БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Сойти мо

    Дӯстони гиромӣ,

    Сойти нави мо бо нишонии https://bis.tj/tg/ омода, фаъол ва қобили истифода аст.

     
  • Крипторхизм чист ва чаро кӯдакон бо ин мушкил ба дунё меоянд?

    Яке аз мавзуъҳои мубрами соҳаи уролоҷӣ ин ноҳинҷорӣ ё нуқси модарзодии узвҳои ҷинсии кӯдакон мебошад.

     
  • CODE BLUE

    Оё медонед "Code blue" чи истилоҳест?

    Ин код дар бемористонҳо барои наҷоти бемороне, ки ба исти қалбӣ ё иттифоқҳои дигари ба ҳаёт таҳдидкунанда дучор мешаванд истифода мешавад. Вақте беморе дар бемористон ба эҳё ниёз пайдо мекунад, лозим аст, ки тамоми мутахассисон ба як бор огоҳ шаванд ва дар кӯтоҳтарин фурсат ба сари болини он бемор ҳозир шаванд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Бехобӣ - хатари ҷиддӣ барои саломатии инсон

Хоби солим барои фаъолияти муътадили организми ҳар инсон амри зарурист. Мутаасифона имрӯзҳо бо сабабҳои гуногун одамони зиёде бо мушкилот дар хобашон гирифтор гардидаанд. Ин иллатро дар тибб бехобӣ меноманд. Тибқи оморҳои расида, ҳар нафари 5 ум дар сайёраи Замин мубтало ба бехобист ва теъдоди одамоне, ки аз бехобӣ азият мекашанд рӯз аз рӯз меафзояд.  Бо омӯзиш ва табобати халалдор гаштани хоб илми асабшиносӣ ва равонпизишкӣ машғул аст. Тибқи гуфтаи равонпизшкон зиёда аз 100 ихтилол дар хоби инсон вуҷуд дорад. Онҳо метавонанд гуногун бошанд ва ҳатто ба зиндагии инсон хатар эҷод кунанд.

Истифодаи зиёди доруҳои хобовар низ гувоҳи ин аст, ки қариб ҳамаи одамон ба халалдор гаштани хоб мувоҷеҳ мегарданд. Инчунин аз оморҳо бармеояд, ки занон аз мардон зиёдтар ба ин беморӣ мубтало мегарданд. Муҳмитарин омилҳои халалдор гаштани хоб иборатанд аз: бехобӣ, хурроккашӣ дар хоб, ҳарф задан дар хоб ва гоҳе авқот роҳ рафтан дар хоб ва қатъи нафаскашӣ дар хоб. Бехобӣ - яке аз паҳнгаштатарин ихтилол дар хоб ба шумор меравад. Бехобӣ ба се марҳила тақсимбандӣ мегардад: мушкилот дар хобравӣ, нигаҳдории хоб ва бедоршавии зуд. Сабабҳои бехобӣ бениҳоят зиёданд. Мутахассисон аз ҳама бештар мушкилоти равонӣ, вайрон шудани тарзи ҳаёти муқаррарӣ, бемориҳои гуногун (дил, ҷигар ва ғ) ё истеъмоли доруҳои психотропӣ  (равонгардон) ва  алкулро сабабҳои ба вуҷуд омадани бехобӣ медонанд. Дар баъзе маворид нӯшидани қаҳва пеш аз хоб ё ҳатто бисёрхурӣ (хусусан истеъмоли хӯрокиҳои равғанин) метавонанд боиси бехобӣ гарданд. Бехобӣ ба сифати ҳаёти инсон ва ҳолати ҷисмонӣ ва равонии ӯ таъсири манфии зиёд мерасонад. Умдатан мутахассисон сабабҳои бехобиро ба ду даста: равонӣ ва физиологӣ тақсимбандӣ мекунанд. Сабабҳои равонӣ аз нисф зиёди ҳолатҳои бехобиро ташкил мекунанд. Бехобие, ки бо сабабҳои равонӣ домангири инсон мегардад, одатан дер давом намекунад ва бо рафъи ин сабабҳо бартараф мегардад.Сабабҳои физологии бехобӣ бошанд метавонанд дар натиҷаи истеъмоли доруҳои гуногун ва ё бемориҳои музмин ба вуҷуд оянд. Халал дар хоб метавонад бо сабаби истеъмоли доруҳои зиддиафсурдагӣ, дард таскиндиҳанда, доруҳои дар таркибашон кафеиндор, доруҳои ҳормонӣ барои ғадуди сипаришакл ва доруҳои пешоброн пайдо шавад. Аз бемориҳои музмин бошанд зиққии нафас (астма), бемориҳои гурда, гипертиреоз ва саратонҳои гуногун метавонанд бехобиро ба бор оранд. Дар бисёр маврид халал дар хоб бо сабаби апноэ (қатъи нафас ҳангоми хоб) ба вуҷуд меояд. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки имрӯз аз ҳама сабаби паҳнгаштаи бехобӣ истресси доимӣ ва ҳолатҳои гуногуни рӯҳафтодагӣ ба шумор мераванд. Одатан хоби бад ин мушкилотро зиёд мекунад. Барои табобати муввафақ равонпизишк пеш аз ҳама бояд сабаби пайдошудани бехобиро муаян намояд ва бисёр муҳим аст, ки бемор тамоми ҳиссиёти худро, то хурдтарин ҷузъиёт ба мутахассис ироа бидиҳад. Дар рафти сӯҳбати муфассал равонпизишки пуртаҷриба метавонад сабабҳоеро кашф кунад, ки худи бемор аз будани онҳо аслан огоҳӣ надорад. Инчунин намудии зоҳирии мариз низ ба мутахассис сабабҳои бехобиро ошкор мекунад. Ҳангоми табобати бехобӣ мутахассиси равонпизишк ба ҳар як бемор рӯйкарди ҷудогона ва фардӣ дорад, чун  танҳо бо ошкор намудани сабабҳои аслии бехобӣ табобат натиҷаи мусбат медиҳад. Ин сабабҳо умдатан дар ҳар инсон фарқ мекунанд. Аз ин хотир барои бартарф кардани бехобӣ ва рафъи мушкилоти равонӣ бояд ҳар чи зудтар ба мутахассис муроҷиат намуд. Танҳо мутахассиси пуртаҷриба метавонад мушкилоти шуморо бартараф кунад ва рӯҳияи шодмониро ба шумо баргардонад. Дар бахши асабшиносии Бемористони Ибни Сино бо истифода аз усулҳои муосир т бемориҳои гуногуни равонӣ, аз ҷумла бехобиро табобат мекунанд. Бемористон инчунин ҳамеша барои беҳтар ва бо сифатттар намудани табобати бемориҳои гуногуни равонӣ мутахассисони варзидаи соҳаро аз хориҷи кишвар даъват менамояд. Яке аз чунин мутахассисон профессор, устоди донишгоҳи Далҳауси Конодо, президент ва асосгузори академияи равонпизишкии "Кӯдакон ва Ҷавонон"-и Эрон устод Маҳдии Ҷаводи Алағбандрад ба шумор меравад, ки аз 24 июли соли 2016 дар Бемористони Ибни сино ба қабули мизоҷон оғоз мекунад. Ташрифи равонпизишки пуртаҷриба барои ҳамаи касоне, ки аз бемориҳои гуногуни равонӣ, аз ҷумла бехобӣ азият мекашанд фурсати хубест. Ин фурсатро аз даст надиҳед ва аз таҷрибаи ин пизишки номдор истифода баред.  

ФОТО