БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Сойти мо

    Дӯстони гиромӣ,

    Сойти нави мо бо нишонии https://bis.tj/tg/ омода, фаъол ва қобили истифода аст.

     
  • Крипторхизм чист ва чаро кӯдакон бо ин мушкил ба дунё меоянд?

    Яке аз мавзуъҳои мубрами соҳаи уролоҷӣ ин ноҳинҷорӣ ё нуқси модарзодии узвҳои ҷинсии кӯдакон мебошад.

     
  • CODE BLUE

    Оё медонед "Code blue" чи истилоҳест?

    Ин код дар бемористонҳо барои наҷоти бемороне, ки ба исти қалбӣ ё иттифоқҳои дигари ба ҳаёт таҳдидкунанда дучор мешаванд истифода мешавад. Вақте беморе дар бемористон ба эҳё ниёз пайдо мекунад, лозим аст, ки тамоми мутахассисон ба як бор огоҳ шаванд ва дар кӯтоҳтарин фурсат ба сари болини он бемор ҳозир шаванд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Тибб - пулакӣ ё бе пул?

Имрӯз дар ҷомеъаи мо сару садоҳое оиди пулгирии табибон барои хизматрасониҳояшон баланд шудаанд ва назарҳои гуногунеро ба бор овардаанд. Албатта дар мавриди ин, ки оё хизматрасониҳои тиббӣ бояд пулакӣ ё бе пул бошанд низ андешаҳо муттафовитанд.

Аслан дар дунёи муосир ҳеҷ кишвари муттарақӣ муваффақ нашудааст, хизматрасониҳои тиббиро барои шаҳрвандонаш комилан ройгон гардонад. Хизматрасониҳои тиббӣ дар дунё, ҳамеша яке аз гаронтарин хизматрасониҳо маҳсуб меёфтанд. Ба ҳамин хотир ҳатто пешрафтатарин кишварҳои дунё, танҳо қисмате онҳоро ба ӯҳдаи худ гирифтаанду халос. Аммо чи чиз сабаби пулаки будани ин хизматрасониҳо мегардад?

Аввал шахси худи табиб. Табибон  низ мисли мову шумо инсонанд ва мисли дигарон мушкили зиндагӣ доранд. Дар фаъолияти рӯзмараашон низ табибон, ки бо ҳаёти одамӣ сару кор доранд, масъулияти бештаре ба дӯш доранд ва меҳнаташон бояд сазовор қадрдонӣ гардад. Мутаасифона имрӯз музди меҳнати табиб (ба ҳисоби миёна ин музди меҳнат дар кишвари мо 600 сомонир ташкил медиҳад) наметавонад ҷавобгӯи ниёзҳояш бошад. Ин вазъият гоҳе авқот табибонро маҷбур мекунад, ки аз мариз барои хизматрасониҳояшон пул талаб кунанд.

Дуввум  илми тибб ва табобат дар дунёи муосир рӯз ба рӯз рушд карда тавонотар ва муҷаҳҳазтар мегардад. Мо ҳар рӯз шоҳиди дастовардҳои нав дар соҳаи тибб ҳастем, ки сифати хаёти одамиро беҳтар мегардонанд. Аммо ин дастовардҳо бо маблағгузории ҳангуфте ба даст меоянд ва табиист, ки баъдан дар нархгузории хизматрасониҳои тиббӣ таъсиргузоранд. Агар қаблан  ҳама абзори пизишкӣ дар  ҷомадончае мегунҷид ва ин абзор ба воситаи ҷӯшонидан дар об  безарар гардонида мешуд, ҳоло феҳристи васоили масрафии як бахш дар муассисаҳои тиббӣ ба хазорхо  номгӯй  мерасад!  Бино бар ин агар пешрафти илму технология аз як тараф, ташхисро дақиқ ва табобатро муассиртар карда бошанд,  аз тарафи дигар,  нигоҳдории таҷхизот, дору ва васоили масрафии зиёд қимати дармонро боло бурдаанд.  Мутаассифона, тавлиди доруҳо ва  васоили масрафии тиббӣ дар кишвари мо рушд накардааст ва муассисаҳои тиббии мо тақрибан ҳамаи онҳоро аз хориҷи кишвар ворид мекунанд. Қиммати гарони доруҳо низ ба нархи хизматрасониҳои тиббӣ таъсири бе восита дорад ва онҳоро ба маротиб боло мебарад. Тибби пешрафта имрӯз бештар барои табобати мизоҷон аз усулҳои муосири камзахм (minimal invasive) истифода мебарад, ки таҷҳизот ва васоили масрафии он низ воридотӣ буда, қиммати гарон доранд. Ва ин низ дар навбати худ ба нархи хизматрасониҳо таъсиргузор мебошад.

Аз тарафи дигар соҳаи тибб, шояд ягона соҳаест, ки сарфаҷӯи дар он пазируфта нест. Чун ин сарфаҷӯӣ метавонад боиси коҳиш ёфтани сифати табобат ва аворизу олудагӣ шавад ва ҳаёти як инсон дар хатар қарор гирад! Пас чораи баромад аз ин бунбаст кадом аст? Дар тамоми дунё ягона роҳи ҳалли ин мушкилотро дар суғуртаи тиббӣ пайдо кардаанд. Танҳо бо рушди хизматрасонии суғуртавӣ ва ҷалби мардум ба он, мешавад қиммати хизматрасониҳои тиббиро поин бурд ва дастрасии ҳамагониро ба ин хизматрасониҳо таъмин кард.

ФОТО