БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • КАМХОБӢ, ФИШОРӢ БАЛАНД ВА САКТАИ ҚАЛБӢ

    Тибқи таҳқиқотҳои ҷадиди пизишкӣ, камхобӣ ва хоби бекайфият эҳтимоли боло рафтани фишори хунро афзоиш медиҳад. Пажӯҳишгарони Донишгоҳи Аризонои ИМА ба натиҷа расиданд, ки камхобӣ яке аз авомили бузурги сактаи қалбӣ, сактаи мағзӣ ва ҳатто марги ношӣ аз бемориҳои қалбӣ ва рагӣ мегардад.

     
  • ЭЛЕКТРОКАРДИОГРАФӢ

    Электрокардиогрофӣ (ЭКГ) - усули ба қайдгирӣ ва ташхиси майдонҳои электрикие мобошад, ки дар раванди кори дил шакл мегиранд. Ин навъи ташхис, хусусан дар кордиоложӣ, усули арзон ва бисёр боразиш ба шумор меравад.

     
  • ГУРДА ВА НАҚШИ ОН ДАР БАДАНИ ОДАМӢ.

    Урологи Бемористони Ибни Сино,

    доктор Абдувоҳид Абдусамадов.

     

    Гурда узви муҳими бадани одамӣ ба шумор меравад. Асоситарин вазифаи ин узвҳо - бартараф намудани пасмондаҳо ва ба пешоб табил карани онҳо мебошад. 8 литр хун дар дохили бадани мо дар як рӯз аз 20 то 25 маротиба тавассути гурдаҳо мегузарад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ХАРОБШАВИИ (АТРОФИЯ) МАЙНАИ САР

Мутахассиси бахши асабшиносии

Бемористони Ибни Сино,

асабшиноси дараҷаи олӣ

Сайдалиев Шералӣ Муродович.

 

Майнаи сари одам (эncephalon) аз миллиардҳо ҳуҷайраҳои асаб (нейронҳо), ки бо ҳам алоқаманд буда, дар дунё яке аз механизмҳои комилтарин ва мураккабро ташкил медиҳанд иборат мебошад. Чуноне, ки маълум аст на ҳамаи ҳуҷайраҳои майна дар фаъолияти ин узв ширкат меварзанд.

Мувофиқи маълумотҳои охир танҳо  5-7% аз ин ҳуҷайраҳо фаъол буда, қисмати боқимондаашон дар холати интизорӣ қарор мегиранд. Онҳо танҳо баъди зарарёбӣ ё фавти қисмати зиёди ҳуҷайраҳои дигар фаъол мегарданд. Аммо  ҳолатҳои патологие вуҷуд  доранд, ки сабаби зарарёбӣ ва фавти ҳам сохторҳои ҳуҷайрагии фаолияткунана ва ҳам ҳуҷайраҳои дигари нофаъоли майнаи сар мегарданд.Чунин ҳолатҳоро харобшавии майнаи сар (атрофия головного мозга) меноманд. Харобшавии майнаи сарин бемории ҷудогона набуда, ҳолати патологие мебошад, ки ба оҳиста-оҳиста авҷ гирифтан ва фавтидани ҳуҷайраҳои асаби мағзи сар, ҳамворшавии ҷуйҳои (извилин мозга) майна, тунукшавии қабати қишри мағзи сар ва камшавии вазну андозаи майнаи сар оварда мерасонад. Табиист,ки дар чунин ҳолат ҳаҷми майнаи сар бо таври прогрессивӣ  кам шуда,  функсияҳои асосии он (пеш аз ҳама шуурнокӣ, интелект) зарари ҷиддӣ мебинанд.           

Вобаста ба синну соли муайян, майнаи сари ҳар як кас то андозае хароб мешавад. Вале ин харобшавӣ ҳаддиақал буда, ба пайдошавии ягон аломати патологии асабӣ ва руҳӣ сабабгор намешаванд. Пиршавии  майнаи сари одам аз синни 50-55 солагӣ оғоз меёбад. Ҳангоми расидан ба 70-80 солагӣ вазн ва ҳаҷми мағзи сари ҳамаи одамон камтар мешавад. Бо ҳамин далел  дар ин давра аксаран дар куҳансолон сергапӣ, инҷиқӣ, бетоқатӣ, асабоният, фаромӯшхотирӣ, сустиродагӣ, пастшавии сатҳи шуур (интелект) ва қобилияти фикрӣ  мушоҳида мешаванд. Бо вуҷуди ин, харобшавии физиологии майнаи сар  сабабгори ягон аломати вазнини неврологӣ ва равонӣ ба мисли камақлӣ намешавад. Чунин норасогӣ ба дарозумрии одам зарари ҷиддӣ намерасонад, вале сифати ҳаёти инсонро хеле паст менамояд.                                 

Сабабҳои пайдоиш ва тақсимбандии харобшавии майнаи сар.   

Инкишофи тағиротҳои дегенеративии нейронҳо бештар  вобаста ба синну сол мушоҳида мешаванд. Аммо  маълумотҳои зиёде низ вуҷуд доранд, ки аз пайдоиши аломатҳои харобшавии майнаи сари хурдсолон шаҳодат медиҳанд ва онҳоро бо тағиротҳои куҳансолии метаболизмӣ ва трофикии организм вобаста намудан имконнопазир аст.Дигаргуниҳои дегенеративии нейронҳо мувофиқи маълумотҳои охир  дар  натиҷаи таасуроти мутақо-билаи се омили асоси ба вуҷуд меоянд: омилҳои ирсӣ, омилҳои  фазои беруна (гирду атроф) ва омилҳои дарунаи организм. 

Бештар чунин намудҳои харобшавии (атрофияи) майнаи сар мушоҳида мешаванд: 

 - Харобшавии қишрии майнаи сар.

 - Харобшавии паҳншудаи эncephalon.     

Дар навбати аввал тағйиротҳои дегенеративӣ танҳо дар таркиби қишри мағзи сар ва дар навбати дуюм пайдоиши маконҳои харобшуда,  дар қисматҳои  гуногуни системаи марказии асаб мушоҳида мегарданд. 

Донистан зарур аст! Агар  чунин аломатҳо  дар куҳансолон, ҷавонон ва хурдсолон мушоҳида шаванд, он гоҳ сари вақт ба духтурон муроҷиат намуда, муайян намудани беморие, ки ба он сабабгор шудааст (бояд дар хотир дошт, ки шумораи чунин бемориҳо хеле зиёд аст) ниҳоят зарур аст. Барои ташхиси харобшавии "эncephalon"  дар хурдсолон муоинаи ултасадоии "эncephalon" ва  барои калонсолон томографияи компютерӣ ё томогафияи магнитию резонансии компютерӣ гузаронидан зарур аст. Ин  ба Шумо имкон медиҳад, саломатии бардавоми худро солҳои зиёд нигоҳ доред.             

Сабабҳои харобшавии майнаи сар.       

Сабабҳои  асосии фавти ҳуҷайраҳои асаб:                                       

Бемориҳо ва омилҳои манфии зиёде вуҷуд доранд, ки метавонанд ба халалдоршавии  сохтори нейронҳо ва сипас ба фавт ва харобшавии (атрофияи) авҷгирандаи "эncephalon" оварда расонанд.                   

1. Сабабҳои генетикӣ. Даҳҳо бемориҳои генетикие вуҷуд доранд, ки ба атрофияи авҷгирандаи "эncephalon" сабабгор шуда метавонанд, мисол хореяи Хенгтинтон, склерози паҳншуда.                                                     

2. Беморихҳои сироятӣ ва заҳролудшавиҳои музмин (Хроническая интоксикатсия). Бемориҳои сироятии системаи марказии асаб монанди энсефалитҳо, менингитҳо, менингоэнсефаломиелополи-радикулоневропатияи Маргулис  бо раванди вазнин метавонанд, ки сабаби  пайдоиши харобшавии майнаи сар гарданд. Барои  харобшавии "эncephalon"  дар натиҷаи заҳролудшавӣ мисоли маълумтар метавонад энсефалопатияи машруботӣ (алкоголӣ) ҳисобида шавад, ки сабабгори ҳамворшавии ҷуйҳои майна (извилины мозга), камшавии зиччии сатҳи кишр ва сорхорҳои зериқишрии "эncephalon" мегардад. Ҳамин тавр  фавти нейронҳо аз таъсири манфии маводи мухаддир, баъзе маводҳои доруворӣ, никотин (ва ғайра) ҳам сар мезананд.             

3. Оқибатҳои осеби косахона ва майнаи сар. Яке аз бемориҳои органикии системаи марказии асаб ин осеби косахона ва майнаи сар мебошад. Осеби дохилибатнии майнаи сар ва осебҳои тавлидӣ (ҳангоми валодат) бо оризаҳояшон (масалан гидросефалия) яке аз сабабҳои харобшавии майнаи сари хурдсолон шуда метавонанд. Дар чунин ҳолатҳо харобшавии майнаи сар бештар хусусиятҳои маконӣ дорад. Дар ҷойҳои нейронҳои фавтида ковокиҳои кистозӣ, пайҳо ва маконҳои глиозӣ ба вуҷуд меоянд.               

4. Ишемияи музмини майна. Ин раванд хусусияти паҳншуда дошта, асосан дар  шахсони гирифтори атерозклерози рагҳои майна ва бемории фишорбаландӣ ба вуҷуд меоянд. Аз сабаби зарарёбии рагҳои майна нейронҳо миқдори асосии оксиген ва моддаҳои ғизодиҳандаро намегиранд, ки оқибат ба харобшавӣ ва фавти онҳо мерасонанд. Одамони барнодилу  завқи баланди зиндагӣ дошта, бештар то синну соли баланди кухансолӣ умр дида , дар онҳо ягон аломати харобшавии майнаи сар мушоҳида намешавад.  Вале дар чунин ҳолатҳо низ фаромуш кардан лозим нест, ки ҳам дар сохторҳои майнаи сар ва ҳам дар дигар узвҳои бадани инсон  бо сабаби пайдошавии атеросклероз, ки ба тангшавии  рагҳои бадан сабабгор мешавад тағйиротҳои куллӣ ба вуҷуд меоянд.  Шахсоне ҳастанд,ки дар онҳо инкишофёбии аломатҳои атеросклероз зудтар сар шуда, сабаби пайдоиши  бармаҳалӣ бемориҳои мегарданд. Одатан дар чунини нафарон аломатҳои аёни харобшавии майнаи сар мушоҳида мешаванд.  Намудҳои пешгирии атеросклероз инҳо мебошанд:                                       

 - бурдани тарзи солими ҳаёт; 

- риояи дурусти истеъмоли хурок;               

- серҳаракатии баланди фаъолона ;                           

- рад намудани тамокукашӣ ва истеъмоли маводҳои муқаддир ва спиртдор;   

- назорати  сатҳи фишори хун; 

- истеъмоли  бештари сабзавоту иваз намудани истеъмоли равғани ҳайвонот бо равғани растанӣ;           

- риояи рузҳои кам истеъмолкунии  хурок;       

- машқдиҳии ҳамарӯзаи функсияи хотира;     

5. Беморихои нейродегенеративӣ . Сабаби ин гуруҳи бемориҳо то имруз маълум нагардидааст вале ба ин гурурҳи патологӣ тақрибан  70 % ҳолатҳои камақлии куҳансолӣ рост меоянд. Инҳо бемориҳои Паркинсон, деменсияи Алсгеймер, бемории Пик ва бемории Леви ва ғайраҳо мебошанд.                                                 

6.Фишорбаландии дохили косахонаи сар. Ин омил дар ҳолати вуҷуд доштан дуру дароз ба  моддаи меъёрии мағзисарӣ (эncephalon) фишор оварда, бо мурури замон ба харобшавии он оварда мерасонад. Яке аз мисолҳои маълуми ин далел харобшавии дуюминдараҷаи кудакони гирифтори гидросефалия мебошанд.             

Харобшавии майнаи  норасогиест, ки ба воситаи истифодаи маводҳои дорувории замонавӣ пурра шифо намеёбад. Чунин халалдоршавӣ якбора ба вуҷуд намеояд, бинобарин, онро сари вақт пешгирӣ намудан имконпазир аст.  Дар акси ҳол инсонро то ба дараҷаи камақлӣ оварда мерасонад. Ҳамин тавр маълум мешавад, ки харобшавӣ ин беморӣ набуда, балки оқибати норасогиҳое мебошад, ки сари вақт оқибатҳои ғамангези онро пешгирӣ кардан мумкин аст. Бештар вақт ҳангоми ташхискунонии сарвақтӣ ва чорабиниҳои муолиҷавию профилактикӣ маън кардани авҷи аломатҳои он имконпазир мебошад.

Аломатҳои асосиихаробшавии майнаи сар. Аломатҳои харобшавии мағзи сар бо дегенератсияи авҷгирандаи доимии нейронҳои ҷойгиршавиашон гуногун вобаста мебошад. Бо ҳамин сабаб аломатҳои атрофияи мағзи сар бо мурури вақт афзоиш ёфта, аксаран табобатнашаванда мегарданд. Харобшавии серебралӣ вобаста ба макони зарардида хусусиятҳоиба худ хосро доро мешавад. Ҳангоми харобшавии қисми пешонаи майнаи сар аввалан аломатҳои тағйирёбии шахсият бо зарарёбии функсияҳои когнитивӣ (пастшавии ҷалби диққат, қобилияти хотиравӣ ва коркарди маълумотҳо ва ғайраҳо), сипас тағйиротҳои ҳаракатӣ ба мисли тағйирёбии нутқи беморон ва тағйиротҳои андомҳо хусусан ҳаракатҳои нозуки ангуштони дастон ва дигар қобилиятҳои онҳо пайдо мешаванд. Донистан мухим аст, ки харобшавии қисмати чаккаи сар бо халалдоршавии функсияи мувозинати бадан, худнигаҳдорӣ дар фазо, зарарёбии функсияи сомеа, дарки садо ва фаҳмиши маънои нутқи шунидашуда анҷом меёбад. Инчунин харобшавии майнаи сар ба халалдоршавиҳои ҳаракатӣ, тонуси мушакҳо ва мувозинати бадан халалдоршавиҳои вегетативӣ ( тағйирёбии фишори хун, мувозинати кори дил ба мисли тахикардия ё брадикардия,тоб оварда натавонистан ба пасту баландшавии ҳарорати боду ҳаво ва ғайраҳо) сабабгор мешавад.Ҳамаи аломатҳои харобшавии мағзи сари инсонро номбар кардан  хеле мушкил аст, чунки равндҳои патологӣ метавонанд ҷойгиршавии гуногун ва номаҳдуд ,маконҳои ягона ва бисёрмаконаро доро бошанд. Харобшавии майнаи сар ин норасогие ҳаст, ки он ба воситаи истифодаи маводҳои дорувории замонавӣ пурра шифо намеёбад. Чунин халалдоршавӣ якбора ба вуҷуд намеояд, бинобарин онро сари вақт пешгирӣ намудан имконпазир аст.Дар акси ҳол то ба дараҷаи камақлӣ (слабоумия) оварда мерасонад. Харобшавии эncephalon дар ҳолати беаҳамиятӣ намудан ба раванди он ба халалдоршавии шахсият расонида, метавонад бо оқибати нохуш анҷом ёбад. Вале ҳангоми ташхискунонии саривақтӣ бо ёрии маводҳои доруворӣ, саъй намуда, дар ҳолати хубтар нигоҳ доштани функсияи эncephalon, дигар узвҳо ва системаҳои бадан, истифодаи табобатҳои симптоматикӣ авҷи ин бемориро паст карда, холати маризонро беҳтар гардонида,дарозумрии онҳоро то даҳҳо сол зиёд намудан имконпазир аст.         

Харобшавии ҳароммағз (Atrofiaemedullaspinalis). Ҳароммағзи инсон метавонад, ки бо тариқи рефлекторӣ аксуламалҳои ҳаракатӣ ва вегетативиро  анҷом диҳад. Нейронҳои ҳаракатии асаб (двигательные  нейроны)    функсияи асабтаъминкунии ҳамаи системаи мушакҳои бадан, аз он ҷумла диафрагма ва мушакҳои байниқабурғавиро иҷро мекунад. Ба ғайри ин  марказҳои симпатикӣ ва парасипатикии системаи вегетативии асабҳо вуҷуд доранд, ки аз болои асабтаъминкунии дил, узвҳои ҳозима ва дигар сохторҳои бадан назорат мекунанд.  Масалан дар сегменти қисми қафаси синаи ҳароммағз маркази васеъшавии мардумаки чашмон ва маркази симпатикии асабтаъминкунии дил ҷойгир мебошанд.  Дар қисмати чорбанд  марказҳои парасимпатикие ҷойгиранд, ки барои асабтаъминкунии функсияи пешобронӣ ва қобилиятҳои узвҳои ҷинсӣ назорат менамоянд. Атрофияи ҳароммағз вобаста ба макони норасогии асабҳои ҳароммағз  бо халалдоршавии ҳиссиётӣ - ҳангоми зарарёбии нейронҳои решачаҳои қафогӣ, ва ҳамчун халалдоршавиҳои  фаъолиятҳои ҳаракатӣ - ҳангоми зарабинии нейронҳои решачаҳои пеши ҳароммағз ифода меёбанд. Дар натиҷаи халалдоршавии мунтазами сегментҳои ҷудогонаи ҳароммағз норасогии функсияи узвҳое пайдо мешаванд, ки асабтаъминкуниашон ба он сегментҳо вобаста бошад. Ҳамин тариқ нест шудани  аксуламалҳои (рефлексҳои) зону дар натиҷаи вайроншавии нейронҳои сегментҳои 2-3-юми мавзеи  камари ҳароммағз, зери кафи пойҳо (подошвенного) сегменти 5-ум ва халалдоршавии кашишхурии мушакҳои шикам ҳангоми атрофияи нейронҳои сегментҳои 8-12-уми мавзеи қафаси синаи ҳароммағз мушоҳида мегарданд. Аз ҳама хавфноктарин атрофияи нейронҳои сегментҳои 3-4-уми мавзеи гардани ҳароммағз аст, чунки дар онҷо маркази асабтаъминкунии ҳаракатдихандаи мушакҳои диафрагма ҷойгир аст ва тавассути вайроншавии функсияи нафаскашӣ аз зарарбинии ҷиддии ҳаёти беморон таҳдид менамояд.           

Табобати харобшавии(атрофияи) майнаи сари одам.Табобати атрофияи майнаи сари одам – кори комплексии мураккабест, ки барои иҷроиши он духтур баъди муоинаҳои ҳаматарафаи бемор бояд шурӯъ намояд. Бояд қайд намуд,ки бо чунин ташхис дар муассисаҳои тиббӣ бистарӣ намудан ва нигоҳ доштани беморон ба саломатии онҳо хеле зарарнок буда, авҷи бемориашонро тезонида,фақат метавонад,ки вазъи  саломатии онҳоро бадтар намоянд. Барои табобати бомуваффақияти атрофияи майнаи сар аз тарафи наздикону пайвандони бемор ба ӯ аҳамияти махсус додан ва  ташкил намудани нигоҳу бини  хуб зарураст. Барои чунин беморон   фазои орому мувофиқ  ҳам дар шароити хонагӣ ва ҳам дар ҷои кор ташкил намудан  фоидаовар мебошад.Тарзи ҳаёти онхоро ба пуррагӣ иваз намудан тавсия дода намешавад, чунки дар чунин ҳолат аломатҳои дегенеративии саршудаистода нисбатан тезтар авҷ мегиранд.

Ба  усули табобатҳои доругӣ инҳо мансубанд: Маводҳои таскиндиҳанда ва транквили-заторҳои сабук; антидепрессантҳо; нейропротекторҳо; ноотропҳо; маводҳои беҳтаркунандаи хунгардиши майнаи сар, метаболитҳо, антиоксидантҳо ва антигипоксантҳо. Аз ду гуруҳи аввали дорувориҳо (амитриптилен, афабазол, алпрозолам, флуоксетин, пароксетин и др.),  барои меъёрӣ гардонидани кори системаи асаб ва мубориза бар зидди  ваҳму изтиробу нооромии маризон равона шудааст. Таиноти онҳо барои  пешгирии оқибатҳои беморӣ ва пасткунии  раванди атрофияи майнаи сар  имконият  медиҳанд. Доруҳои гуруҳи ноотропҳо, (Пирацетам, ноотропил, фенотропил)  нейропротекторҳо (глисин,глиатилин, кортексин ва ғайраҳо) метаболизми бофтаҳои асабро беҳтар намуда, ҳуҷайраҳои асабро аз таасуроти заҳролудӣ ва фавтидан муҳофизат карда, суръати авҷи аломатҳои бемориро паст мекунанд. Азбаски сабаби  харобшавии майнаи сар бештар атрофияи рагҳои майнаи сар мебошанд барои табобати он доруҳои беҳкунандаи  ғизогирии танаи рагҳо, ҳунгардиши системаи марказии асаб (Актовегин, церебролизин,кавинтон, ситиколин, сераксон, мексидол, вазобрал ва гайраҳо) самаранок истифода бурда мешаванд. Новобаста бар ин бо пайдошавии аломатҳои аввалини бадшавии ҳолати майнаи сар  ҳатман барои гузаронидани муоинаҳои лозимӣ ва таинотҳои саривақтӣ, ки авҷи тағиротҳои дегенеративиро  дар қишри мағзи сар манъ месозанд  бояд ба духтури табобатӣ муроҷиат намуд.       

Пешгирӣ: Дар замони ҳозира чораҳои профилактикии таъсирбахши ин беморӣ вуҷуд надоранд. Танҳо табобати саривақтии халалдоршавиҳои пайдошудаи майнаи сар ва дигар беморихои дилу рагҳо,  риояи  истеъмоли дурусти маводхои хурока, тарки тамоку-кашӣ, нашъамандӣ, майзадагӣ,  бурдани тарзи ҳаёти солиму фаъол ва нигоҳ доштани назарияи оптимистӣ ба ҳаёт тавсия дода мешавад.

ФОТО