БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ПЕШГИРИИ ЗУКОМИ МАВСИМӢ ВА ДИГАР БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ДАР ФАСЛИ ЗИМИСТОН

    Пизишки умумии бемористон,

    Ҳамроалиева Ноҳида

     

    Дар фасли зимистон, маъмулан, бемориҳои сироятии роҳҳои нафас афзоиш пайдо мекунанд. Дар бештари маворид, зуком тавассути вирусҳо сироят меёбад, вале сирояти бактериявӣ низ зиёд мушоҳида мегардад ва сабаби асосии сирояти бактериявӣ,аворизи бемориҳои вирусӣ ба шумор мераванд.

     
  • ЧӢ ГУНА ВА ЧӢ МИҚДОР БАДАНРО БОЯД ШУСТ?

    Мудири бахши физиотеропии

    Бемористони Ибни Сино,                                                                 

    доктор Каримов Муҳибулло Маҳмадалиевич.

     

    Дар гузаштаи на он қадар дур, ҳатто шоҳони аврупоӣ низ танҳо чанд маротиба дар як моҳ худро мешустанд.  Албатта имрӯз меъёрҳои гигиенӣ тағйир ёфтаанд. Зеро қариб барои ҳамаи афрод  души ҳар рӯза ба меъёр табдил ёфтааст. Ҳоло мо ин масъаларо ба таври муфассал баррасӣ хоҳем кард.

     
  • ОКСАЛАТУРИЯ ЧИСТ?

    Мудири бахши урологии

    Бемористони Ибни Сино,

    доктор Аминов Мубин.

     

    Оксалатурия бемориест, ки бо болоравии туршии шавел (намаки оксалат) дар пешоб зоҳир мешавад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

СТЕАТОЗИ ҶИГАР (ҶИГАРИ ЧАРБИДОР)

Интернист-эндокринолог, дотсенти

Донишгоҳи Шаруди Эрон,

аъзои Шӯрои тибби дохилӣ

ва Шӯрои эндокринологони Эрон

профессор Аббоси Таваккулиён.

 

Профессор Аббоси Тавакуллиён интернист-эндокринологи бо таҷриба буда, бемориҳои гипофез (қисмате аз мағзи сар, ки назорати ҳормоналиро дар бадани инсон ба дӯш дорад), ғадуди бодомшакл (ҷоғар), норасоии ҳормонӣ, фарбеҳӣ ва диабети қандро бо истифода аз усулҳои муосир табобат мекунад.

Мутахассиси варзида бо Бемористони Ибни Сино ҳамкории доимӣ дорад ва сари чанд вақт барои ташхису табобати беморон, ба бемористон сафари корӣ анҷом медиҳад. Сафари навбатии  доктор дар аввали моҳи август ба нақша гирифта шудааст. Инак мо чанд матолиби профессор Таваккулиёнро, дар бобати пешгирии бемории диабети қанд ва ҷоғар пешкаши хонандагони худ мегардонем.   

Диабети қанд имрӯз ба яке мушкилоти асосии соҳаи тибб мубаддал гаридааст. Тибқи оморҳои расида, шумораи гирифторон ба ин беморӣ дар ҳамаи кишварҳои дунё рӯз аз рӯз афзоиш меёбад. Ва Тоҷикистон низ аз ин раванд истисно нест. Табобати диабет низ мушкил буда, ин беморӣ аворизи хатарноки зиёде дар пай дорад. Бинобар ин, чораҳои пешгирикунандаи диабет аҳамияти вежа пайдо мекунанд.   

Яке аз сабабҳое, ки метавонад дар ҳолати табобат нашудан, инсонро гирифтор ба бемории қанд гардонад стеатоз ё чарби гирифтани ҷигар мебошад. Стеатози ҷигар пеш аз он, ки як бемории алоҳида бошад як аломати бисём муҳим ва асосиест, ки аз фаъол будани жени диабетӣ ё бемории диабети қанд дарак медиҳад. Дар ҳақиқат, стеатози ҷигар як аломати ҳушдордиҳандаи ҷиддӣ аст, ки хабар медиҳад бемории қанд дар роҳ аст. Ташхиси стеатози ҷигар тавассути  Ултрасадо муайян карда мешавад. Шахсе, ки Ултрасадо дар ҷигараш чарбии зиёд нишон дод,  дар муддати камтар аз 5 то 7 сол метавонад ба бемории диабети қанд, фишори хун, норасоии кори дил ва тағйрот дар чарбиҳои хун мубатало гардад. Ва ҳосили ҷамъи ин ҳама, инсонро метавонад ба сактаи қалбӣ оварда расонад, ки як гирифтории бузург аст. Стеатози ҷигар хусусан барои афроде, ки тамоюли ирсӣ ба бемории диабети қанд доранд (яъне дар авлодашон ашхоси гирифтор ба бемории қанд вуҷуд доранд) хатарнок аст. Ин афрод бояд ҳар сол як маротиба аз ташхиси Ултрасадои ҷигар гузаранд. Ва ҳангоми муайян шудани  стеатоз, яъне чарби гирифтани ҷигар, барои пешгирӣ ва табобат ҳатман ба мутахассиси эндокринолог муроҷиат намоянд.  

ФОТО