БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ОКСАЛАТУРИЯ ЧИСТ?

    Мудири бахши урологии

    Бемористони Ибни Сино,

    доктор Аминов Мубин.

     

    Оксалатурия бемориест, ки бо болоравии туршии шавел (намаки оксалат) дар пешоб зоҳир мешавад.

     
  • ҚУРСИ ПИОГЛИТАЗОН

    Унвони мақола

    Қурси Пиоглитазон: ҳалқаи тиллоии гумшудаи занҷираи дармони диабети навъи II дар кишвари Тоҷикистон

     

    Аббос Таваккулиёни Арҷманд: интернист, эндокринолог, диабетолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    *Каримова Фарзона: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон 

    Диловар Маҳмадёров: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

     

    Унвони кўтоҳ

    Қурси Пиоглитазон: доруи дар ҳадду андозаи Метформин, аммо ношинохта дар Тоҷикистон

     

      *Нависандаи тарафи мукотибот: Каримова Фарзона, www.ibnisino.tj, Бемористони Байналмиллалии ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

     
  • ОЁ БЕМОРИИ ДИАБЕТИ ҚАНДИ НАВЪИ II-РО ДАР ТОҶИКИСТОН ДУРУСТ ТАБОБАТ МЕКУНАНД?

      Унвони аслӣ

     

    Баррасии наҳваи дармони диабети қанди  навъи II  бо доруҳои хӯрокии зидди диабет дар Тоҷикистон; Оё дорухатҳо бо  дастурамалҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошанд?

     

    Аббос Таваккулиени Арҷманд, интернист, эндокринолог, диабетолог, Клиникаи байналмиллалии  Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    *Диловар Маҳмадёров, кардиолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    Абдухалил Холиқзода, раиси ҳайати мудирони  Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

     

     Унвони кӯтоҳ.

    Оё диабети қанди навъи II-ро дар Тоҷикистон дуруст табобат мефармоянд?

     

     *Нависандаи тарафи мукотибот:  Диловар Маҳмадёров, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., +992933333138

     

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ОЗМОИШГОҲ

Мудири озмоишгоҳи

Бемористони Ибни Сино,

Набиева Хуросон

 

Озмоишгоҳи Бемористони Ибни Сино бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он мутахассисони дараҷаи олӣ, ки дар хориҷ аз кишвар малака ва таҷрибаи кориашонро сайқал додаанд фаъолият мекунанд.

Озмошгоҳ дар раванди ташхис ва табобати беморӣ нақши боризе дорад. Озмоишгоҳи бемористон асосан ба таҳқиқи материалҳои биологии гуногун, ки дар муаян намудан ва табобати бемориҳо нақши муҳиме доранд, машғул мебошад.  Дар озмоишгоҳ фаъолияти гурда, ҷигар, ғадуди зери меъда, санҷиши хусусиёти хун, пешоб, саргин ва дигар масолеҳи бадани одамӣ мавриди таҳқиқ қарор мегиранд ва дар асоси ин таҳқиқотҳо тавсифи дақиқӣ ин ё он узв дода мешавад. Инчунин дар озмоишгоҳи бемористон таҳлили умумӣ ва муфассали хун, таҳлилҳои биохимявӣ, ферментҳои гуногун, таҳлили умумии пешоб, серология, бактериология, таҳлилҳои имуноферментӣ, таҳлилҳои ҳормоналӣ ва системаи лахташави хун гузаронида мешавад.

Озмоишгоҳи Бемористони Ибни Сино яке аз муҳимтарин бахшҳои беморитон ба шумор меравад. Аҳамият ва лавозимӣ озмоишгоҳро наметавон нодида гирифт. Муваффақияти ташхиси бемористон дар табобати бемориҳои гуногун, маҳз аз фаолияти озмоишгоҳ вобастагӣ дорад. Мутахассисони озмоишгоҳ ҳангоми бархурд бо мизоҷон кӯшиш мекунанд бо онҳо боҳтиромона муносибат кунанд ва дар раванди таҳқиқ бо дигар бахшҳои бемористон ва табибон равобити танготанг доранд. Кори мутахасссони озмоишгоҳ бисёр махсус буда, таваҷҷӯҳи хосеро тақозо мекунад. Чун ташхис ва табобати дурусти мизоҷони мо аз онҳо вобастагӣ дорад.

Таҷҳизоти замонавии озмоишгоҳ имкон медиҳад муоинаи дақиқи ин ё он мавод, ҷавобгӯ бо стандартҳои ҷаҳонӣ амалӣ гардад. Барои мисол, чанде қабл озмоишгоҳи бемористон соҳиби якчанд дастгоҳҳои нодири ташхиси хун гардид, ки онҳо таҳлилҳои умумии хунро, бо стандартҳои ҷаҳонӣ имкон медиҳанд. Бояд гуфт, ки дар озмоишгоҳи бемористон танҳо аз хун садҳо намуди озмоишҳо гирифта мешаванд. Барои мисол таҳлили умумии хун, бохимияи хун, лахташавии хун, муайян шудани вақти лахташавии хун, серология, газҳои хун ва ғайра. Инчунин мо озмоиши имунноферментию бактериологӣ, озмоишҳои нутфа, озмоишҳои таҳлили умумии пешоб, капрология ва ғайра мегузаронем. Вобаста аз теъдоди намакҳо, гази хун ва микроэлементҳои хун маълум мешаванд, ки кори гурда, шуш, ҷигар ва дигар узвҳоро муаян мекунанд. Инчунин аз бофтаю мушакҳо ва омосҳо пораи ҳуҷайраҳои бемор (биопсия) бардошта мешавад ва хушхим ва ё вахим будани он муайян мегардад.  Инчунин озмоишгоҳи бемористон дорои дастгоҳи автоматии Минивойдос мебошад ва он имкон медиҳад, ташхис бо суръат ва сифати баланд ва дар кӯтоҳтарин муддат анҷом дода шавад. Ин дастгоҳ қобилияти анҷоми 57 тести озмоиширо доро мебошад. Барои бехатарии мизоҷон ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, дар озмоишгоҳ танҳо аз васоили якмасраф истифода мебаранд. Нархҳои хизматрасонии озмоишгоҳи бемористон низ аз дигар муасисаҳои табобатии кишвар чандон тафовут надоранд.

 

 

ФОТО