БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ТАБОБАТИ САРАТОНИ ПРОСТОТ ДАР МАРОҲИЛИ ГУНОГУН ВА УСУЛҲОИ САМАРАНОКИ ТАБОБАТ.

    Саратоншиноси Бемористони  Ибни Сино,

    доктор Зарипов Асадулло  Гадоевич.  

     

    Саратони ғадуди прстата мушкилест, ки ба он ҳар як мард метавонад дучор шавад. Дар ҳоли ҳозир усули боэътимоди пешгирии ин беморӣ вуҷуд надорад ва фаҳмидани хатари дучоршудан ба онро ҳам касе наметавонад пешгӯи кунад.

     
  • ПОЙҲО АЗ ЧИ БЕМОРИЕ МЕТАВОНАНД ХАБАР ДИҲАНД?

    Вуҷуди ҳар гуна тағйири зоҳирӣ дар ноҳияи пойҳо, метавонад аз бемории хосе дар бадан хабар диҳад. Тағйир дар зоҳир ё ранги пӯсти пой, метавонад нишонаи вазъи саломатии баданро баён кунад ва мо чанд аълоимӣ муҳимро, ки нишон медиҳанд, бадани инсон дар чи вазъе қарор дорад инҷо меорем.

     
  • ЧИ ГУНА ОЗМОИШИ ХУНРО МЕШАВАД ХОНД?

    Мудири бахши  озмоишгоҳи

    Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино,

    Хуросон Набиева.

     

    Хондан ва фаҳми озмоиши хун барои афроде, ки маълумоти тиббӣ надоранд мушкил эҷод мекунад. Чаро, ки ин озмоиш барои табибон тартиб дода мешавад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

БАХШИ ТАШХИСИ ФУНКСИОНАЛӢ

Ташхиси фуксионалӣ имрӯз ба яке аз самтҳои бисёр муҳими тибби муосир мубаддал гардидааст ва бархе онро ояндаи тибб меноманд. Ин намуди ташхис имрӯз дар бештари дармонгоҳҳову бемористонҳо ба ҳайси сохти ташкилии алоҳида фаолият намуда, ба шакли утоқҳо ва бахшҳои бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардида, созмон дода шудааст.

Ин навъи ташхис ба табибон имкон медиҳад, бемориҳои гуногунро дар марҳилаи ибтидоии онҳо ошкор намоянд ва табобати дурустро ба роҳ монанд.Ташхиси функсионалӣ дар Бемористони Ибни Сино низ, яке аз бахшҳои бо суръат рушдкунанда ба шумор меравад. Бахши мазкур бо таҷҳизоти замонавӣ ва дақиқ муҷаҳҳаз гардидааст. Таҷҳизоти истеҳсоли олмонии ширкатҳои " Siemens" ва "GE" дар соҳаи ташхиси тиббӣ, яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон ба шумор мераванд. Бахши ташхиси функсионалии Бемористони Ибни Сино аз Ултрасадо (УЗИ усули таҳқиқи ултрасадоӣ), ЭКГ (кардиография барқӣ), Эхо-КГ (эхо кардиография), спирометр ва томографияи компютерӣ иборат ёфтааст. Ин таҷҳизот имкон медиҳанд табибон ташхиси дурусти ҳар бемориро муаян намуда, табобати саҳеҳ ва бо самарро ба роҳ монанд.

Барои мисол таҷҳизооти Ултрасадо (УЗИ) дар ин бахши бемористон имкон медиҳад, маълумотҳоро дар мавриди мариз чанд сол маҳфуз нигаҳ дорад ва ин дар табобати беморӣ чизи бисёр муҳим ба шумор меравад. Ба василаи Ултрасадо ташхиси гурдаҳо, ҷигар, роҳҳои пешобгузар, узвҳои занона, ҳолати ҷанин дар батни модар ва ғ. гузаронида мешавад. ЭКГ (кардиограмаи барқӣ) бошад имрӯз дақиқтарин ва дастрастарин усули таҳқиқи кори дили инсон буда, дар фаъолияти амбулаторӣ мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтааст. Инчунин дар бахши мазкур барои муаян намудани кори дил аз Эхо КГ ва тести варзиши (спорт тест) истифода мекунанд. Барои ташхиси кори шуш спирометр мавриди истифода қарор мегирад. Қисми дигари ин бахшро ташхиси рентгенӣ ташкил мекунад, ки аз утоқи рентгенӣ ва томографи компютерии истеҳсоли ширкати "Siemens" иборат ёфтааст. Томография компютерӣ низ яке аз бахшҳои самараноки ташхиси функсионалӣ ба шумор меравад. Ин навъи ташхис имкон медиҳад маълумоти дақиқтарро дар мавриди узв ба даст оварда, ташхис ва табобати дурустро заминасозӣ кунанд. Ғайр аз ин дар бемористон озмоишгоҳ ва ташхиси нурӣ (лучевая диагностика) дар хизати мизоҷон қарор доранд. Нархҳои хизматрасонӣ дар бахши ташхиси функсионалии бемористон низ аз дигар муасисаҳои табобатии кишвар чандон тафовут надоранд.

 

ФОТО