БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ЧИ ГУНА ОЗМОИШИ ХУНРО МЕШАВАД ХОНД?

    Мудири бахши  озмоишгоҳи

    Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино,

    Хуросон Набиева.

     

    Хондан ва фаҳми озмоиши хун барои афроде, ки маълумоти тиббӣ надоранд мушкил эҷод мекунад. Чаро, ки ин озмоиш барои табибон тартиб дода мешавад.

     
  • СИНДРОМИ ЗАНОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК

     

    Унвони аслӣ

     

    Шикоятҳои пайдарпайи невропсихиатрикӣ дар занони ҷавони мубталои ҷоғари сода, дар Тоҷикистон (Синдроми занони ҷавони тоҷик?!).

     

    Аббоси Таваккулиёни Арҷманд, интернист, эндокринолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    Диловар Маҳмадёров, кардиолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    *Малика Юсупова, кардиолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    Абдухалил Холиқзода, раиси ҳайати мудирони Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

     

    Унвони кӯтоҳ

    «Ҷоғари содаи эндемикӣ ва ҳолатҳои асабхастагии шадид; оё ин ду бо ҳам иртибот доранд?»

     

     

     

     *Нависандаи тарафи мукотибот: Малика Юсупова, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, ш. Душанбе, Тоҷикистон, к.  Фотеҳ. Ниёзи 34, +992446400102, +992446400103  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.


     

     
  • Равиши академики нигориши як мақолаи илмӣ дар заминаи тиб

    УНВОН

    (TITLE)

     

     Равиши академики нигориши як мақолаи илмӣ дар заминаи тиб

     

    Аббоси Тавакуллиён Арҷманд, эндокринологи Бемористони байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    Баргардон ба хати кириллӣ Абдухалил Холиқзода

    *Вироиш ва тарроҳӣ Фирӯза Назирова

     

     

    Унвони кӯтоҳ

    (Running title) 

    Чӣ гуна як мақолаи илмӣ бинависем?

     

     

     

     

     *Фирӯза Назирова, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, ш. Душанбе, Тоҷикистон, к. Фотеҳ Ниёзӣ 34, +992446400102; +992446400103, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.


     

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ: АЗ ЭПИДЕМИЯ ТО ПАНДЕМИЯ

Аз рӯи дараҷаи паҳншавӣ, бемориҳои сироятӣ метавонанд пароканда бошанд (спорадикӣ, бемориҳои ҷудогона, ки дар маҳалли муаян ва дар тӯли муаяни вақт мушоҳида мегарданд). Агар рушди беморӣ аз дараҷаи пароканда (спорадикӣ) боло равад, дар истилоҳи тиббӣ онро эпидемия меноманд.

Дар навбати худ, агар эпидемия дар ин ё он кишвар фарогир гардад ва ҳатто қитъаҳоро фаро гирад, ба он "пандемия" гуфта мешавад.

Дар асрҳои миёна, дар қитъаҳои гуногуни Замин пандемияи тоъун мушоҳида гардида буд. Аз соли 1817 то соли 1925 дар қитъаи Аврупо шаш пандемияи вабо гузашт ва аз соли 1961 то 1963 пандемияи ҳафтуми ин беморӣ ба вуқӯъ пайваст.

Солҳои 1918-1919 тамоми кишварҳи дунё ба пандемияи бузурги зуком, ки бо номи "испанка" маъруф буд, мубтало гардиданд. Ҳангоми ин пандемия, зиёда аз 500 млн. одам дар курраи замин зуком шуданд ва 20 млн нафар аз ин беморӣ ҷони худрол аз даст доданд. Пандемияи бузурги дигари зуком соли 1957 ба вуқӯъ пайваст. Дар ин пандемия, зиёда аз 1 миллиард  нафар гирифтори зуком гардиданд.

Барои мисол дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 50% аҳолӣ зуком шуданд. Солҳои 1972-1973 пандемияи бузурги дигари зуком иттифоқ уфтод. Дар натиҷаи он 2,5 миллиард одам мубтало ба зуком шуданд.

Инчунин ҳепотитҳои вирусӣ низ хусусиёти паҳншавии пандемикӣ доранд. Пандемияи аввали ҳепотитҳои вирусӣ солҳои 1915-1923 мушоҳида гардид. Бори дуввум пандемияи ҳепотит солҳои 1937-1945 буруз кард ва пандемияи саввуми ҳепотитҳои вирусӣ дар солҳои баъдиҷангӣ мушоҳида гардида буд. 

Ғайр аз ин, шакли махсуси паҳншавии бемориҳои сироятӣ вуҷуд дорад, ки онро - эндемия меноманд. Вақте бемориҳои сироятӣ дар ин ё он маҳалл ба муддати тӯлонӣ боқӣ мемонанд. Масалан бемориҳои вараҷаи зард (тропикӣ), энтсефолити канаӣ ва пашшаӣ, табларзаи геморрагикӣ, лейшмониоз, туляремӣ, амебиоз ва ғ. ба ин шакл шомил мегарданд.

Аз рӯи хусусиёти мубталошавӣ, бемориҳои сироятӣ ба "экзогенӣ" ва "эндогенӣ" тақсимбандӣ мегарданд. Ҳангоми бемориҳои "экзогенӣ", таҳрикдиҳанда ба бадан аз берун (ашхоси бемор, ё маҳсулоти хӯрокии сирятшуда, ҳаво, хок ва ғ.) ворид мегардад. Бемориҳои сироятии эндогенӣ бошанд, дар натиҷаи фаъолшудани микробҳои худи бадан ба вуҷуд меоянд.       

Хушбахтона тибби муосир имрӯз дар мубориза алайҳи бемориҳои сироятӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Ин дастовардҳо имкон доданд ҷони зиёда аз 5 млн. одамро наҷот диҳанд. Дар Аврупо, дар 100-150 соли охир теъдоди маргу мир бо сабаби бемориҳои сироятӣ 2-2,5 баробар коҳиш ёфт. Умри миёнаи одамон, дар 80 соли охир дар кишварҳои тарақикардаи дунё  2,2%  боло гардид. Гирифтор гардидан ба бемориҳои сироятӣ бошад, дар 80 соли охир коҳиш ёфт ва имрӯз бемориҳои сироятӣ, аз рӯи теъдоди маргу мир, баъди бемориҳои дилу раг, саратон ва омосҳои бадхим, халали рагии системи марказии асаб ва бемориҳои роҳҳои нафаскашӣ, дар ҷои панҷум қарор доранд.

ФОТО