БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО - ОРГАНИЗМИ ВОҲИД!

Муовини табобатии директори

Бемористони Ибни Сино.

Бобоалиев Сархад.

 

Бемористони Ибни Сино организми воҳидест, ки аз қисмҳои мухталиф иборат буда, аз ҳамоҳангии онҳо кори дармонӣ, ки  ҳадафи фаъолияти мост, вобаста мебошад. Бахши дармон, бахши парасторӣ, бахши таъминоту таъсисот, бахши молӣ, бахши равобити хориҷӣ ва дигар хадамоти ёрирасон, чун аъзоёни як бадан кор карда, шароити лозимаро барои кори пурсамар фароҳам мекунанд.

 

Масъулияти банда роҳбарии бахши табобат дар бемористон мебошад. Бахшҳои табобатии бемористон аз шуъбаи  ёрии таъҷилӣ оғоз мешавад. Ин бахш 24 соат, ҳафт рӯз дар ҳафта фаъол буда, бо доруву лавозимоти масрафӣ ва таҷҳизоти замонавӣ таъмин аст. Пизишкони навбатдор ва парасторони ин бахш, таълимдидаанд ва эҳёву ёрии аввалии лозимаро ба бемор мерасонанд. Хадамоти озмоишгоҳ, рентген, томография компютерӣ, ЭКГ ва ғайра ба гузоштани ташхиси дақиқ имконият медиҳанд.

Ҳамчунин бахшҳои кардиологӣ ва кардиоҷарроҳии бемористон бо дастгоҳҳои ангиограф муҷаҳҳаз карда шудаанд, ки имкони табобати фаврии бемориҳои сактаи дилро дар кулли шабонарӯз муҳаё мегардонад. Дар ин росто фақат мо аз мардуми азизамон хоҳиш мекунем, ки маризҳои нишонаи сактаи дил доштаро фавран ба бемористон интиқол диҳанд, зеро дар чанд соати аввал мо метавонем гирифтории рагҳоии дили маризро ба пуррагӣ боз кунем. Дар акси ҳол мутаасифона, қисми зиёди ин маризҳо талаф мешаванд. Бахши кардиологӣ, ки банда дар он машғули табобат низ ҳастам, имконоти фавқулодаро дар ихтиёри муштариён гузоштааст. Ин ҷо бо тариқи камтаҳоҷум (minimalinvasive) дили инсон муоина гардида, ташхиси  исботшуда гузошта мешавад. Дар ин бахш бо дастгоҳи ангиограф мо метавонем бисёре аз маризҳои дилу рагро табобат кунем.

Бахшҳои ҷарроҳии умумӣ, урологӣ, гинекологӣ, чашмпизишкӣ, гастроэнтерологии бемористон низ,  ҳама бо таҷҳизоти сохти аврупоӣ ва амрикоии ҳозиразамон муҷаҳҳаз буда, имкон медиҳанд аксари ташхису табобатро бо роҳҳои камзахм ва муассир анҷом бидиҳанд.

Ин ҷо мехоҳам як чизро қайд бикунам, ки бисёр муҳим аст: ташхис ва табобат бо усули камтаҳоҷумӣ, ки дар ин бахшҳо анҷом мешавад, хуб аст ба шарте, ки пизишк воқеъан давра дида ва таҷрибадор бошад. Дар акси ҳол, худомуз будан ва таҷрибаи кофӣ надоштани пизишкон, дар бахшҳои эндоскопӣ ва ҳам дар амалҳои ангиографӣ, хатари бузургеро ба ҳаёти мариз эҷод мекунад.

Бахшҳои ортопедӣ, ҷарроҳии дил ва дандонпизишкии бемористон низ аз технологияи рӯз кор гирифта, бо таҷҳизоту васоили лозима таъмин мебошанд.                                                  

Мо барои пешгирӣ аз сирояти бемориҳо низ тамоми чораҳоро андешидаем. Бемористон барои бе зараркунӣ аз маҳлули deconnex кор мегирад, ки 100%  аз сирояти маризиҳои асри 21, монанди  ҳепатиту ВИЧ ва ғайра кафолат медиҳад. Инчунин дастгоҳҳои безараргардонии (стерилкунонии) бемористон хубу замонавӣ буда, дар ин амр кӯмак мекунанд.       

Бар замми ин, дар тамоми бахшҳои бемористон васоили якмасраф истифода мешавад. Назорат аз болои ин ҳама аз ҷониби комиссияи салоҳиятдор, ки дар бемористон ташкилкарда шудааст, бурда мешавад.       

Доруҳои бемористон яке аз розҳои дигари муваффақияти бемористон мебошад. Мо доруҳои худро мустақиман аз истеҳсолкунандагонашон, ки ҳамкорони доимии мо мебошад  ворид мекунем, зеро натиҷаи табобати мо мустақиман аз ин доруҳо вобастааст. Ман мефахрам, ки бемористони мо чунин имкониятҳоро барои мардуми Тоҷикистони азиз фароҳам овардааст.

ФОТО