БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ПЕШГИРИИ ЗУКОМИ МАВСИМӢ ВА ДИГАР БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ДАР ФАСЛИ ЗИМИСТОН

    Пизишки умумии бемористон,

    Ҳамроалиева Ноҳида

     

    Дар фасли зимистон, маъмулан, бемориҳои сироятии роҳҳои нафас афзоиш пайдо мекунанд. Дар бештари маворид, зуком тавассути вирусҳо сироят меёбад, вале сирояти бактериявӣ низ зиёд мушоҳида мегардад ва сабаби асосии сирояти бактериявӣ,аворизи бемориҳои вирусӣ ба шумор мераванд.

     
  • ЧӢ ГУНА ВА ЧӢ МИҚДОР БАДАНРО БОЯД ШУСТ?

    Мудири бахши физиотеропии

    Бемористони Ибни Сино,                                                                 

    доктор Каримов Муҳибулло Маҳмадалиевич.

     

    Дар гузаштаи на он қадар дур, ҳатто шоҳони аврупоӣ низ танҳо чанд маротиба дар як моҳ худро мешустанд.  Албатта имрӯз меъёрҳои гигиенӣ тағйир ёфтаанд. Зеро қариб барои ҳамаи афрод  души ҳар рӯза ба меъёр табдил ёфтааст. Ҳоло мо ин масъаларо ба таври муфассал баррасӣ хоҳем кард.

     
  • ОКСАЛАТУРИЯ ЧИСТ?

    Мудири бахши урологии

    Бемористони Ибни Сино,

    доктор Аминов Мубин.

     

    Оксалатурия бемориест, ки бо болоравии туршии шавел (намаки оксалат) дар пешоб зоҳир мешавад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

АГАР "ВАҚТИ ТИЛЛОИРО" АЗ ДАСТ НАДИҲЕД, ҲАР БЕМОРИРО ШИКАСТ МЕДИҲЕД!

Ҳар беморӣ, қоъидатан дар сурати табобати нодуруст ва ё умуман табобат нашудан, метавонад авҷ гирад. Аммо агар беморӣ сари вақт ташхис шавад ва ба таъбире "вақти тиллоиаш" риоя шавад, табобати ояндаи бемор камхарҷтар ва бе аворизи ҷиддӣ сурат мегирад. Барои муаян намудани бемориҳо дар давраи аввалияашон ва аз даст надодани "вақти тиллоӣ", лозим аст чанд дафъа дар як сол, ба ҳузури табиб ташриф овард ва аз ташхиси тиббӣ гузашт.

Танҳо табиб метавонад барои пешгирии бемориҳо ва ё табобати бемории мавҷуд ба шумо кумак кунад.

Фаромӯш накунед, ки пешгирӣ кардани беморӣ, аз табобати он осонтар аст. Ёрии амбулатори-дармонгоҳӣ, аз ҳама навъи оммавии ёрии табобатӣ-пешгирикунанда ба аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Муоинаи пешгирикунандаи мутахассис, метавонад халал ва норасоиҳоро дар кори организм муаян намояд ва дар ҳолати вуҷуд доштани ин халал ё беморӣ, тавсияҳои заруриро барои пешгирӣ ё табобати онҳо медиҳад. Барои мисол пизишки умумӣ (терапевт) ҳамеша фишори артериалӣ ва набзи афродро месанҷад, ки ин имкон медиҳад нишонаҳои пӯшидаи бемории гипертоникиро (фишорбаландӣ) муаян намуд, ба хусус вақте бемор мустақиман баландшавии фишорашро ҳис намекунад. Ин пизишк инчунин ташхси шуш ва дил, таҳқиқи шикам (барои муаян намудани ҳаҷми ҷигар ва испурч) ва ташхиси дигар узвҳои маҳтаваи шикамро анҷом медиҳад. Асабшинос ташхиси ҳолати асабҳои афродро анҷом медиҳад. Баъзе аз ташхисҳои асабӣ шояд барои афрод аҷиб ва нолозим намоянд, аммо барои мутахассис имкон медиҳанд аз халалҳои зиёди системи асаб огоҳи ёбад.

Ташхиси мунтазам ва саривақтӣ барои аз даст надодани "вақти тиллоӣ", дар табобти ҳар беморӣ нақши бисёр муҳим дорад. Барои мисол, танҳо супоридани ташхиси умумии хун, метавонад тамоми халалҳои организмро сари вақт ошкор намоянд. Дар хотир дошта бошед, ки муроҷиати мунтазам ва саривақтӣ ба мутахассис, тани шумор ҳамеша саломат нигаҳ медорад.

ФОТО