БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Сойти мо

    Дӯстони гиромӣ,

    Сойти нави мо бо нишонии https://bis.tj/tg/ омода, фаъол ва қобили истифода аст.

     
  • Крипторхизм чист ва чаро кӯдакон бо ин мушкил ба дунё меоянд?

    Яке аз мавзуъҳои мубрами соҳаи уролоҷӣ ин ноҳинҷорӣ ё нуқси модарзодии узвҳои ҷинсии кӯдакон мебошад.

     
  • CODE BLUE

    Оё медонед "Code blue" чи истилоҳест?

    Ин код дар бемористонҳо барои наҷоти бемороне, ки ба исти қалбӣ ё иттифоқҳои дигари ба ҳаёт таҳдидкунанда дучор мешаванд истифода мешавад. Вақте беморе дар бемористон ба эҳё ниёз пайдо мекунад, лозим аст, ки тамоми мутахассисон ба як бор огоҳ шаванд ва дар кӯтоҳтарин фурсат ба сари болини он бемор ҳозир шаванд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Сутунмӯҳраи мо чаро чурра (грыжа) пайдо мекунад?

Аввал бояд бо сохти сутунмӯҳра шинос шавем. Сутунмӯҳра аз мӯҳраҳои устухонӣ иборат мебошад, ки рӯиҳам васланд ва қомати моро рост дошта, вазни сар, дастон ва дигар қисматҳои болоии баданро мебардоранд. Ҳафт мӯҳра дар қисмати гардан, дувоздаҳ мӯҳра дар қисмати сина, ва панҷ мӯҳра дар қисмати камар (миён) ҷойгиранд. Нӯҳ мӯҳраи дигар дар қисмати думғоза бо ҳам часпидаанд. 

Дар байни ин мӯҳрахо қабате ҳаст, ки ғузруфӣ (хрящ) буда, мӯҳраҳоро аз соидан ба ҳам нигоҳ медорад. Ин 24 ҳалқаи ғузруфӣ (хрящевые диски) мӯҳраҳои болоиро ба ҳам мепайванданд ва ҳаракат кардани онҳоро имконпазир мегардонанд. Мӯҳраҳо дар қисмати дохилии худ сӯрохие доранд, ки шабакаи торҳои асаб ё ҳароммағз аз косахонаи сар то ба поёни бадан аз дохили он мегузаранд. Зери фишори сахт ё ҳаракати ноҷой ин ҳалқаи ғузруфӣ пора шуда қисми он аз ҷои худ мебарояд ва ҳароммағзро зер карда, боиси дард мешавад. 
Аз рӯи наҳваи зист ва шуғл мардҳои 25-40 сола бештар ба ин дард мубтало мешаванд. 
Чурра бештар дар байни мӯҳраҳои миён (камар) мебарояд. Камтар дар байни мӯҳраҳои гардан ва аҳёнан дар мӯҳраҳои қисмати сина иттифоқ меуфтад. 
Дарди ба пой гузарандаи камар, камҳис шудани пойҳо, дар натиҷаи ҳаракат зиёд шудани дард, дар ҳоли хобидан кам шудани дард, мушкилоти пешобкунӣ ва ғайра нишонаҳои чурраи байни мӯҳраҳои миён (камар) мебошанд. 
Дарди мавзеи мӯҳра бо гузариш ба китфу дастон, сарчархӣ, баландшавии фишори хун, камҳисшавии ангуштон аз аломатҳои чураи байни мӯҳраҳои гардан ҳастанд. 
Чурраи байни мӯҳраҳои сина бо дарди мавзеи мӯҳраҳо дар ноҳияи сина, каҷшавии сутунмӯҳра, хала задани дил, тангии нафас зухур мекунад. 
Бардоштани бори сангин, дурудароз дар як ҳолат нишастан, ҳаракати тези кисмати болоии бадан, ҷастухез, бо қомати хамида роҳ рафтан сабабгори пайдоиши чурраи сутунмӯҳра шуда метавонанд. Ирсият низ дар пайдоиши чура нақш дорад. 
Барои ташхиси чураи сутунмухра аз томографӣ истифода мекунанд. Шояд ниёз ба аксбардории томографӣ бо ворид кардани модаи ҳоҷиб (контрастное вещество) низ бошад, ки онро низ мутахассис тавсия мекунад. 
Вобаста ба андозаи чура табобат таъин карда мешавад. Мутахассис сараввал саъй мекунад, ки дард бо табобати доруӣ рафъ гашта, мариз ба ҳаёти маъмулӣ баргардад. Ба мариз доруворӣ ва режими бистарӣ тавсия дода мешавад. Дар ҳолати рафъ нашудани дард, ҷарроҳӣ тавсия дода мешавад. Илми рӯз ҷарроҳии камзахми бартараф кардани чураро бо собит кардани мӯҳраҳо байни ҳам имконпазир гардондааст, ки ин амал дар Бемористони Ибни Синои пойтахт қобили анҷом аст. 
Ғайр аз ин дар ин бемористон равиши нави дармон бо номи Дискогел низ ба маризон ироа мешавад. 
Лутфан, барои шиносоӣ бо ин равиши дармони чурраи сутунмӯҳра, ки инкилобе дар табобат хисоб мешавад, ба ин пайванд нохун бизанед: http://ibnisino.tj/tg/asos/1160-diskogel-discogel.html 
Ҳамин тавр, барои пешгири аз ин бемори тавсия дода мешавад, ки дар вазнбардорӣ мувозинатро риоя карда, хонумон на бештар аз 10 кг ва ҷанобон на беш аз 20-25 кило, он ҳам бо тақсим ба ду даст бор бардоранд. Дар хестану нишастан боэҳтиёт бошанд. Қоматро рост дошта, аз ҳаракоти тунду тез худдорӣ намоянд. Дуру дароз нанишаста ҳар замон гаште задан низ тавсия мешавад. 
Саломатии худро эҳтиёт намоед, то ниёз ба табобати пурхарҷ надошта бошед! 

ФОТО