БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ШАШ ФОИДАИ САБЗӢ

Сабзӣ (зардак ё зардҷома) ба андешаи мутахассисон саршор аз хоссиятҳои фавқулъодда буда, хурдани он ба саломатии инсон фоидаи зиёд дорад. Ин моддаи ғизоӣ метавонад мушкили биноӣ, камхунӣ, ислоҳ (дарунравӣ) ва ғайраро бартараф кунад.  Аммо дар баробари ин сабзӣ чанд фавоиди истисноӣ низ дорад, ки мо инҷо онҳолро номбар мекунем.

 

 

1. Садде дар баробари офтобзадагӣ

   Сабзӣ ба андешаи мутахассисон асарбахштарин моддаи ғизоӣ дар баробари офтазадагӣ ба шумор меравад. Нурҳои ултрабунафши офтоб ба пуст осеб расонда, гоҳе авқот дар пуст илтиҳоб эҷод мекунанд. Бетакаротини мавҷуд дар сабзӣ бошад пустро муҳофизат карда, боиси тақвияти он мешавад. Бинобар ин, хурдани оби сабзӣ боиси омодасозии пуст, барои қарор гирифтан дар маърази нури офтоб мегардад.

2. Муқобила бо пукии устухон.

   Хурдани сабзӣ метавонад дар тақвияти усухонҳои одам кумак кунад ва пукии устухонро бартараф кунад. Сабзӣ саршор аз антиоксидонтҳоест, ки ба бадан кумак мекунанд бо фарсудашавии ҳуҷайраҳо ва пирии нобаҳангом муқобила намояд. Барои бартараф кардани ин мушкилот мутахассисон хурдани сабзиро ба шакли хом, пухташуда ва истеъмоли оби сабзиро мураттаб ва пайваста тавсия мекунанд.

3. Муқобила бо камхунӣ.

   Хурдани сабзӣ барои рафъи камхунӣ хеле муфид аст. Сабзӣ хосиятҳое дорад, ки ба тавлиди бештари глобулҳои сурхи хун кумак мекунад ва ин меъёри хунро дар бадан афзоиш медиҳад.

4. Дусти рудаҳо

   Шикамдард, дарунравӣ, ҳолати дилбеҳузурӣ ва ғ. аз ҷумлаи дардҳои маъмулианд, ки бисёр вақт инсонро азият медиҳанд.  замоне, ки рудаҳо наметавонанд ба дурустӣ обро ҷазб кунанд дарунравӣ рух медиҳад. Яке аз равишҳои таъсиргузор дар муқобила бо ин мушкилот низ истифодаи сабзӣ аст. Сабзӣ саршор аз моддаи фибр аст ва фибри пектини маҷуд дар он, обро ҷазб мекунад ва ба ин тартиб аз шиддати ислоҳ (дарунравӣ) пешгирӣ мекунад. Барои рафъи ин мушкилот мутахассисон хурдани сабзиро ба шакли пухта тавсия мекунанд.

5. Нигаҳдори биноӣ

  Бо мурури замон чашмҳои одамӣ заифтар шуда, қудрати биноиашон коста мегардад ва чашмҳо гоҳе дучори бемориҳои дохилӣ мешавад. Хушбахтона сабзӣ нигаҳдори хуби биноӣ ва дусти саломатии чашмони одамист. Ин сабзавоти зардранг дорои антиоксиди қавӣ бо номи лутиин мебошад, ки қодир аст аз шабакаи чашмҳо ҳифозат карда, бемориҳои зиёди чашмро, монанди аз байн рафтани биноии марказии чашм  (дистрофия сетчатки глаза), ки вобаста ба синну соланд, пешгирӣ кунад.

6. Кумак барои ҷавоннигаҳдоштани пуст

   Ба андешаи мутахассисон сабзӣ дар ҷавон ва шодоб нигаҳдоштани пуст низ кумак мекунад. Ин моддаи ғизоӣ на танҳо барои аъзои дохилии бадан муфид аст, балки барои беҳбуди вазъияти пусти мо низ асарбахш аст. Сабзӣ миқдори зиёди бетакоратин ва витамини А дорад, ки аз пирии ҳуҷайраҳои пустӣ пешгирӣ мекунад. Агар дар барномаи ғизоӣ ба таври мураттаб сабзӣ истеъмол кунед, хидмати бузурге барои саломат ва шодобии пустатон хоҳед кард. Дар баробари ин аз сабзӣ метавонед моски хубе барои пуст омода кунед. Барои ин кор нисфи як адад сабзиро бо нисфи як бодиринг омехта кунед ва барӯи пустатон қарор дода, 15 дақиқа нигаҳ доред. Бар асари ин моск пустатон зебо ва шодоб мегардад.

ФОТО