст. Шопури Ёрипур ҷарроҳи варзида аз 14 июли соли 2016 дар бемористон ба қабули мизоҷон оғоз мекунад.

Ин ҷарроҳи чирадаст амалҳои зебосозии рӯй, чашм, абрӯ, пилки чашмон, бартараф кардани ожангҳои пӯст ва чарбии пилки чашмон, тарангкунии пӯсти рӯй, тағйир додани шакл ва андозаҳои бинӣ, рафъи баландии пуштаки бинӣ, бартараф кардани деформатсия ва каҷии бинӣ, пластикаи гӯшҳо, тармими гӯшҳои чапар, сохтани суфраи гӯш ва ғ. ро, бо маҳорати баланд анҷом медиҳад. Инчунин, ин ҷарроҳи чирадаст дар анҷоми амалҳои ҷарроҳии реконструктивӣ (таъмирӣ) низ аз таҷрибаи ғанӣ бархурдор аст ва ин навъ ҷароҳиҳоро бо маҳорати баланд анҷом медиҳад. Агар шумо мехоҳед бо кумаки тибб худатонро зебо созед, ин фурсати муносибро аз даст надиҳед ва аз хизматрасонии мутахассиси варзида истифода баред. 

Барои дастрас намудани маълумоти бештар шумо метавонед бо суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ 34 ё бо телефонҳои (44) 640 - 01 - 02,  (44) 640 - 01 - 03 муроҷиат кунед.

ФОТО