БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ЯТРОГЕНӢ ЧИСТ?

    Пизишки умумии бемористон,

    Ҳамроалиева Ноҳида.

     

    Ятрогенӣ (аз юнонии қадим ἰατρός "табиб" + γενεά "таваллуд") - бадшавии ҳолати ҷисмонӣ ё равонии бемор аст, ки  бо сабаби саҳлангории мутахассиси соҳаи тибб рух медиҳад.

     
  • БЕМОРИИ ҶОҒАР

    Эндокринологи бемористон,

    Доктор Аббос Тавакуллиён.

     

    Бемории ҷоғар, яъне ғадуди сипаршакл аз андоза калонтар шудан аст. Дар сурати ботаҷриба будани табиби эндокринолог метавонад тағйироти андозаи ғадуди сипаршаклро бо муоина ташхис гузорад. Дар сурате, ки табиб натавонад бо муоина андоза ва хусусиятҳои зобро муайян созад, он гоҳ тавассути УЗИ метавонад онро муайян созад.

     
  • НОҲАНҶОРИИ (АНОМАЛИЯИ) ЭБШТЕЙН

    Ноҳанҷорӣ ё аномалияи Эбштейн бемории нодирӣ модарзодии дил мебошад. Ин беморӣ миёни тамоми иллатҳои модарзодии дил 1% ро ташкил медиҳад. Бемории мазкур бори аввал аз ҷониби осебшинос (потологоанатом) Эбштейн тавсиф гардидааст. Ҳангоми ин иллат, девораҳои қапқоқои рости даҳлези дил, на аз ҳалқаи даҳлезӣ-меъдачавӣ, балки аз девораҳои меъдачаи рост берун меоянд ва ба пуррагӣ ҷафс намешаванд (норасоии қапқоқи трискупид).

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС: БЕМОРИҲОИ ГУРДА ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОНҲО

Мудири бахши урологии

Бемористони Ибни Сино,

Доктор Аминов Мубин.

 

Бемориҳои гурда имрӯз бисёр "ҷавонтар" гардидаанд ва дигар танҳо хоси одамони солхурда нестанд. Бемориҳои илтиҳобии гурда ва роҳҳои пешобгузар сабаби дар бадан мондани моддаҳои заҳрдор ва сарбораҳо (дажғол) гардида, барои тамоми бадан мушкилот эҷод мекунанд.

Ҷараёноти илтиҳобӣ дар гурда ва роҳҳои пешобгузар боиси сар задани бемориҳои гуногун аз қабили: варами масона; пиелонефрит (илтиҳоби гурда) ва бемории санги масона мегарданд. Варами масона (тсистит) то чанде қабл бемории хоси занона маҳсуб меёфт ва санги масона бошад бештар хоси мардон буд. Аммо дар 50 соли охир вазъият комилан тағйир кардааст ва занон мардонро дар теъдоди мубталдо гаштан ба бемории санги масона ва санги гурда дарёб намудаанд. Сабаби ин вазъиятро мутахассисон ба майли занон ба сигоркашӣ, майнушӣ ва тарзи ҳаёти носослим рабт медиҳад.                                                                   

Нишонаҳои вуҷуди санг дар гурда низ зиёданд, ки асоситаринашон иборатанд аз: дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ, дарунравии зиёд, баланд гаштани ҳарорати бадан (аз 37,5 дараҷа ба боло), ҳисси сӯзиш ҳангоми пешобкунӣ, хун дар пешоб ва сироятҳои зуд зуди роҳҳои пешобгузар. Бемории варами масона ва полиенифрит ҳам айнан ҳамин нишонаҳоро доранд. Инчунин хӯроки номуносиб, истеъмоли нокифояи оби тоза ё истеъмоли оби сифаташ паст, тамоюли ирсӣ ва камҳаракатӣ низ боиси пайдошавии сангҳо дар гурда ва роҳҳои пешобгузар мегарданд. 

Варами масона (тсистит) бисёр вақт бо ҳамроҳии илтиҳоби маҷрои пешобгузар (уретрит) сар мезанад. Сабаби ин беморӣ дар бештари маворид, сирояти ба масона воридшуда ё ҳипотермии бадан (хунуккашии шадид), ки нерӯи дифоии баданро суст мекунад мебошанд. Аз масона сироят ба гурда паҳн мегардад. Сироят инчунин тавассути гардиши хун аз мабдаъи сироят: масалан дандони пӯсида, ҷараёни илтиҳобӣ дар шуш, бачадон, рӯдаҳо ва ғ. метавонад ба гурда мунтақил гардад. Ҳангоми ҷараёноти илтиҳоби дар гурда, инсонро бисёр вақт дард  дар қисмати камар, варам дар рӯй ва пойҳо азият медиҳанд. 

Бемориҳои гурдаро мешавад бо риояи қоидаҳои гигиенаи (беҳдошти) шахсӣ, фаъолияти ҷисмонӣ (албатта дар шакли муътадил), хӯроки солим (истеъмоли бештари меваву сабзавот ва истеъмоли камтари намак, хурокҳои турш ва бирён) ва риояи низоми обнӯшӣ пешгирӣ намуд.     

ФОТО