БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • МАВОДИ ТАБИИ БАРОИ ПОКСОЗИИ ҶИГАР

    Ҷигар баданро аз ҳама чиз, аз заҳрҳои шимиёи гирифта то вирусҳо ва боктериҳо, ки талош мекунанд ба бадани шумо ворид шаванд, муҳофизат мекунад. Тақрибан тамоми чиҳзое, ки вориди бадани инсон мегарданд, ҳам маводи ғизоии муфид ва ҳам анвоъи заҳрҳо бояд аз ҷигар убур кунанд. Ҷигар дар ҳақиқат дарвозабони ниҳоии бадан аст.

     
  • ПЕШГИРИИ ЗУКОМИ МАВСИМӢ ВА ДИГАР БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ДАР ФАСЛИ ЗИМИСТОН

    Пизишки умумии бемористон,

    Ҳамроалиева Ноҳида

     

    Дар фасли зимистон, маъмулан, бемориҳои сироятии роҳҳои нафас афзоиш пайдо мекунанд. Дар бештари маворид, зуком тавассути вирусҳо сироят меёбад, вале сирояти бактериявӣ низ зиёд мушоҳида мегардад ва сабаби асосии сирояти бактериявӣ,аворизи бемориҳои вирусӣ ба шумор мераванд.

     
  • ЧӢ ГУНА ВА ЧӢ МИҚДОР БАДАНРО БОЯД ШУСТ?

    Мудири бахши физиотеропии

    Бемористони Ибни Сино,                                                                 

    доктор Каримов Муҳибулло Маҳмадалиевич.

     

    Дар гузаштаи на он қадар дур, ҳатто шоҳони аврупоӣ низ танҳо чанд маротиба дар як моҳ худро мешустанд.  Албатта имрӯз меъёрҳои гигиенӣ тағйир ёфтаанд. Зеро қариб барои ҳамаи афрод  души ҳар рӯза ба меъёр табдил ёфтааст. Ҳоло мо ин масъаларо ба таври муфассал баррасӣ хоҳем кард.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

БАХШИ ДАНДОНПИЗИШКӢ.

Бахши дандонпизишкии Бемористони Ибни Сино яке аз бахшҳои муҳими бемористон ба шумор меравад. Ин бахш бо навтарин таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва табобат дар инҷо бо истифода аз навтарин усулҳои кори соҳа, бо такя ба таҷрибаи мутахасисони ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст.

Усулҳои муосири табобат имкон медиҳанд, мариз кучактарин нороҳатӣ ва дардро ҳангоми табобати дандонҳояш ҳис накунад. Ҳатто тазриқи сўзандору ба милк дар бахши мазкур, комилан бедард аст, зеро пеш аз ин амал, ба милки бемор гели махсус молида мешавад. Бедардкунии босифат бошад, ба табибон имкон медиҳад табобатро бо сифат анҷом диҳанд. Дар бахши дандонпизишкии бемористон табобати ҳамаи бемориҳои дандон анҷом дода мешаванд. Инчунин дар бахши мазкур руйкашкунӣ ва имплантгузории дандонҳо низ амалӣ мегардад. Аз ҷумла усули микроруйкашкунӣ ин ҷо васеъ мавриди истифода қарор дода шудааст. Ин усул имкон медиҳад, ки бидуни даст расонидан ба дандонҳои солим, дар муддати кўтоҳ рўйкаш(протез) гузошта шавад.

Дар бахши дандонпизишкии мо, ин амалро дар ду рӯз ба итмом мерасонанд. Асоси дармони дандонро, табобати решаи он ташкил медиҳад ва дар бахши дандопизишкии беморон ба табобати решаи дандонҳо диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Барои назорати сифати дандон дар бахши дандонпизишкӣ, аз визиограф (рентген) истифода мебаранд. Ин дастгоҳи нодир имкон медиҳад, дар ҳамон курсии табобатѝ, саривақт аксбардорѝ ва ташхиси дандон гузаронида шавад. Ҳам вақти мизоҷ сарфа мешавад ва ҳам аз ҳуҷра ба ҳуҷра рафта навбат намеистад ва табиб ҳам билофосила табобатро шурўъ мекунад. Умуман сатҳи пазироӣ, қабул ва хизматрасонии олӣ, бо истифода аз шароити мусоиде, ки дар ин бахш муҳайёст, ба он мусоидат менамояд, ки таваҷҷўҳ ва муроҷиати шаҳрвандон ба ин бахш рўз аз рўз зиёд гардад.

ФОТО