БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ИЛТИҲОБИ ҚАРНИЯИ ЧАШМ Ё КАРОТИТ!

    Мудири бахши чашмпизишкии

    Бемористони Ибни Сино, 

    доктор Шаҳло Бобоҷонова.

     

    Қарнияи чашм дар биноии инсон нақши муҳим дорад. Аммо ин қисмати чашми одамӣ низ дар баробари бемориҳои гуногун осебпазир мебошад. Яке аз хатароти асоси барои қарния, раванди илтиҳобӣ ба шумор меравад. Раванди илтиҳобӣ дар қарнияро дар истилоҳи тиббӣ "каротит" меноманд.

     
  • ИНКОНТИНЕНТСИЯ Ё БЕИХТИЁР ҶОРИШУДАНИ ПЕШОБ

    Мудири бахши урологии

    Бемористони Ибни Сино,                                                

    доктор Мубин Аминов.

     

    Беихтиёр ҷорӣ шудани пешбро дар забони тиб инконтинентсия меноманд. Инконтенентсия яке аз бемориҳои паҳнгашта дар таҷрибаи клиникии урологӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи оморҳои тиббӣ, тақрибан 20% аз аҳолии курраи Замин гирифтори ин беморианд. Бемории мазкур бештар дар хонумҳо мушоҳида мешавад.

     
  • БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ: АЗ ЭПИДЕМИЯ ТО ПАНДЕМИЯ

    Аз рӯи дараҷаи паҳншавӣ, бемориҳои сироятӣ метавонанд пароканда бошанд (спорадикӣ, бемориҳои ҷудогона, ки дар маҳалли муаян ва дар тӯли муаяни вақт мушоҳида мегарданд). Агар рушди беморӣ аз дараҷаи пароканда (спорадикӣ) боло равад, дар истилоҳи тиббӣ онро эпидемия меноманд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ЧИ ТАВР ДАР ЗИМИСТОН НЕРӮИ ДИФОЪИРО ТАҚВИЯТ ДОД?

Чаро баъзе афрод дар фасли сармо аслан бемор намешаванд ва дар тамоми ин мавсим фаъоланд, аммо баъзеи дигар дар тамоми ин муддат аз саморхӯрдагӣ ранҷ мекашанд? Ба андешаи мутахассисон ҳама чиз аз нерӯи дифоии бадан (иммунитет) вобастагӣ дорад.

Нерӯҳои дифоъии бадан ё ҳамон иммунитет, пеш аз ҳама аз тамоилоти ирсӣ ва тарзи ҳаёт вобастагӣ дорад ва истеъмоли дору ва маводи гуногун, ки нерӯи дифоъиро тақвият мебахшанд, танҳо қисман дар қавӣ гардонидани он нақш мебозад. Аммо баланд бурдани нерӯи дифоъии баданро мешавад бо тавияҳои содда ва васоили дастрас анҷом дод.

Ба андешаи мутахассисон  яке аз роҳҳои тақвият додани нерӯи дифоъии бадан дар фасли сармо, души контрастӣ ба шумор меравад. Баъди анҷоми души оддӣ, ки шумо ба ҳарорати он одат кардаед ( ҳарорати об 37-38 дараҷа) оҳиста оҳиста гармии обро кам карда, ҳарорати онро то 24-25 дараҷа мерасонед. Бо ин роҳ оби гарм ва хунук ҳамдигарро ҷойгузин менамоянд: дар оғоз се навбати 15 сония кифоят мекунад ва рафта рафта мӯҳлат ба  5-10 дақиқа мерасад. Аммо табибон тавсия мекунанд, анҷоми ин навъ муолиҷаро бо онҳо ҳамоҳанг кунанд, чаро ки ҳангоми як қатор бемориҳои дилу раг ва дигар узвҳои дарунӣ, души контрастӣ зараровар мебошад.

Яке дигар аз васоили баланд бурдани нерӯи дифоъии бадан (иммунитет) ҳаммом ва сауна шинохта шудаанд. Ҳаммом ва сауна низ дар фасли сармо метавонад нерӯи дифоъии баданро тақвият намояд, аммо беморони дил дар инҷо низ истисноанд.

Васоили дигари тақвияти нерӯи дифоӣ - гашту гузор дар ҳавои кушод, ҳатто соддатарин роҳрафтан дар порк ба шумор меравад. Ин навъи тақвиятро ҳама метавонанд анҷом диҳанд. Ҳатто афроди бемор.   

Ба тағзияи ғизоӣ низ дар зимистон бояд диққати махсус дод. Барои тақвияти нерӯи дифоъӣ дар ин фасл, бояд бештар аз меваҷоти ситрусӣ (луму, афлесун), занҷабил (зинг), ангат, каду ва карами резакарда истифода кард. Асалро низ фаромӯш накунед. Асал дар тақвияти нерӯи дифоъӣ саҳми калон дорад. Барои ин кор, истеъмоли 2 қошуқи чойхури асла дар рӯз кофист. Аммо асалро бо оби ҷӯш ё чои ҷӯш қотӣ накунед. Чун об ва чои гарм хусусиёти шифоии асалро аз байн мебаранд.

Инчунин нӯшокиҳои дигари зимистона амсолӣ чойҳои гиёҳӣ, ки дар таркибашон пӯдина  ва наъно дар тақвияти нерӯи дифоъӣ муфид қарор мегиранд. Махсусан чой аз меваҳои хушки хуч (гнастаран), ангат ва як қатор меваҷоти дигар дар тақвияти нерӯи дифоъӣ фавоиди зиёд доранд.         

Дар зимистон бемориҳои сармохӯрдагӣ ба саломатии инсон таҳдид мекунанд ва мутахассисон эмкуниро аз зуком ва дигар бемориҳои сармохӯрдагӣ тавсия мекунанд. Эмкнӣ пеш аз ҳама барои афроди гурӯҳи хатар - кӯдакони хурдсол (онҳоро мешавад аз 6 моҳагӣ эм кард), одамони солхӯрда, одамони гирифтор ба бемориҳои музмин ва ашхосе, ки бо анбӯҳи зиёди одамон сару кор доранд (командони тиббӣ, муалимҳо, мактабхонон ва донишҷӯён  ва ғ.) тавсия мегардад.              

ФОТО