БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • УСУЛ ВА РАВИШИ МУАЙЯН КАРДАНИ ГУРӮҲИ ХУНИ ОДАМӢ

    Мудири озмоишгоҳи Бемористони Ибни Сино,

    Хуросон Набиева

     

    Сурми хунӣ дорои ин ё он оглутинин, барои тасдиқ ё радди вуҷуди оглутиногени муносиб дар эритротситҳои (галбули сурх) мавриди таҳқиқ, ба сифати вокунишдиҳанда (ректив) комилан муносиб аст.

     
  • РАВИШИ АКАДЕМИКИ НИГОРИШИ ЯК МАҚОЛАИ ИЛМӢ ДАР ЗАМИНАИ ТИБ

    Муаллиф – Аббоси Тавакуллиён Арҷманд – эндокринологи Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    Баргардон ба хати кириллӣ ва вироишӣ – Абдухалил Холиқзода, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, ш.Душанбе, Тоҷикистон, к.Фотеҳ Ниёзи 34, +992446400102; +992446400103, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

     
  • РӮДАИ СОЛИМ ВА НАҚШИ ОН ДАР САЛОМАТӢ!

    Рӯдаи инсон саршор аз боктириҳо аст ва ин боктириҳоро боктириҳои муфид меноманд. Яке аз асилтарин хадамоте, ки боктириҳои рӯда ироъа мекунанд, синтез кардани маводи мағзии ғизоӣ аст, ки инсон мехӯрад. Вақте мавзӯъи ҷазби мапводи мағзи пеш меояд, чизе ки мехуред зиёд нақш надорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ТАБОБАТИ БЕМОРОНИ ДОРОИ ПРОСТАТИТИ МУЗМИН, БО АВОРИЗИ СКЛЕРОЗИ ҒАДУДИ ПРОСТАТА БО УСУЛИ ҶАРРОҲИИ БАРҚИИ ТРАНСУРЕТРАЛӢ.

М.М. Аминов, А.А. Абдулвоҳидов,

С.Х.  Мусавибаҳор, Р. Ғафуров, А. Раҷабов,

 М. Пулотов, У. Азизов.

                            

Муҳимият. Простатити музмин (хронический) аз ҳама бемории паҳнгардидаи узвҳои ҷинсии мард ба шумор меравад ва аксаран дар мардони  синну соли қобили меҳнат ва аз нигоҳи ҷинсӣ фаъол ба назар мерасад.

Паҳншавии аз ҳад зиёд, зуҳуроти хусусиёти вазнини асосии клиникӣ (аломатҳои дардӣ  ва дизурикӣ, безурёти дар оила, халалдоргаштани муносиботи ҷинсӣ ва ғ.) ва зарурати муроҷиати тез тез ба духтур дар синну соли нисбатан ҷавон, простатити музминро на фақат мушкилоти тиббӣ, балки  мушкилоти иҷтимоъӣ низ мегардонанд. 

Склерози ғадуди простата яке аз мароҳили хотимавии простатити музмини илтиҳобӣ  дар простата ба шумор меравад. Маълум аст, ки дар инкишофи простатити кӯҳнашуда халалдоргаштани микросеркулятсия дар простата, ки тариқи таҳқиқотҳои реографикӣ ва эходоплерографикӣ ошкор гардидаанд, аҳамияти амиқ доранд.  Инкишофи склерози простата дар рафти шиддатёфтани илтиҳоби бактериалӣ ва абактериалӣ ба вуқӯ меояд ва онро ҳамчун марҳилаи охирини простатити музмин арзёбӣ мекунанд.

Табобати склерози ғадуди простата ва гарданаи масона вазифаи муҳими урологияи муосир ба шумор меравад, ба хотири паҳншавии зиёди ин бемориҳо хусусан дар миёни мардони синну солашон боло ва пиронсолон. 

Склерозшавии ғадуд ба хурд шудани ҳаҷми  узв, тағироти анатомии қисмати простатитии найи пешобрез (уретра), бисёр вақт ба шаклдигаркунӣ ва тангшавии фосилаи онҳо оварда мерасонад. 

Дар табобати склерози простата бо усули ҷарроҳӣ, вазифаи аввалиндараҷа  бартараф намудани тангии инфравезикалӣ, кам намудани оризаҳои вақти амал ва пас аз он,  беҳтар намудани сифати  ҳаёти бемор  ба шумор меравад. Барои комёб шудан ба ин ҳадафҳо бояд миқдори амалҳои бо усули кушодаро кам карда, усулҳои эндоскопии ҷарроҳиро васе ба роҳ монд.[1,4,5]. 

Максад: Баҳодиҳии бартарияти усули ҷарроҳии барқии трансуретралӣ дар табобати беморони простатити музмин бо оризаи склерози ғадуди простата. 

Мавод ва усули тадқиқот: Аз соли 2012 то 2014 дар шӯъбаи урологии Бемористони Ибни Сино, натиҷаи табобат бо усули эндоскопии 17 бемор бо склерози ғадуди простата, ки дар натиҷаи простатити музмин ба амал омадаанд  санҷида баромада шуд. Ташхис дар асоси аломатҳои беморӣ гузошта шуда, баъдан морфологӣ асоснок карда шуд. 

Сину соли беморон дар ҳудуди  38 то 74 сол қарор дошт ва ба ҳисоби миён 51,4+-3 солро ташкил намуд.

Ҳангоми муроҷиати аввалаи  бемор ба духтур,  бемор саволномаи махсус  оиди дараҷаи зуҳуроти  аломатҳои вайроншавии пешобкунӣ  ва баҳодиҳии сифати ҳаётӣ бо истифода аз   ҷадвали   байналмилалии баҳодиҳии беморони простатити музмин (IPSS) ва ҷадвали сифати ҳаётро (QoP) пур мекард. Ҳамчунин баҳодиҳии шуморавии шикоятҳо аз рӯи ҷадвали  NIH-CPSI (ИМА) ва урофлюометрия гузаронида шуд. 

Диққати махсус ба давомнокии муддати беморӣ, хосият ва дараҷаи вазнинии вайроншавии пешобкунӣ дода шуд. 

Аз ҳамаи беморон озмоишоти умумиклиники ва таҳлили биохимиёвии хун, муоинаи ғадуди простата бо ангушт тавасути маъкад, УСО и ғадуди простата ва масона бо муайян намудани пешоби боқимонда гузаронида шуд. Аз тадқиқотҳое, ки мо дар беморони дорои простатити музмин гузаронидем, маълум гашт, ки аксариати онҳо то оғоз намудани табобат дорои шикоятҳои  хос  ба бемории простатити музмин буданд. 

Натиҷа ва муҳокимаи он. Аз ҳамаи беморон озмоишоти умумиклиники ва таҳлили биохимиёвии хун, муоинаи ғадуди простата бо ангушт тавасути маъкад, УСО и ғадуди простата ва масона бо муайян намудани пешоби боқимонда гузаронида шуд. Аз тадқиқотҳое, ки мо дар беморони дорои простатити музмин гузаронидем, маълум гашт, ки аксариати онҳо то оғоз намудани табобат дорои шикоятҳои  хос  ба бемории простатити музмин буданд. 

Ба ҳамаи беморон се амали эндоскопӣ гузаронида шуд: қисман резексияи трансуретралии ғадуди простата - 10(58,8%), резексияи пураи трансуретралии ғадуди простата  - 5 (29,4%) ва бурида гирифтани ноҳияи склеротикии простата - 2 (11,7%). 14 бемор бо усули спиналӣ ва 3 бемор ба таври умуми (эндотрахеалӣ) беҳис карда шуданд. Давомнокии амалҳо ба ҳисоби миёна 55 +-10 ро ташкил дод. Ҳисоби моёнаи кат/рӯзӣ баъд аз амал 4,4 рузро ташкил дод. Ҳаҷми простата дар ултрасадо ба ҳисоби миёна пеш аз табобат  дар ҳудуди 35,5+-4,2см мукааб  буда  пас  аз табобат ин нишондод ба 29,4+-3,4 см мукааб расид.

Дар натиҷа динамикаи аломатҳо аз рӯи ҷадвали NIH-CPSI (ИМА) ба: нишондоди умумӣ то табобат 26,8 балл, пас аз табобат  то 12,1 балл  поин рафт,  вайроншавии пешобкунӣ (дизурия)  аз -9,42  то  4,4 поин рафт , сифати ҳаёт аз рӯи ин ҷадвал пеш аз табобат 7,3 ва пас аз табобат то 3,1ро ташкил намуд. 

Суръати миёнаи пешобкунӣ (Qmax) то ҷарроҳӣ 9,8мл/с  ташкил медод. Як моҳ баъд аз ҷарроҳӣ бошад то 17,8мл/с  афзоиш ёфт. Ҳаҷми пешоби боқимонда 48,4+-15мл, 15+-05 мл/с  ташкил дод. 

Ҳамин гуна тасвирро мо дар натиҷаи таҳқиқотҳои анкетӣ бо ҷадвали Байналмилалии IPSS ба даст овардем. Натоиҷи ин таҳқиқот дар диаграмма оварда шудааст. 

Камшавии назарраси индекси сифати ҳаёт мизоҷон бо ҷадвали QoL дар натиҷа табобат ба таври возеҳ дар ҷадвалҳо инъикос гардидааст. 

Беҳтаргардидани аломатҳои субективӣ ва обективии беморӣ, баъди ҷарроҳии барқии трансуреталии эндоскопӣ дар беҳтар гардидани амали пешобкунӣ, поин рафтани аломати дардӣ ва дигар зуҳуроти беморӣ ифода мегардид.  Пас  ба таври мусбат ба сифати зиндагии мизоҷон таъсиргузор буд. 

Натоиҷ: Ҳамин тариқ ҷарроҳии барқии трансуретралии эндоскопӣ усули босамар ва боэътимоди аз байн бурдани обструктсияи инфравезикалӣ дар беморони склерози ғадуди простата, ки дар шароити ҷараёни тӯлонии простатити музмин рушд мекунад, ба шумор меравад. Асосан ҳамаи ин ба беҳбудии зиёди сифати зиндагии маризон оварда мерасонад.

ФОТО