БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ЭЪТИМОД БА НАФС

Бештари мардум маънои воқеъии мафҳуми "эътимод ба нафс" ро ба хубӣ дарк намекунанд. Бап ҳамин далел, он навъ аз эътимод ба нафси вуҷуд бовариро, ки матлуб ва мавриди назарашон аст дар зиндагӣ таҷриба намекунанд.

Бештари одамон фикр мекунанд "эътимод ба нафс" яъне боварӣ ба мавқеъиятҳое, ки дар корҳо ба даст меоваранд. Аммо эътимод ба нафси ҳақиқӣ ва воқеъӣ ин аст, ки қабл аз ин, ки дар коре муваффақ шавем навъе эътимод ба тавоноии худ барои анҷоми он кор дошта бошем. Мутахассисони равоншинос бар ин назаранд, ки иззати нафс "як манобеъи энержӣ аст" ва эътимод ба нафс зерсояи он аст. Ба андешаи равоншиносон эътимод ба нафс яъне дидани худ ба унвони як фарди тавоно ва бо кифоят, дӯстдоштанӣ ва мунҳасир ба фард (ягона). Кифоят яъне тавоноӣ, ки дар ҳадди кофӣ ва тасаллут бар умур бошад. Ба таъбири дигар эътимод ба нафс яъне он эҳсос ва шинохте, ки аз тавоноиҳо ва маҳдудиятҳои берунӣ ва дарунии худ доред. Бино бар ин вақте, ки инсон эътимод ба нафс ва худбоварии худро бар асоси он ки ва он чи ба ростӣ ҳаст (на бар асоси мавқеъиятҳо, дастёбиҳо ё шикастҳо ва нокомиҳои худ) бино мекунад, чизеро дар худ халқ менамояд, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ёрои гирифтани онро аз ӯ нахоҳад дошт. Метавон гуфт, ки эътимод ба нафси воқеъӣ (бо таваҷҷӯҳ ба мафоҳими боло) ҳамавора дар даруни худи инсон тавлид мешавад ва берунӣ нест. Зояндаи таъаҳуди худи инсон ба худаш аст. Ва агар инсон ин таъаҳудро дар худаш эъҷод кунад, ҳар он чи лозим бошад анҷом медиҳад, то ба хостаҳо ва ниёзҳояш бирасад. Эътимод ба нафс бовари шахсии Шумост ба руҳи худатон ба унвони як инсон. Ҳақиқати эътимод ба нафс натарсидан нест, балки он аст, ки инсон бидонад ва мутмаъин бошад, бо ин ки метарсад. Аммо бе гумон даст ба амал хоҳад зад.

Равоншиносон эътимод ба нафсро ба чанд навъ тақсимбандӣ кардаанд:                   

   Эътимод ба нафси рафторӣ;  Ин навъи эътимод ба нафс ба маънои қобилият ва тавоноӣ дар амал кардан ва анҷом додани корҳост. Аз корҳои содда гирифта, то корҳои сахт. Монанди ҷомаи амал пӯшонидан ба руъёҳо. Ин ҳамон навъи эътимод ба нафс аст, ки мавриди назари ағлаби мост.                                                                                                 

   Эътимод ба нафси эҳсосӣ, отифӣ; Ин навъи эътимод ба нафс ба маънои тавонои дар тасаллут ва ба контрол даровардани дунёи эҳсосӣ ва отифии инсон аст. Ин, ки инсон бидонад чи эҳсосоте дорад, маънои онҳоро бифаҳмад ва битавонад интихобҳои эҳсосии дурусте дошта бошад. Ва аз худ дар муқобили дард ва ранҷҳои руҳӣ ва латмаҳо ва садамаҳои отифӣ муҳофизат кунад ва бидонад чи гуна равобити самимӣ, солим ва мондагор халқ намояд.                                         

   Эътимод ба нафси руҳӣ ва маънавӣ; Ин навъи эътимод ба нафс аз муҳимтарин анвоъи он мебошад. Ин навъ аз эътимод ба нафс ҳамоно эътимод ва боварии инсон ба ҷаҳони ҳастӣ ва кулли офариниш ва мавҷудот аст. Ин боварӣ ё имони руҳӣ, ки зиндагӣ ҳадаф ва ниҳояти мусбатро дар пай хоҳад дошт ва шумо ба хотири ҳадафи он ҳастед ва зиндагии 70, 80, 90 солаатон бар рӯи ин курраи хокӣ, ҳадаф ва мақсудеро дунбол мекунад.                                                                               

   Эътимод ба нафс он аст, ки инсон бовари дошта бошад, метавонад ва тавоноии онро дорад, ки шароит ва авзоъи зиндагиро, бо ба кор гирифтани тамоми тавон, ба нафъи худ тағйир диҳад. Ҳоло чи гуна ин эътимод ба нафсро дар худ тақвият диҳем? Гузаштаро наметавон тағйир дод, аммо ояндаро мешавад дигар кард. Гузашаро бояд бипазиред ва ояндаро дигаргун кунед. Ҳар инсон бояд бидонад, ки оянда чизе нест ҷуз андешаҳои ӯ ва кӯшиш барои офаридани онҳо.              

Асли аввал: Оянда ҳанӯз офарида нашудааст. Бояд оқилона ба гузашшта нигоҳ кард ва андеша ва вақти худро сарфи чизе кард, ки тавони офиридан ва дигаргун сохтани онро дошта бошем. Дар бораи аҳдофатон бо худ гуфтугӯ кунед.          

Асли дуввум: Аҳдоф бояд воқеъӣ ва маъқул бошанд, на баланпарвозона, ки дастраси ба онҳо мумкин набошад ва на пеши по афтода, ки арзиши кӯшиданро надошта бошанд. Бидонед, ки муввафақият дар аҳдофи кӯтоҳ инсонро барои даст ёфтан ба аҳдофи баландмуддат ташвиқ мекунад ва ангезаи талошро дар инсон бедор месозад. Инсон ҳамавора бояд аҳдофашро ёдовар шавад, то ин аҳдоф бахше аз замири нохудогоҳи ӯ гарданд.                                                                         

Асли саввум: Тасмим гирифтанро тамрин кунед. Равоншиносон собит кардаанд, ки кудаконе, ки дар солҳои аввали зиндагии худ ташвиқ шудаанд, то барои худ тасмим бигиранд аз кудаконе, ки ин мавқеъиятро надоштанд эътимод ба нафси болотаре доштаанд. Тамрини тасмимгирӣ ба инсон кумак мекунад, то нисбат ба қудрати қазовати худ итминони бештареро ба даст оварад ва дар натиҷа эътимод ба нафси комилтаре касб намояд. Аммо ёдатон бошад, ки қазовати дуруст натиҷаи таҷриба аст ва таҷриба худ натиҷаи чандин қазовати нодуруст. Бинобар ин аз ҳар фурсате барои тасмимгирӣ истифода баред ва ин нерӯро дар худ парвариш диҳед. бидонед, ки тасимгирӣ баробар бар хатарпазирӣ ва эҳсоси масъулият аст.                   

Асли чорум: Аз натоиҷе, ки мехоҳед ба даст оваред тасвири равшане дошта бошед. Ин кор боис мешавад нерӯи худро барои ҳадафи аслӣ мутамаркиз кунед. Ин бархурди тасвирӣ бо ҳамаи ормонҳо ва аҳдоф ба инсон кумак мекунад, то кам кам заминаҳои дастёбӣ ба онҳоро фароҳам созад. Агар мехоҳед аз шарри хислате раҳо шавед худро дар ҳолате тасвир кунед, ки аз он хислат ҳеҷ асаре дар шумо нест. Ҳамин тасвир ва такрори он ба шумо кумак мекунад, то аз он хислати нохушоянд раҳо шавед. Бидонед ин кор хаёлпардозии бехосият нест, балки воқеъияти равоншинохтии пазируфташудае аст, ки ба бисёр касон ёрӣ расонидааст.                                                           

Асли панҷум: Бидонед, ки огоҳии умумӣ лавозими зиндагии фардӣ ва иҷтимоӣ аст, аммо кофӣ нест. барои пешрафт дар зиндагии фардӣ ва ҳирфаӣ шумо бояд дар заминаҳое мутахассис бошед. Ҳамин нукта, ки шумо чизе медонед ва дигарон намедонанд ба инсон эътимод ба нафс медиҳад. Бояд омӯзиши мудовимро ба унвони як асл дар зиндагии хеш бипазиред ва он гоҳ сад дар сад эътимод ба нафс дар шумо зоҳир хоҳад шуд.

ФОТО