БЕХАБАР НАМОНЕД!
Ба таваҷҷӯҳи нафароне, ки аз бемориҳои узвҳои ҳозима, аз ҷумла бемориҳои меъдаву сурхрӯда, ҷигар, талхадон, ғадуди зери меъда, рӯдаҳои бузург ва гепатит азият мекашанд мерасонем, ки 22 сетябри соли 2016 табиби варзидаи эронӣ, гастроэнтерологи дараҷаи олӣ, профессор Сиёвуши Мансурӣ ба Бемористони Ибни Сино ташриф меорад.
Профессор Мансурӣ бо истифода аз таҷҳизоти замонавии бемористон, машварат ва табобати беморонро ба роҳ мемонад. Бемористони Ибни Сино дорои дастгоҳҳои муосири гастроэнтрологӣ, колоноскопӣ ва эндоскопӣ буда, дар сурати зарурат мундариҷаи ташхисро ба таври электронӣ (диск ё флешкорт) ва ё қоғазӣ (ба сурати чопӣ) пешкаши мизоҷон мегардонад. Ин фурсати муносибро аз даст надиҳед ва худ ва наздиконатонро барои муоинаву машварат пешакӣ намнавис кунед. Ин ба шумо имкон медиҳад, ки бе навбатпоӣ ва бе талафи вақти пурқиммат озмоиш ва ташхисоти заруриро анҷом дода, бо омодагии комил ба машварати табиб ҳозир шавед!