БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ТАНГИИ МАЧРОИ ПЕШОБГУЗАР Ё СТРИКТУРАИ УРЕТРА

Мутахассиси бахши

урологии Бемористони

Ибни Сино, доктор

Азизов Умар Қурбоналиевич 

 

Маҷрои пешобгузар ё уретра узве мебошад, ки вазифаи асосиаш хориҷ кардани идрор аз масона ва гузаронидани нутфа ба шумор меравад.

Ба андешаи мутахассиси бахши урологии  Бемористони Ибни Сино, доктор Азизов Умар Қурбоналиевич дар тибби муосир тангии маҷрои пешобгузар ё стриктураи уретра гуфта, тангшавии патологии маҷрои пешобгузарро меноманд.  Тангии маҷрои пешобгузар дар замони имрӯза яке аз мушкилиҳои ҳалталаби соҳаи урологӣ ба шумор меравад ва бештар миёни мардон вомехӯрад. Бемории мазкур миёни бемориҳои урологӣ,  дар 2-3%-и мардони синну солашон қобили меҳнат ба назар мерасад. 

Тангии маҷрои пешобгузар дар бештари ҳолатҳо баъд аз осебгириҳои кунд дар чатан (ҳангоми афтидан ба болои ҷисми сахт, ҳангоми футболбозӣ, дучархаронӣ, табобати нодуруст, яъне катетерзанихои нодурусти маҷро ё масона) ва баъди илтиҳобҳои гуногуни уретра (уретритҳо) пайдо мешавад. Сабаби зуд иллатдор шудани маҷрои пешобгузар ба андешаи доктор аз ҷойгиршавии физиоложии ин узв вобастаги дорад. Узви мазкур борику дароз буда, хамгаштҳои зиёд дорад ва осебпазириаш ҳам зиёд аст.

Тангиҳои маҷро дар ҳамаи кисматҳои ин узв ба амал омада метавонанд, аммо бештари ҳолатхо дар қисми қафо (оқибгоҳ) ё қисми булбозӣ ба вуҷуд меоянд, ки ин дар навабати худ аз сохти анатомии маҷрои пешобгузхар ва авомили таъсиркунанда ба он вобастагӣ дорад. 

Новобаста аз ин, ки дар шароити муосир аз ҷониби мутахассисони соҳа, усулҳои нави ташхис ва муолиҷаи ин беморӣ коркард гардидаанд, то ҳол барои муайян кардани усули беҳтарини табобат ва пешгирии дубораи тангшавии маҷро (ретседив) баҳсу мунозираҳо идома дорад.  

Яке аз усулҳои ҷадиди табобати ин беморӣ - ҷарроҳии эндоуретротомия ё интерналуретротомия мебошад.

Ҷарроҳии мазкур бо усули инвазивӣ (ба василаи эндоскоп), бе буриш анҷом дода мешавад.

Бартариҳои асосии усули мазкур иборатанд аз;

Давомнокии кутоҳи чаррохи (ҷарроҳии эндоуретромия дар зарфи 15-20 дақиқа анҷом дода мешавад).

Дар ҷарроҳии мазкур хунравӣ қариб дида намешавад.

Мӯҳлати камтарини бистарии бемор (1 ё 2рӯз).

Зудтар барқароршавии бемор ва баргаштанаш ба ҳаёти маъмулӣ.

Бояд қайд кард, ки тангии маҷрои пешбгузар (стриктураи уретра) пурра табобатшуда ҳисобида мешавад, агар баъд аз катетерзании уретра, дар давоми як соли баъд аз амал дубора тангшавии он (ретседив) ба амал наояд!!!

ФОТО