БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ОКСАЛАТУРИЯ ЧИСТ?

    Мудири бахши урологии

    Бемористони Ибни Сино,

    доктор Аминов Мубин.

     

    Оксалатурия бемориест, ки бо болоравии туршии шавел (намаки оксалат) дар пешоб зоҳир мешавад.

     
  • ҚУРСИ ПИОГЛИТАЗОН

    Унвони мақола

    Қурси Пиоглитазон: ҳалқаи тиллоии гумшудаи занҷираи дармони диабети навъи II дар кишвари Тоҷикистон

     

    Аббос Таваккулиёни Арҷманд: интернист, эндокринолог, диабетолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    *Каримова Фарзона: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон 

    Диловар Маҳмадёров: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

     

    Унвони кўтоҳ

    Қурси Пиоглитазон: доруи дар ҳадду андозаи Метформин, аммо ношинохта дар Тоҷикистон

     

      *Нависандаи тарафи мукотибот: Каримова Фарзона, www.ibnisino.tj, Бемористони Байналмиллалии ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

     
  • ОЁ БЕМОРИИ ДИАБЕТИ ҚАНДИ НАВЪИ II-РО ДАР ТОҶИКИСТОН ДУРУСТ ТАБОБАТ МЕКУНАНД?

      Унвони аслӣ

     

    Баррасии наҳваи дармони диабети қанди  навъи II  бо доруҳои хӯрокии зидди диабет дар Тоҷикистон; Оё дорухатҳо бо  дастурамалҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошанд?

     

    Аббос Таваккулиени Арҷманд, интернист, эндокринолог, диабетолог, Клиникаи байналмиллалии  Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    *Диловар Маҳмадёров, кардиолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    Абдухалил Холиқзода, раиси ҳайати мудирони  Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

     

     Унвони кӯтоҳ.

    Оё диабети қанди навъи II-ро дар Тоҷикистон дуруст табобат мефармоянд?

     

     *Нависандаи тарафи мукотибот:  Диловар Маҳмадёров, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., +992933333138

     

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

МЕНИНГИОМА (ОМОСИ ХУШХИМИ МАҒЗИ САР)

Мутахассиси бахши асабшиносии 

Бемористони Ибни Сино,   

доктор Шерали Сайвалиев.

 

Менингиома гуфта, дар илми тибб омоси хушхими мағзи сарро меноманд. Ин омос дар дохили косахонаи сар шакл гирифта, дар пардаи нарми мағзи сар рушд мекунад.

Менингиома бемории паҳнгардида ва бисёр хатарнок ба шумор меравад. Чаро ки ҳар варам дар дохили косахонаи сар метавонад бузург шуда, мағзро зери фишор қарор диҳад.       

Тибқи оморҳои тиббӣ, ин беморӣ бештар дар занон (аз 40 то 70 сола) ба чашм мехурад. Сабаби рушди менингиома дар занон, ҳормонҳои ҷинсӣ ба шумор мераванд. Бо вуҷуди ин менингиома дар мардон ҳам зиёд ба чашм мехурад ва дар мардон ин омос бештар хусусияти бадхимӣ дорад. 

Омосҳои мағзи сар бисёр вақт сабаби ирсӣ доранд ва дар натиҷаи бемориҳои ирсӣ, монанди - нейрофибромотоз пайдо мешаванд. Инчунин менингиома метавонад ҳангоми саратони ғадудҳои ширӣ ҳам пайдо шавад. Рентген, шуъохурии родиюӣ, инчунин ҷароҳатҳои сар ва истеъмоли нитратҳои ғизоӣ низ хатари сар задани ин омосро боло мебаранд.             

Омос оҳиста оҳиста бузург мешавад ва муддати тӯлонӣ аз худ ҳеҷ дараке намедиҳад. Яке аз нишонаҳои аввалини менингиома дарди сар ба шумор меравад. Ин дард бештар  қисмати пушти сар, пешонӣ ва чаккаҳоро дарбар мегирад. Дард метавонад хусусиёти гуногун дошта бошад. Метавонад мубҳам, нолишкунанда (сим-сим) ва шадид бошад. Бо мурури рушди омос нишонаҳои дигари он низ буруз мекунанд, ки иборатанд аз: 

- заъф дар дасту пойҳо;

- паст шудани нерӯи биноӣ;

- дугонаӣ дар биниш, поиншудани пилки чашмон;   

- халалдор гаштани ҳассосияти баъзе қисматҳои пусти бадан;

- ихтилолоти отифӣ.                     

Дар ҳолати сари вақт муаян ва табобат накардани беморӣ, омоси бузургшуда бофтаҳои мағзиро фишор медиҳад. Дар натиҷа фишори дохиликосахонаӣ якбора боло рафта, инсон гирифтори дарди сари шадид, дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ мегардад. Ин ҳолат ҳаёти инсонро ҳам ба хатар меандозад. Барои тайид ё радди менингиома, бемор бояд як қатор озмоишҳоро гузарад. Яке аз озмоишҳои ҳатмӣ, томографияи компютерӣ ва резонанси-магнитикии мағзи сар ба шумор меравад.     

Менингиомаро одатан бо роҳи ҷарроҳӣ табобат мекунанд. Аммо дар қатори истифодаи усули ҷарроҳӣ, инчунин стереотоксӣ, табобати шуъоӣ ва рентгениро низ истифода мебаранд.

Дар табобат, муроҷиати сари вақтӣ ба мутахассис аҳамияти вежа дорад. ҳангоми муроҷиаи сари вақтӣ ва хушхим будани омос, онро бо як амали ҷарроҳӣ дур мекунанд.       

ФОТО