БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ОКСАЛАТУРИЯ ЧИСТ?

    Мудири бахши урологии

    Бемористони Ибни Сино,

    доктор Аминов Мубин.

     

    Оксалатурия бемориест, ки бо болоравии туршии шавел (намаки оксалат) дар пешоб зоҳир мешавад.

     
  • ҚУРСИ ПИОГЛИТАЗОН

    Унвони мақола

    Қурси Пиоглитазон: ҳалқаи тиллоии гумшудаи занҷираи дармони диабети навъи II дар кишвари Тоҷикистон

     

    Аббос Таваккулиёни Арҷманд: интернист, эндокринолог, диабетолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    *Каримова Фарзона: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон 

    Диловар Маҳмадёров: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

     

    Унвони кўтоҳ

    Қурси Пиоглитазон: доруи дар ҳадду андозаи Метформин, аммо ношинохта дар Тоҷикистон

     

      *Нависандаи тарафи мукотибот: Каримова Фарзона, www.ibnisino.tj, Бемористони Байналмиллалии ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

     
  • ОЁ БЕМОРИИ ДИАБЕТИ ҚАНДИ НАВЪИ II-РО ДАР ТОҶИКИСТОН ДУРУСТ ТАБОБАТ МЕКУНАНД?

      Унвони аслӣ

     

    Баррасии наҳваи дармони диабети қанди  навъи II  бо доруҳои хӯрокии зидди диабет дар Тоҷикистон; Оё дорухатҳо бо  дастурамалҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошанд?

     

    Аббос Таваккулиени Арҷманд, интернист, эндокринолог, диабетолог, Клиникаи байналмиллалии  Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    *Диловар Маҳмадёров, кардиолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    Абдухалил Холиқзода, раиси ҳайати мудирони  Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

     

     Унвони кӯтоҳ.

    Оё диабети қанди навъи II-ро дар Тоҷикистон дуруст табобат мефармоянд?

     

     *Нависандаи тарафи мукотибот:  Диловар Маҳмадёров, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., +992933333138

     

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

САРДАРД ВА ФАСЛИ САРМО (САРДАРДИ САРМОӢ)

Пизишки умумии

Бемористони Ибни Сино,             

доктор Дилором Ахмедова

 

Ба андешаи мутахассисон сардард, аломати ягон халал дар организм мебошад. Бемориҳои зиёде вуҷуд  доранд, ки боиси сар задани сардард дар инсон мегарданд. Аммо дар қатори бемориҳо, сармо низ метавонад боиси сар задани сардард гардад.

Ба ин тартиб дар фасли зимистон, дард дар қисмати сари инсон чун аксуламал ба хунукӣ ва бод метавонад буруз кунад. Таҳти таъсири ҳавои сард, дар бадани инсон халалҳои ба вуҷуд меоянд, ки ба ихтилоҷи рагҳо ҳам дар дохили сар ва ҳам дар беруни он мунҷар мегарданд.     

Дар илми тибб барои ин ҳолат, ҳатто истилоҳи махсус "сардарди сармоӣ" ро истифода мебаранд.  "Сардари сармоӣ" метавонад таҳти таъсири ангезандаи дохилӣ ё берунӣ ба вуҷуд биояд. Тибқи оморҳои тиббӣ, аз сардард дар фасли сармо 20% одамон дар сар то сари ҷаҳон азият мекашанд. Бештар ба "сардарди сармоӣ" занон ва одамони ба обу ҳаво ҳассос гирифтор мегарданд.       

Инчунин пайдоиши сардард дар фасли тирамоҳ ва зимистон метавонад аз ҳадди пасти ҳассосияти афрод ба сармо гувоҳӣ диҳад. Ва агар сабаби "сардарди сармоӣ" ошкор ва бартараф гардад, худи дард низ нопадид мегардад. "Сардарди сармоӣ" бештар дар қисмати пешонӣ маҳдуд мегардад. Нӯшидани моеъи сард низ дар одамони ба обу ҳаво ҳассос, метавонад сабаби пайдоиши сардард гардад.       

Ҳангоми сар задани сардард дар фасли сармо, бояд ба ҷои гарм ворид гардида, чаккаҳо ва пешониро масҳ кард. Нӯшиданиҳои гарм монанди чои гиёҳӣ, кабуд ё суп низ метавонанд хуруҷи "сардарди сармоиро" бартараф намоянд. Нӯшидани қаҳва бошад, хусусан дар афроди ба обу ҳаво ҳассос, баръакс сардарди саромиро шадидтар мегардонад. Чаро, ки ин нӯшиданӣ асабҳои ҳиссиро (рецептор) ба тағйирёбии ҳарорати ҳаво пурзӯр мегардонад. Истироҳати комил ва хоби на камтар аз 7 соата низ гардиши хун ва фаъолияти (тонуси) рагҳоро беҳтар намуда, боиси коҳиш ёфтани "сардарди саромӣ" мегардад.           

Аммо агар сардард, доиман инсонро азият диҳад бояд ба мутахассис муроҷиат намуд. Ба андешаи табибон ҳеҷ сардардро намешавад ба ҳоли худ раҳо кард ва ба он беэътиноӣ намуд, чаро ки он метавонад аломати ягон беморӣ бошад. Табибон таҳаммул кардани сардардро тавсия намекунанд, аммо суистифода аз маводи доруиро ҳам ҳангоми хуруҷи сардард, салоҳи кор намедонанд. Истифодаи зиёди доруҳои таскиндиҳанда, метавонад боиси дарди сари иловагӣ гардад.         

Инчунин барои пешгирии "сардарди сармоӣ" ба сару либоси худ диққат бояд дод. Шояд кулоҳсар ё гарданбандатон чандон гарм набошанд ё зиёд танг бошанд. Дар ин ҳолатҳо гардиши хун метавонад халалдор гардида, сабаби сар задани сардард шавад. Дар ҳолати тамоюл доштан ба "сардарди сармоӣ" масҳ бисёр муфид қарор мегирад. Ҳолати истресс низ аҳамияти вежа дорад, чун дар ин ҳолат ҳар дард ду чанд гардида, боиси азияти бештар мегардад. Бинобар ин ҳамеша кӯшиш кунед оромиши худро аз даст надиҳед.  

ФОТО