БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Сойти мо

    Дӯстони гиромӣ,

    Сойти нави мо бо нишонии https://bis.tj/tg/ омода, фаъол ва қобили истифода аст.

     
  • Крипторхизм чист ва чаро кӯдакон бо ин мушкил ба дунё меоянд?

    Яке аз мавзуъҳои мубрами соҳаи уролоҷӣ ин ноҳинҷорӣ ё нуқси модарзодии узвҳои ҷинсии кӯдакон мебошад.

     
  • CODE BLUE

    Оё медонед "Code blue" чи истилоҳест?

    Ин код дар бемористонҳо барои наҷоти бемороне, ки ба исти қалбӣ ё иттифоқҳои дигари ба ҳаёт таҳдидкунанда дучор мешаванд истифода мешавад. Вақте беморе дар бемористон ба эҳё ниёз пайдо мекунад, лозим аст, ки тамоми мутахассисон ба як бор огоҳ шаванд ва дар кӯтоҳтарин фурсат ба сари болини он бемор ҳозир шаванд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ТАШРИФИ МУТАХАССИС

Ба самъи азизон мерасонем, ки аз санаи 13.09.2016 дар Бемористони Ибни Сино мутахассиси варзидаи эронӣ, ЛОР - сурдолог (табиби гӯш), профессор Маҳдии Қосимӣ ба ташхис ва табобати беморон оғоз мекунад.

Доктор Қосимӣ дар муоина ва муолиҷаи бемориҳои гӯш таҷрибаи ғанӣ дорад ва ҳамаи бемориҳои гӯшро бо истифода аз усулҳои муосир табобат мекунад. Профессор Маҳдии Қосимӣ инчунин ҷарроҳи  пуртаҷриба буда, дар анҷоми амалҳои ҷарроҳии гӯш аз маҳорати фавқулъодда бархурдор аст ва ин ҷарроҳиҳоро ба василаи эндоскоп  (тариқи лазерӣ) анҷом медиҳад. Доктор Қосимӣ дар бемористон ҷарроҳиҳои гуногуни гӯшро аз қабили:

- ҷарроҳии эндоскопии гӯши дарунӣ;

- барқарор кардани шунавоӣ (бе буридан);

- ҷарроҳии барқароркунии нақорапарда (пардаи гӯш) ба воситаи эндоскоп;

- гузоштани протез (узви сунъӣ) ба устухони гӯш;

- табобати паст шунавоӣ ба воситаи эндоскопро анҷо хоҳад дод.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бештари ин ҷарроҳиҳо бори аввал дар Тоҷикистон амалӣ мегарданд. Ниёзмандон метавонанд барои қабули мутахассис пешакӣ номнавис кунанд.

Телефонҳо барои тамос: (44) 640-01-02, 640-01-03.

ФОТО