БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • КӮТОҲИИ ҚАД

    Эндокринологи бемористон,

    Доктор Аббоси Тавакуллиён.

     

    Ҳар чизе дар ин олам як таърифи хос ва меъёр, тарҳ ва нақшаи махсус дорад. Тақрибан ҳамаи кӯдакон, агар норас ва зудрас таваллуд нашаванд ва ё ба бемории генетикӣ гирифтор набошанд, ҳангоми таваллуд шудан қади онҳо тақрибан аз 47 см то 53 см ва бо таври мутаввасит 50 см хоҳад буд.

     
  • БЕМОРИИ ФИБРОКИСТОЗИ ПИСТОН

    Эндокринологи бемористон,

    Доктор Аббоси Тавакуллиён.

     

    Вуҷуди тӯдаҳои хурд бо теъдоди бисер дар ҳарду пистонро, ки дар назди онҳо кистаҳои хурд дида мешаванд, пистонҳои фиброкистӣ меноманд. Доштани пистонҳои фиброкистӣ аслан ва абадан як мушкили ҷиддӣ намебошанд.

     
  • ЗОБИ БАЪД АЗ ВАЛОДАТ

    Эндокринологи бемористон,

    Доктор Аббоси Тавакуллиён.

                                    

    Як намуди хеле шоеъ аз бемориҳои ғадуди сипаршакл, зоби баъди валодат аст. Аз ҳар 10 зани валодаткарда, яке аз онҳо гирифтори зоби пас аз валодат  мегардад. Зоби баъди валодат дар касоне иттифоқ меуфтад, ки зоби камкори пинҳонӣ дошта бошад, аммо аз вуҷуди он бехабар бошад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ДИАБЕТИ ҚАНД

Интернист эндокринолог,

дотсенти Донишгоҳи Шаруди Эрон,

аъзои Шӯрои тибби дохилӣ ва

Шӯрои эндокринологони Эрон,

профессор Аббоси Тавакуллиён.

 

Бемории диабети қанд  дар ҳамон ибтидо ҳангоме, ки қанди хун хеле зиёд боло нарафтааст дармони шифобахши комил дорад.

Аммо вақте, ки қанди хун болотар рафт ва муддате бе назорат монд, як итифоқи муҳим дар бадан рух медиҳад, ки масмумият (заҳролудшапвӣ) ба қанд номида мешавад. Агар бадане касе ба бемории қанд масмум (заҳролуд) шуд, беморӣ баъд аз он ба дармон муқовим шуда, ба суръат аворизи гурдаҳо, чашм, дил ва захмҳои по зоҳир мешаванд.  Тибқи таҳқиқотҳои охир, агар сатҳи қанди хун   аз 5,5 боло рафта бошад, онро дар тибб ҳолати пешдиабет меноманд ва режими муаяни хурока, варзиш ва табобати доруӣ метавон ба кулли пеши роҳи рушдӣ бемории диабетро бигирад. Биноба ин ҳаргиз ин ҷумларо ба забон наоред, ки: "Ҳануз қандам он қадар боло нарафтааст, ки барои ташхис ва табобат ниёз дошта бошад!!!" Ба ҳамин хотир, бемории қанд  дар ибтидо бояд табобат шавад ва агар сатҳи қанди хун боло равад ва муддати зиёд бемор ба мутахассис муроҷиат накунад, ин табобати диабетро сахт ва баъзан номумкин месозад.

 

ФОТО