БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Синдроми поликистози тухмдонҳо

    Гинекологи Бемористони Ибни Сино,

    доктор Ситора Қодирова

     

    Синдроми поликистози тухмдони занҳо аломатҳои зиёд дорад, аммо сетои он асосӣ ба шумор мераванд:

     
  • Дуктур Малика Юсупова: Тарс аз Кувид-19 ҳамчунон боқист!

    Тайи ду моҳи гузашта вируси куруно дар Тоҷикистон ҳамаҷо бедод мекард. Дар баробари он лашкари қавӣ ва шуҷоъи мо асосан пизишкон ва кормандони беҳдоштӣ буданд. Аз ҷумла пизишкони Бемористони Ибни Сино дар ин пайкор фаъолона ширкат меварзиданд.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: МУМИНОВА ДИЛОРОМ

    Фарде, ки ҳангоми беморӣ бештар аз ҳама дар канори бемор аст ва ба ӯ ғамхорӣ мекунад, парастор аст. Илми тибро аз даврони куҳан то ба имрӯз наметавон бидуни ҳузури парастор тасаввур кард, зеро ӯ дар муроқибат аз беморон, ҳифзи саломати онҳо, пешгирии амроз ва таскини дардҳои беморон нақши калидӣ дорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ТАҒЗИЯИ МУНОСИБИ ҶИГАР

Ҷигарро посбони саломатии кулли бадан унвон мекунанд. Дар ҳақиқат ин узв дар саломат нигаҳ доштани бадани одамӣ нақши вежа дорад. Аммо ин посбон барои фаъолияти худ ниёз ба муроқибат ва тағзияи муносиб дорад.

Ҷигар пеш аз ҳам ниёзманди витаминҳост. Ба андешаи табибон витаминҳои гурӯҳи "Е" ва "С" ва инчунин кислотаи липоик барои фаъолияти солими ҷигар, аз ҳама муҳим ба шумор мераванд. Маҳз витамини "С" муқовимати баданро ҳангоми заҳролудшавӣ тақвият мебахшад ва ба таъбире як навъ "зиреҳ" барои ҷигар мегардад. Витамини "С" аз ҳама бештар дар таркиби тути заминӣ (қулфинай), хуч (настаран) ва инчунин дар таркиби ҳамаи меваҳои ситрусӣ вуҷуд  дорад.     

Вазифаи асосии витамини "Е" бошад, нигаҳдории солимии ҳуҷайраҳои ҷигар ба шумор меравад. Маҳз ин витамин ҳуҷайраҳои ҷигарро аз вайроншавӣ боз медорад ва намегузорад онҳо, аз андоза зиёд ҳормон тавлид намоянд. Инчунин витамини "Е" барои солим нигаҳ доштани системаи дифоъии (иммунии) бадан низ ҷавобгӯ мебошад. Ин витамин бештар дар таркиби чормағз, ангат ва равғанҳои растанӣ ҷой дорад.         

Аммо кислотаи липоик, мувозинати чарбиҳо ва карбогидратҳоро дар бадан ба танзим дароварда,  ҳамчун тақвиятдиҳандаи ҷигар хизмат мекунад ва ин узвро барои иҷрои вазоифи ҳаррӯзааш таҳрик менамояд. Кислотаи липоик дар таркиби маҳсулоти зиёд вуҷуд дорад, аммо агар ҷигар аллакай гирифтори мушкилот гардида бошад, беҳтар аст аз маводи доруии дар таркибашон кислотаи липоик дошта истифода намуд. Аллбата ин корро баъд аз машварат бо табиб бояд анҷом дод.               

Дар қатори витаминҳо, ҷигар ба аносури дигар (микроэлементҳо) низ ниёзи шадид дорад. Пеш аз ҳама ҷигар ба руҳҳом (синк) ва селениюм (селен) ниёзманд аст. Руҳҳом барои муқовимат бо заҳролудии маводи доруӣ, нӯшокиҳои спиртӣ ва ғ., нақши калидӣ мебозад ва ҷигарро аз ин лиҳоз муҳофизат мекунад. Барои пурра кардани захираҳои руҳҳом дар бадан, бояд моҳӣ, гӯшт ва тухмро бештар истеъмол намуд.

Селениюм бошад аз ҳама зиёд дар таркиби маҳсулоти баҳрӣ ва чормағзиҳо вуҷуд дорад. Сирр ва карами брокколӣ низ дар таркиби худ селениюми зиёд доранд.

Умуман барои нигаҳ доштани тағзияи солими ҷигар чанд нуктаро бояд дар хотир дошт.     

Нуктаи аввал: аз пурхӯрӣ даст кашед. Беҳуда нагуфтаанд, ки ҳар кӣ аз ҳад зиёд хурд, заҳролуд гашт. 

Нуктаи дуввум: гуруснагӣ низ ҳамон андоза барои ҷигар зараровар аст. Ҳангоми танқисии ғизо ҷигар аз миқдори лозимаи витаминҳо ва аносури дигари муфид маҳрум мегардад. Дар натиҷа ҳаҷайраҳои ин узв заиф гардида, метавонанд ҳалок шаванд.   

Нуктаи саввум: ин нукта ба дӯстдорони ширинӣ ва хусусан шоколад таалуқ дорад. Мутахассисон мегӯянд истеъмоли шоколодро бояд камтар намуд, чаро ки дар таркиби ин маҳсулот равғани нахл (палма) вуҷуд дорад. Равғани нахл барои саломатии ҷигар зарари калон мерасонад ва метавонад ба кулли фаъолияти ин узви муҳимро халалдор гардонад. 

Ва нуктаи охир: аз хӯрдани зиёд дар шаб парҳез намоед. Чаро ки ҷигар низ мисли узвҳои дигар ниёз ба истироҳат дорад. Шаб бошад раванди мубодилаи моддаҳо дар бадан суст шуда, ҷигар дар ин мавқеъ зиёд осебпазир мегардад.                                                                                                                              

ФОТО