БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ТАБОБАТИ САРАТОНИ ПРОСТОТ ДАР МАРОҲИЛИ ГУНОГУН ВА УСУЛҲОИ САМАРАНОКИ ТАБОБАТ.

    Саратоншиноси Бемористони  Ибни Сино,

    доктор Зарипов Асадулло  Гадоевич.  

     

    Саратони ғадуди прстата мушкилест, ки ба он ҳар як мард метавонад дучор шавад. Дар ҳоли ҳозир усули боэътимоди пешгирии ин беморӣ вуҷуд надорад ва фаҳмидани хатари дучоршудан ба онро ҳам касе наметавонад пешгӯи кунад.

     
  • ПОЙҲО АЗ ЧИ БЕМОРИЕ МЕТАВОНАНД ХАБАР ДИҲАНД?

    Вуҷуди ҳар гуна тағйири зоҳирӣ дар ноҳияи пойҳо, метавонад аз бемории хосе дар бадан хабар диҳад. Тағйир дар зоҳир ё ранги пӯсти пой, метавонад нишонаи вазъи саломатии баданро баён кунад ва мо чанд аълоимӣ муҳимро, ки нишон медиҳанд, бадани инсон дар чи вазъе қарор дорад инҷо меорем.

     
  • ЧИ ГУНА ОЗМОИШИ ХУНРО МЕШАВАД ХОНД?

    Мудири бахши  озмоишгоҳи

    Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино,

    Хуросон Набиева.

     

    Хондан ва фаҳми озмоиши хун барои афроде, ки маълумоти тиббӣ надоранд мушкил эҷод мекунад. Чаро, ки ин озмоиш барои табибон тартиб дода мешавад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ТАБОБАТИ МУОСИРИ БЕМОРИҲОИ ЧАШМ

Мутахассиси бахши

офталмологии Клиникаи Ибн Сино

доктор Шахло Бобоҷонова

 

Олимон муайян намудаанд, ки инсон 90%и маълумотро дар бораи муҳити гирду атроф ба василаи чашмҳо дарёфт менамояд. Ин маънои онро дорад, ки чашмҳо яке аз узвҳои муҳими инсон ба ҳисоб мераванд.

Мо дар асри технологияҳои компютерӣ, суръатҳои баланд, ҳолатҳои номусоиди экологӣ умр ба сар мебарем, ки ин ҳолатҳо ба чашмони мо таъсири манфӣ мерасонанд. Ҳоло беш аз ҳама ҳолатҳои пастшавии тезбинии чашм мушоҳида карда мешавад. Сабабҳои он зиёдант. Ба ин мисол шуда метавонад: риоя накардани гигиенаи босира, таъсири васоили техникӣ (компютер, телевизор, телефонҳои мобилӣ) ба чашмҳо, инчунин бемориҳо, сириятҳо ва осебҳои гуногуни дигари узви биноӣ. Мутаасифона бештари ин сабабҳо ба нобиноии инсон оварда мерасонанд. Масалан, бемориҳои зерини чашм монанди: оби марворид (катаракта), фишорбаландии чашм (глаукома) дар сурати сари вақт ва дуруст табобат накардан, ба пурра аз даст додани нерӯи биноӣ мунҷар мегарданд.                                                                       

Дар Бемористони Ибни Сино бахши чашмпизишкӣ (офталмологӣ) фаъолият менамояд, ки бо муоина ва муолиҷаи бемориҳои чашм машғул аст. Дар ин ҷо бо истифода аз таҷҳизоти муосир ва усулҳои навтарини табобат муоинаҳои зерин анҷом дода мешаванд:

1. Визометрия - муйян намудани тезбинии чашм.

2. Авторефракератометрия - таҳқиқи компютерӣ қарнияи чашм, ки дар муддати якчанд дақиқа дараҷаи пастшавӣ - тезбинии чашмро муйян менамояд.

3. Ретиноскопия - аз назаргузаронии қаъри чашм ба воситаи таҷҳизоти махсус бо имконияти таҳқиқи шабакия, ҳалқаи асаби биноӣ ва рагҳои қаъри чашм, минтақаи макула дар шабакия.

4. Биомикроскопия - муоинаи қисмҳои пеши курраи чашм (қарния, рагҳои навпайдошуда, хирашавии булурак ва ҷурми шишамонанд).

5. Тонометрия - чен кардани фишори чашм.

6. Линзометрия - муоинаи дараҷаи айнак.                                          

Мутахассисони бахш дар табобати бемориҳо ҳам усулҳои консервативӣ (доругӣ) ва ҳам усулҳои ҷарроҳиро васеъ истифода мебаранд. Дар бахши чашмпизишкии бемористон бо истифода аз усулҳои муосир ҷарроҳиҳои зерини чашм анҷом дода мешаванд:

А. Факоэмулсификасия(ҷарроҳии оби марворид- катаракта)

Б. Ҷарроҳии олусӣ ва оризаҳояш.

В. Синустрабекулэктомия - ҷарроҳии фишорбаланди дар чашм (глаукома).

Г. Дакриосисториностомия (DCR) ҷарроҳӣ дар узвҳои ашк ва оризаҳояш.

Д. Гирифтани нохунак  (птерегиум).

Е. Блефаропластика.

 

 

ФОТО