БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Сойти мо

    Дӯстони гиромӣ,

    Сойти нави мо бо нишонии https://bis.tj/tg/ омода, фаъол ва қобили истифода аст.

     
  • Крипторхизм чист ва чаро кӯдакон бо ин мушкил ба дунё меоянд?

    Яке аз мавзуъҳои мубрами соҳаи уролоҷӣ ин ноҳинҷорӣ ё нуқси модарзодии узвҳои ҷинсии кӯдакон мебошад.

     
  • CODE BLUE

    Оё медонед "Code blue" чи истилоҳест?

    Ин код дар бемористонҳо барои наҷоти бемороне, ки ба исти қалбӣ ё иттифоқҳои дигари ба ҳаёт таҳдидкунанда дучор мешаванд истифода мешавад. Вақте беморе дар бемористон ба эҳё ниёз пайдо мекунад, лозим аст, ки тамоми мутахассисон ба як бор огоҳ шаванд ва дар кӯтоҳтарин фурсат ба сари болини он бемор ҳозир шаванд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

АНЖИОЭДЭМ

Гоҳе дар пӯсти сару рӯй, гардан, ангуштон, узвҳои таносул ва пойҳо варам пайдо мешавад. Ин беморӣ вокуниши ҳассосияти (аллергическая реакция) бадан ба ангезандаҳое аз хӯрок, дору, маводи шимиёӣ (химические вещества) буда, анжиоэдэм ё «Варами Квинке» ном дорад.

Баъзан ҳассосият ба сармо ва бӯй низ ба ин натиҷа оварданаш мумкин аст. Уфунат дар бадан, бемориҳои узви ҳозима, ҳепатити В ва С, бемориҳои саратон ва авомили ирсӣ заминаҳои пайдоиши анжиоэдэм шуда метавонанд. Ғизоҳои баҳрӣ, шир, тухм, чормағз ва ғизоҳое, ки рангкунандаҳои сунъӣ доранд, сабаби рушди ин бемори шуда метавонанд. Нафас кашидани гарди гул, истеъмоли антибиотикҳо ва неши ҳашарот низ аз ангезандаҳои ин бемори шинохта шудаанд. Ин беморӣ баробари пайдо шудан барқосо рушд мекунад ва дар ҳоли табобати дуруст ҳамин тавр зуд рафъ мешавад. Бештар ин варам дар лабҳо, забон, рӯй, пилки чашмон зуҳур мекунад. Анжиоэдэми ирсӣ камтар вомехӯрад. Бештар он дар заминаи бемориҳои дигар арзи вуҷуд мекунад. Агар варами анжиоэдэм ба мағзи сар бирасад, бемор ташаннуҷи эпилепсӣ пайдо карда, аз гап мемонад ва қисми баданаш фалаҷ мешавад. Хатарноктарин мавзеи бурузи ин варам гулӯ мебошад. Дар ин ҳол варам метавонад роҳи нафасро баста, одамро ба марг расонад. Аз ин сабаб дар ҳоли пайдо шудани варами анжиоэдэм бояд фавран ба бемористоне, ки шӯъбаи гӯшу гулӯву бини дорад, муроҷиат кард, зеро шояд ниёз ба гузоштани трахеостома (шикофтани роҳи нафас ва гузоштани лӯла дар гулӯ) пайдо шавад. Агар нишонаҳои ин бемориро дидед, фавран ба ёрии таъҷилӣ муроҷиат кунед! Агар ин варам дар натиҷаи газидани ҳашарот пайдо шавад, ба ҷои неш ях ё дигар чизи хунукро гузоред, то ҷазби заҳрро ба хун кам кунад. Хулоса, барои пешгирии варами анжиоэдэм пархезро риоят карда аз расидан ба маводе, ки ба он ҳассосият доред, худдорӣ намоед. Сари вақт касалиҳои таҳрикдиҳандаи онро ташхис ва табобат кунед! 

ФОТО