БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Сойти мо

    Дӯстони гиромӣ,

    Сойти нави мо бо нишонии https://bis.tj/tg/ омода, фаъол ва қобили истифода аст.

     
  • Крипторхизм чист ва чаро кӯдакон бо ин мушкил ба дунё меоянд?

    Яке аз мавзуъҳои мубрами соҳаи уролоҷӣ ин ноҳинҷорӣ ё нуқси модарзодии узвҳои ҷинсии кӯдакон мебошад.

     
  • CODE BLUE

    Оё медонед "Code blue" чи истилоҳест?

    Ин код дар бемористонҳо барои наҷоти бемороне, ки ба исти қалбӣ ё иттифоқҳои дигари ба ҳаёт таҳдидкунанда дучор мешаванд истифода мешавад. Вақте беморе дар бемористон ба эҳё ниёз пайдо мекунад, лозим аст, ки тамоми мутахассисон ба як бор огоҳ шаванд ва дар кӯтоҳтарин фурсат ба сари болини он бемор ҳозир шаванд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ТАШРИФИ РАВОНПИЗИШК

Ба таваҷҷӯҳи касоне, ки аз бемориҳои гуногуни системаи асаб  азият мекашанд! 15 сентябри соли 2016 равонпизишки маъруфи эронӣ, профессор, устоди донишгохи Далхауси Конодо, президент ва асосгузори академияи равонпизишкии "Кӯдакон ва Ҷавонон"-и Эрон Маҳдии Ҷаводи Алағбандрад ба Бемористони Ибни Сино ташриф меорад.

Профессор Алағбандрад мутахассиси варзидаи соҳаи равоншиносӣ буда, бемориҳои гуногуни равониро монандӣ: афсурдагӣ, синдроми маниякалӣ, мутизм, неврозҳо,  ҳолатҳои  ҳарос, васваса, неврози пас аз зарбаи асаб, ихтилолоти шахсиятӣ, ихтилолоти иртиботи заношӯӣ, норасоии ҷинсӣ, бемориҳои равонии кӯдакон, пуртаҳаррукӣ,  ихтилолоти таҳсили кӯдакон, эпилепсия, мултисклероз, паркинсон, ихтилолоти хоб - бехобӣ, исултҳо, ишемияи мағзӣ, дардҳои асабӣ, невропатия, полиневрит,  майзадагӣ, вобастагӣ аз сигор ва вобастагӣ ба маводи нашъаоварро ташхис ва табобат мекунад.  Мутахассиси пуртаҷриба табобати бемориҳои зикршударо, бо истифода аз шеваҳои ҷадидтарин анҷом медиҳад. Ин фурсати муносибро аз даст надиҳед ва аз ташрифи мутахассиси варзида истифода баред. Ниёзмандон метавонанд худ ва наздиконашонро номнавис карда. дар вақти барояшон муносиб ба қабули равонпизишк ҳозир шаванд. 

Барои дастрас намудани маълумоти бештар шумо метавонед бо суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ 34 ё бо телефонҳои (44) 640 - 01 - 02,  (44) 640 - 01 – 03 муроҷиат кунед.

ФОТО