БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ИЛТИҲОБИ ҚАРНИЯИ ЧАШМ Ё КАРОТИТ!

    Мудири бахши чашмпизишкии

    Бемористони Ибни Сино, 

    доктор Шаҳло Бобоҷонова.

     

    Қарнияи чашм дар биноии инсон нақши муҳим дорад. Аммо ин қисмати чашми одамӣ низ дар баробари бемориҳои гуногун осебпазир мебошад. Яке аз хатароти асоси барои қарния, раванди илтиҳобӣ ба шумор меравад. Раванди илтиҳобӣ дар қарнияро дар истилоҳи тиббӣ "каротит" меноманд.

     
  • ИНКОНТИНЕНТСИЯ Ё БЕИХТИЁР ҶОРИШУДАНИ ПЕШОБ

    Мудири бахши урологии

    Бемористони Ибни Сино,                                                

    доктор Мубин Аминов.

     

    Беихтиёр ҷорӣ шудани пешбро дар забони тиб инконтинентсия меноманд. Инконтенентсия яке аз бемориҳои паҳнгашта дар таҷрибаи клиникии урологӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи оморҳои тиббӣ, тақрибан 20% аз аҳолии курраи Замин гирифтори ин беморианд. Бемории мазкур бештар дар хонумҳо мушоҳида мешавад.

     
  • БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ: АЗ ЭПИДЕМИЯ ТО ПАНДЕМИЯ

    Аз рӯи дараҷаи паҳншавӣ, бемориҳои сироятӣ метавонанд пароканда бошанд (спорадикӣ, бемориҳои ҷудогона, ки дар маҳалли муаян ва дар тӯли муаяни вақт мушоҳида мегарданд). Агар рушди беморӣ аз дараҷаи пароканда (спорадикӣ) боло равад, дар истилоҳи тиббӣ онро эпидемия меноманд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

СИНДРОМИ МЕТАБОЛИК

Ассистенти бахши эндокринологии

Бемористони Ибни Сино,

Маҳмадёров Диловар.

 

Ҳар инсон дорои метаболизми (системи муболилаи моддаҳо) хоссе мебошад. Дар бадани одами тағйир ва дигаргунии зиёди химиявии моддаҳо ба вуқӯъ мепайванданд  ва то ба ҳол сабаби асосии синдоми метаболик муайян нагардидааст.

Фарзияе вуҷуд дорад, ки тибқи он, қанди зиёдатӣ (глюкоза) равандҳои ҷамъшавии чарбиҳоро дар бадан ба кор медарорад ва бофтаҳои иловагии чарбигӣ, моддаҳоеро тарашшӯҳ медиҳанд, ки онҳо ба инсулин имкон намедиҳанд бо ретсепторҳои ҳуҷайраӣ пайваст гардад.

Ташхиси "синдроми метаболик" низ бо сабаби монандӣ бо бемориҳои дигар, на ҳама вақт дуруст муаян мегардад. Бисёр вақт ин бемориро бо фарбеҳӣ, халали мубодила ё диабети қанд иштибоҳ мекунанд. Бофтаи чарбигӣ, ки тамоми баданро фаро мегирад, дар асл як ғадуди дарунрез (эндокрин) ба шумор меравад ва ҳормонҳои зиёдеро тавлид мекунад, ки ба метаболизм (мубодилаи моддаҳо) таъсир мегузоранд. Бештар халал дар кори адинопектин ва лептин ба рушди синдроми метаболик мунҷар мегардад.   

Яке аз сабабҳои дигари синдроми метаболик, тамоюли ирсии муқовимат ба инсулин, ки ҳангоми пурхӯрӣ ва кам ҳаракатӣ ба вуҷуд меояд, дониста шудааст. Имрӯз дар табби муосир тестҳое вуҷуд доранд, ки бо истифодаи онҳо метавон муаян намуд, ки кадом генҳо аз падару модар ба мо ба ирс расидаанд ва оё мо тамоюл ба синдроми метаболик дорем ё не. Тести генетикӣ имкон медиҳад рискҳоро муаян намуда, алайҳи онҳо муқовимат кард.

Мутахассисон пеш аз ҳама таноссуби ҳаҷми камар ба ҳаҷми ронҳоро дар назар мегиранд. Як зариби (коэффицент) муаяне вуҷуд дорад, ки агар он дар инсон аз 0,85 зиёд бошад, ӯ тамоюл ба синдроми метаболик дорад. 

Миқдори зиёди чарбӣ дар қисмати шикам хатари синдроми метаболикро боло мебарад ва дар афроде, ки дар қисмати ронҳояшон чарбии зиёд доранд синдоми метаболик камтар ба назар мерасад. Чарбии зиёд дар ковокии шикам бошад ба он мунҷар мегардад, ки миқдори зиёди оксидҳои озоди чарбӣ ба ҷигар ва ҳуҷайраҳои мушакӣ ворид мешаванд. Дар натиҷа мубодилаи чарбиҳо халалдор гаридида, фишори артериали боло меравад ва равандҳои паталожии дигар ба кор андохта мешаванд. Ин равандҳо оқибат ба сактаи дил, инсулт ва диабети қанд оварда мерасонанд.

Бояд дар хотир дошт, ки синдроми метаболик - маҷмӯъае аз халалҳои муболиваӣ, ҳормонӣ ва клиникӣ мебошад, ки омили хатарзо барои рушди бемориҳои дилу-раг ва диабети қанд ба шумор меравад. Ин беморӣ ба фарбеҳӣ, фишори хуни шарёнӣ, тағйири мубодилаи карбогидратҳо ва чарбӣ дар бадан оварда мерасонад. Ба таъбири дигар синдроми метаболик ба зиёдшавии якбораи миқдори чарбӣ дар бадан ва поин рафтани ҳассосияти бофтаҳо ба инсулин мунҷар мегардад  ва ин дар навбати худ, равандҳои калидиро дар бадан халалдор мегардонад.

Табобати синдроми метаболик ба табобати халали мубодилаи карбогидратҳо, фишори хуни шарёнӣ ва диабети қанд шабоҳат дорад. Аммо бар иловаи табобати доруӣ, инчунин парҳези махсус низ истифода мегардад. Ин парҳез аз кам кардани истеъмоли чарбиҳо дар хӯрок иборат мебошад. Чарбиҳо бояд танҳо 10% и тағзияи инсон ва карбогидратҳо бошанд 30 % тағзияро ташкил намоянд. Дар сурати натиҷа надодани ин парҳез, аз усули ҷарроҳи истифода мебаранд. ба меъдаи бемор баллони махсусеро насб мекунанд, то тамоюлаш ба хӯрок кам гардад.          

ФОТО