Афсурдаги ё «псих»?
Хеле вактхо одамон ин маризиро зухуроти тарбияти бад, танбалӣ, худхоҳӣ, бадандешӣ, ва амсоли ин мепиндоранд, дар ҳоле, ки ин маризии хеле хавфнок буда, метавонад одамро ҳатто то ба худкушӣ расонад. Аксари одамон аз сабаби маълумот надоштан зуҳуроти ин касалиро ташхис дода наметавонанд ва дар марҳилаи аввал ба мутахассис муроҷиат намекунанд, ки вақти бебаҳо аз даст дода мешавад ва афсурдагӣ ба дараҷаи вазнин гузашта, табобаташ душвор мешавад ва метавонад ба фоҷиа бирасонад. Дар ҳолате, ки ташхиси саривақтӣ ва табобати дуруст метавонад маризро шифои комил бахшад.
Инчунин, дар ҷамъияти мо аз сабаби баъзе зеҳниятҳо одамон аз муроҷиат ба пизишкони равоншинос худдорӣ мекунанд. Дар қайди бемористони равоншиносӣ будан, ки «девона» будан талаққӣ мешавад, назари интиқодии атрофиён ба мариз , ва часпондани исми «псих» ба ӯ, зарар доштани доруҳои равондармонӣ, «девона кардани ин доруҳо» ва ғайра аз қабили онҳо мебошанд.
Дар марҳилаи аввал ин бемори сабаби паст шудани зарфияти кори гашта, ба бемор ва наздикони ӯ бадбахтиҳо меорад.
Дилтангӣ, афсурдагӣ, изтироб, яъсу ноумедӣ, ташаннуҷи дохилӣ, ҳисси гунаҳкорӣ, норизоят аз худ, камбуди эътимод ба нафс, камбуди лаззатҳои зиндагӣ ва амсоли инҳо нишонаҳои эҳсосотии ин бемориянд.
Бехобӣ, беиштиҳоӣ, пастии кудрати ҷинсӣ, зудхасташавӣ, дардҳои бесабаби бадан (дил, меъда, мушакҳо) аломатҳои физиоложии ин маризиянд.
Одатан зарфияти фикрронии ин маризон суст шуда дар кори худ мутамарказ шуда наметавонанд ва ояндаи худро торик мебинанд.
Барои гузоштани ташхиси «афсурдагӣ» бояд якчанд нишонахои ин беморӣ дар муддати зиёда аз ду ҳафта дар бемор мушоҳида шаванд.
Ин беморон одатан аз вохӯриву хушгузарониҳо канораҷӯи мекунанд ва метавонанд рӯ ба шаробу мухаддир оранд.
Илми рӯз се омили пайдоиши ин бемориро мушаххас кардааст: биоложик, равонӣ ва иҷтимоӣ.
Табобати ин бемори печида буда, вақту заҳмати зиёд металабад вале комилан табобатшавандааст. Дар ҳолати саривақт табобат накардан, беморӣ ба ҳолати музмин ё дараҷаи вазнин гузашта, ба ҳаёти инсон хатар дорад. Инчунин дер ошкор кардани ин маризи сабаби душвор шудани табобати он мегардад. Одатан табобати доругӣ ва раводармонӣ бо ҳам тавсия мешаванд. Нақши наздикони бемор низ дар табобат хеле муҳим мебошад. Онҳо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки мушкилоти мариз аз қабили ғазаб, яъс, рӯҳафтодагӣ ва ғайра гуноҳи бемор набуда, аломатҳои беморӣ мебошад. Бояд аз танқид ва вокуниши сахт худдорӣ намоянд ва беморро ба корҳои барояш ҷолибу муфид ҷалб намоянд.
Ҳамин тавр ин бемории хатарнок агар саривақт ташхис гузошта шавад ва тавсияҳои мутахассис аз сӯи мариз ва наздиконаш риоя бишавад, умеди шифои комил ёфтан ва ба зиндагии хушу хуррам баргаштани хонаводаи мариз ҳаст!
Ба зуди ташрифи равоншиноси ботаҷрибаи эрони ба Бемористони Ибни Сино дар назар аст. Номнависи пешакӣ ба машварати мутахассиси варзидаро фаромӯш накунед!