БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ТАБОБАТИ САРАТОНИ ПРОСТОТ ДАР МАРОҲИЛИ ГУНОГУН ВА УСУЛҲОИ САМАРАНОКИ ТАБОБАТ.

    Саратоншиноси Бемористони  Ибни Сино,

    доктор Зарипов Асадулло  Гадоевич.  

     

    Саратони ғадуди прстата мушкилест, ки ба он ҳар як мард метавонад дучор шавад. Дар ҳоли ҳозир усули боэътимоди пешгирии ин беморӣ вуҷуд надорад ва фаҳмидани хатари дучоршудан ба онро ҳам касе наметавонад пешгӯи кунад.

     
  • ПОЙҲО АЗ ЧИ БЕМОРИЕ МЕТАВОНАНД ХАБАР ДИҲАНД?

    Вуҷуди ҳар гуна тағйири зоҳирӣ дар ноҳияи пойҳо, метавонад аз бемории хосе дар бадан хабар диҳад. Тағйир дар зоҳир ё ранги пӯсти пой, метавонад нишонаи вазъи саломатии баданро баён кунад ва мо чанд аълоимӣ муҳимро, ки нишон медиҳанд, бадани инсон дар чи вазъе қарор дорад инҷо меорем.

     
  • ЧИ ГУНА ОЗМОИШИ ХУНРО МЕШАВАД ХОНД?

    Мудири бахши  озмоишгоҳи

    Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино,

    Хуросон Набиева.

     

    Хондан ва фаҳми озмоиши хун барои афроде, ки маълумоти тиббӣ надоранд мушкил эҷод мекунад. Чаро, ки ин озмоиш барои табибон тартиб дода мешавад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

СИНДРОМИ ДВС

Синдроми ДВС гуфта, дар истилоҳоти тиббӣ - халали ҳемостоз (гемостаз) ро меноманд. Ин халал бо гиперстимулятсия ва норасоии захираҳои системи лахткунии хун вобаста буда, ба халалҳои суддаӣ (тромбоз), микросиркулярӣ ва ҳеморожикӣ (геморрогӣ) оварда мерасонад.

Ҳангоми синдроми ДВС дар маризон доначаҳои ҳемотомӣ, хунравии зиёд, ихтилол дар андом ва дар ҳолатҳои шадид - садама (шок), поин омадани фишори хун (гипотонӣ), хунравии шадид, ОДН ва ОПН ба назар мерасанд.

Ташхиси синдроми ДВС-ро бо дарназардошти аломатҳои хос, тестҳои озмоишгоҳӣ ва халал дар системи лахтшавии хун мегузоранд. Дар натиҷаи ин беморӣ гардиши дохилирагии хун тезтар мегардад ва дар шабакаи хурдчархзании хун, лахтаҳои нарми хунӣ шакл мегиранд. Синдроми ДВС бемории хатарнок мебошад ва хатар бештар дар аворизи он, монанди хунравиҳои васеъ ва ихтилоли шадиди узвҳо (асосан шуш, гурдаҳо, ғадудҳои бологурдаӣ, ҷигар ва талха, ки аз шабакаи микросеркулярии васеъ бархурдоранд) нуҳуфта гардидааст.

Синдроми ДВС-ро метавон, вокуниши дифоъии нокифояи бадан, бар рафъи хунравӣ ҳангоми хисорати рагҳои хунгард ва инзиволи бадан аз бофтаҳои мубталошуда номид.

Синроми ДВС дар соҳаҳои гуногуни тиб, монанди ҳемотолужӣ (гиметалогия), эҳёгарӣ, ҷарроҳӣ, гинеколожӣ, травмотоложӣ ва ғ. бисёр зиёд вомехӯрад.

Сабабҳои ДВС

Синдроми ДВС дар заминаи бемориҳое, ки ба осеби бофтаҳо, эндотелюми рагҳо ва ҳуҷайраҳои хунӣ алоқаманданд, буруз мекунад. Сабаби асосии синдроми ДВС аворизи септикии сироятҳои бактериалӣ ва вирусӣ ва ҳар навъи садама (шок) ба шумор мераванд. Инчунин омосҳои бадхими метостозик (саратони шуш ё меъда), ҷароҳатҳои васеъ, сӯхтаниҳо ва амалҳои ҷарроҳӣ низ метавонанд синдроми ДВС ро ба вуҷуд биоранд. Ин синдром метавонад дар натиҷаи бемориҳои дилу раг низ ба вуҷуд биояд. Истифодаи баъзе доруҳо, заҳролудшавиҳои шадид (масалан бо заҳри мор) ва вокунишҳои шадиди аллергекӣ низ метавонанд сабаби синдроми ДВС гарданд.

Пайдоиш ва инкишофи тадриҷии (патогеннез) синдроми ДВС.

Корношоямии ҳемостаз, ҳангоми синдроми ДВС аз ҳисоби гиперстимулятсияи системи лахтшавӣ ва зудхасташавии системҳои зиддиинъиқодӣ ва фибринолитикии ҳемсотоз ба вуҷуд меояд.

Рушди ин синдром аз авомили зиёде вобастагӣ дорад. Ин авомил дар маҷрои хунӣ ба вуҷуд омада, ҷараёни лахтшавиро бевосита  ё тавассути медиатерҳои ба эндотел таъсиргузор фаъол мекунанд. Ба сифати фаъолкунандагон бошад, метавонад ҳар гуна самъҳо, анозимҳо, боктерияҳо, обҳои наздиҷанинӣ, комплексҳои дифоъӣ (иммунӣ), катехоламинҳои исстресӣ, фосфополидҳо, поин рафтани гардши хун дар дил, атсидоз ва гиповолемӣ.

ИН синдром дар 4 марҳила рушд мекунад.

1. Марҳилаи аввал. Марҳила аввалия буда, дар он, партоби тромбопластин ё маводи дигари, дорои таъсири тромбопластик ба хун иттифоқ меуфтад. Ин бофтаҳои тромбопластик роҳҳои беруна ва дарунаи лахтшавиро фаъол мекунанд. Ин навъи синдроми ДВС метавонад аз чанд дақиқа (дар ҳолатҳо  шадид) то чанд рӯз ва ҳатто моҳ тӯл кашад.

2. Марҳилаи дуввум. Ин марҳилаи авҷгирии коуголапотии масраф ном дорад. Дар ин марҳила камбудии фиброген, сафаҳоти хунӣ ва авомили плазмаӣ  дида мешавад.

3.Марҳила саввум. Ин марҳилаи хатарнок ном дорад ва дар он, фибринолизи дуввумдараҷа ва гипокоагулятсияи шадид иттифоқ меуфтад. Инчунин, адами таъодули раванди ҳемостозӣ бо сустшавии лахташавии хун (то қатъи пурраи лахташавӣ) дида мешавад.

4. Марҳилаи чорум. Марҳилаи барқароршавӣ мебошад. Дар он тағйироти дистрофӣ ва мабдаъӣ дар бофтаҳо, ё узвҳои дигар ва хубшавӣ ё баръакс вазниншавии онҳо ба чашм мехрад.

Тақсимбандии синдроми ДВС

Аз рӯи шиддат ва суръати рушд, синдроми ДВС  метавонад шадид (аз ҷумла барқосо), зеришадид, музмин ва мукаррар бошад. Шакли шадиди беморӣ ҳангоми партоби оммавии тромбопластинаҳо ба хун пайдо мешавад. Шаклҳои зеришадид ва музмини синдроми ДВС дар натиҷаи тағйири васеъ дар сатҳи эндотели рагҳо ба вуҷуд меоянд. (масалан таҳшиншудаҳои атеросклеротикӣ).

Синдроми ДВС метавонад  як узви ҷудогона ё якчанд узв ва ҳатто тамоми баданро фаро гирад. Аз рӯи иқтидори ҷубронии организм, синдроми ДВС ро ба ҷубронӣ, субҷубронӣ ва деҷубронӣ тақсим мекунанд. Шакли ҷубронӣ бе ҳеҷ аломати хос мегузарад ва халалҳои лахтшавӣ дар ин шакл,  бо захоири бадан ва бо роҳи биосинтез ҷуброн мегарданд.

Аломатҳои синдроми ДВС

Зуҳури клиникии синдроми ДВС аз рӯи суръати рушд ва паҳнгардии иллат, марҳилаи раванд, ҳолати механизмҳои ҷубронӣ муаян карда мешавад.

Шакли шадиди беморӣ, метавонад дар муддати кӯтоҳ (зарфи чанд соат) ба синдроми умумии ДВС табдил ёбад ва одамро гирифтори ҳолати садама (шок) гардонад. Инчунин дар ин ҳолат, поин рафтани фишори хун, беҳушӣ, варами шуш ва норасоии шадиди нафаскшӣ  мушоҳида мегарданд. Хунравии зиёд ба чашм мехурад. Инчунин рушди мабдаъии дистрофии ишемикии миокорд, панкреонекроз ва гастроэнтрит низ ба чашм мерасад. Шакли барқосоӣ синдроми ДВС  бештар бо сабаби обҳои эмболии наздиҷанинӣ, ки коагулопатӣ бо суръат (дар зарфи чанд дақиқа) ба марҳилаи буҳронӣ мерасад ва мариз гирифтори шок мегардад. Маргу мири модар ва кӯдак дар ин шакли синдроми ДВС 80% ро ташкил медиҳад.

Шакли зеришадидӣ синдроми ДВС хусусияти маҳалли дорад ва ҷароянаш хушхим мегузарад.  Пӯст дар ин марҳилаи беморӣ камранг, мармарӣ, ва ба дасткрдан хунук мешавад. Дар бофтаҳои гурдаҳо, шуш, ҷигар, ғадудҳои бологурдаӣ ва дастгоҳи гувориш, варам рушд мекунад. Шакли аз ҳама паҳнгардидаи музмини синдроми ДВС, дар бисёр ҳолатҳо бе аломати мушаххас ҷараён меёбад.

Синроми ДВС ро бештар синдроми астеникӣ, беҳбудии бади захмҳо, сирояти зардобӣ ва   захмҳои колоидӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Ба аворизи синдроми ДВС садамаи (шоки) гемокоагулятсионӣ, норасоии шадиди нафасткашӣ, ОПН, некрози ҷигар, бемории захми меъда, инфорки рӯдаҳо, инсулти ишемикӣ ва  анемии шадидди баъдигеморагикӣ шомил мегарданд.

Ташхиси синдоми ДВС

Барои ташхиси синдроми ДВС , ҷамъоварии маҷмӯъаи дақиқи анамнез ва ҷустуҷӯи авомили этиологӣ, инчунин таҳлили ҳолати клиникӣ ва маълумотҳоии озмоишгоҳӣ амали карда мешаванд. Дар ташхис хусусияти хунравӣ ва марҳилаи коагулограммаро муайян кардан бисёр аҳамият дорад.

Табобати синдроми ДВС

Дар табобат, ташхиси сари вақтии беморӣ нақши муҳим дорад. Беморони гирифтор ба синдроми ДВС бояд дар ОРИТ бистарӣ гарданд ва дар сурати зарурӣ, табобати фаъоли зиддишокӣ бигиранд. Ҳангоми синдроми камаломати ДВС, табобати халали фуксионалии узвҳо ва ислоҳи параметрҳои гемодинамикӣ дар мадди аввал қарор мегирад.

Синдроми шадиди ДВС табобати фаврии сабаби аввалияро тақозо мекунад. Ба ҳайси дармони ҷойгузинӣ, ҳангоми синдроми ДВС, аз  плазмаи яхкунонидашуда , тудаи тромботситарӣ ва эритротситарӣ, криопретсипитат  ва маҳлули зиддисептик (физраствор)  истифода мебаранд.   Ҳангоми хунравии шадид, ки ҳаёти мариз ба хатар меуфтад, доруҳои зиддифибринолитикӣ таъин карда мешаванд. Барои барқарорсозии масири хурди гардиши хун ва халали функсияҳои узвҳо,  аз ангиопротекотрҳо, дорӯҳои ноотропӣ истифода мебаранд.

Ҳангоми синдроми музмини ДВС бошад, дезагрегантҳо, вазодипататорҳо ва табобати гепаринӣ истифода мегарданд.

ФОТО