БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • УСУЛ ВА РАВИШИ МУАЙЯН КАРДАНИ ГУРӮҲИ ХУНИ ОДАМӢ

    Мудири озмоишгоҳи Бемористони Ибни Сино,

    Хуросон Набиева

     

    Сурми хунӣ дорои ин ё он оглутинин, барои тасдиқ ё радди вуҷуди оглутиногени муносиб дар эритротситҳои (галбули сурх) мавриди таҳқиқ, ба сифати вокунишдиҳанда (ректив) комилан муносиб аст.

     
  • РАВИШИ АКАДЕМИКИ НИГОРИШИ ЯК МАҚОЛАИ ИЛМӢ ДАР ЗАМИНАИ ТИБ

    Муаллиф – Аббоси Тавакуллиён Арҷманд – эндокринологи Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    Баргардон ба хати кириллӣ ва вироишӣ – Абдухалил Холиқзода, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, ш.Душанбе, Тоҷикистон, к.Фотеҳ Ниёзи 34, +992446400102; +992446400103, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

     
  • РӮДАИ СОЛИМ ВА НАҚШИ ОН ДАР САЛОМАТӢ!

    Рӯдаи инсон саршор аз боктириҳо аст ва ин боктириҳоро боктириҳои муфид меноманд. Яке аз асилтарин хадамоте, ки боктириҳои рӯда ироъа мекунанд, синтез кардани маводи мағзии ғизоӣ аст, ки инсон мехӯрад. Вақте мавзӯъи ҷазби мапводи мағзи пеш меояд, чизе ки мехуред зиёд нақш надорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ЭЛЕКТРОКАРДИОГРАФӢ

Электрокардиогрофӣ (ЭКГ) - усули ба қайдгирӣ ва ташхиси майдонҳои электрикие мобошад, ки дар раванди кори дил шакл мегиранд. Ин навъи ташхис, хусусан дар кордиоложӣ, усули арзон ва бисёр боразиш ба шумор меравад.

Вазифаи асосии ЭКГ ба даст овардани кардиограмма (яъне тасвири графикии гуногунии иқтидори дил, ки дар натиҷаи кори дил шакл гирифта, дар сатҳи он ошкор мегарданд) ба шумор меравад. Дар ЭКГ тамоми ҳаракоти иқтидории дил, ки дар лаҳзаи муайяни кори дил шакл мегиранд, инъикос мегарданд.

Ба василаи ЭКГ нишондодҳои зерин муаян карда мешаванд:

- суръат ва мунтазамии кашишҳои дил (барои мисол экстросистолҳо (кишидашавии ғайринавбатӣ) ё аз миён уфтодани як қатор кашишҳо - аретмия);

- харобшавии шадид ё музмини миокорд (монанди сактаи мокорд, ишемии миокорд).

- халали мубодилаи калий, калтсий, магний ва элоктролитҳои дигари бадан;

- халали гузандагии дохилиқалбӣ.

Инчунин ин усул имкон медиҳад, ҳангоми бемории ишемикии дил, усули скринингро амалӣ гардонанд, ЭКГ аз ҳолати физикии дил (масалан аз гипертрофии меъдачаи чап) хабар дода, дар бораи бемориҳои дигари бадан, монанди тромбоэмолии шарёни шуш низ маълумот медиҳад. Бар зимми ин, ЭКГ имкон медиҳад бемориҳои шадиди дил (аз қабили сактаи миокорд ва ишемии миокорд) дар дарозмуддат ба василаи кардиофон ташхис дода шаванд. 

Ҳангоми баргузории ЭКГ бояд ба нишондодҳои зерин диққат дод!

1. баҳо додан ба зарабони (ритм) қалб (муаян кардани дурустӣ  ё нодурустии зарабони қалб).     

2. муайян кардани шумораи кашишҳои дил.

3. муайян кардани меҳвари барқии дил.

4. ба дуруст будан ё набудани дандонаи P   

5. ба ташхиси комплексии Q, R ва S

Зарабони (ритми)мураттаб

Зарабони мураттаб гуфта, ҳамон зарабонеро меноманд, дар ЭКГ фосилаи дандонаҳои R-P дар он баробар бошанд.

Зарабони номураттаб

Ҳангоми зарабони номураттаб фосилаи бюайни R-P дар ЭКГ гуногун мешавад.

ЭКГ и муқаррарӣ (солим) гуфта, ЭКГ ро меноманд, ки дар он фосилаҳои ЭКГ бо мароҳили кори дил мувофиқат кунанд.

Одатан дар ЭКГ 5 дандонаро ҷудо кардан мумкин аст. Ин дандонаҳо иборатанд аз дандонаҳои: P, Q, R, S ва Т. Гоҳе авқот мавҷи камаёни U ро ҳам дидан мумкин аст. Дандонаи Р кори даҳлезҳои дил ва дандонаҳои Q, R, S бошанд, кашишхурӣ (систоли) меъдачаҳои дилро инъикос мекунанд ва дандонаи Т дар ЭКГ, ҳолати оромии миокордро нишон медиҳад.

Кӯчонидан (сарб)

Дар ЭКГ ҳар як аз тафоутҳои чен мегардида, кӯчонидан (сарб) номида мешавад. Кӯчониданиҳои I, II ва III ба андомҳо насб карда мешаванд: Кӯчонидании I - ба дасти рост ва дасти чап, кӯчонидании II  - ба пои рост ва пои чап, кӯчонидании III - ба дасти чап ва пои чап насб карда мешаванд.

Кӯчониданиҳои (сарбҳо) якқутбаи синаӣ бо ҳарфи V ифода карда мешаванд.

Тарзи гузоштани электродҳо.  

Кӯчонидании V 1 - дар байни қабурғаи 4 ум дар канораи рости қафаси сина гузошта мешавад;

Кӯчонидании V2 - дар байни қабурғаи 4 ум, дар назди канораи чапи қафаси сина;       

Кӯчонидании V3 - дар миёни масофаи байни кӯчониданиҳои V1 ва V2 насб мегардад;

Кӯчонидании V4 - дар байни қабурғаи 5 ум аз миёнаи хатти колстрол (чанбари гардан ё устухони оҳурак) гузошта мешавад;

Кӯчонидании V5 - дар маҳалли буридагузаштани сатҳи уфуқии кӯчонидании чорум (V4) ва хаттӣ пеш зерибағалӣ;

Кӯчонидании V6 -  дар маҳалли буридагузаштани сатҳи уфуқии кӯчонидании чорум (V4) ва хаттӣ миёнаи зербағалӣ;

Кӯчонидании V7 - дар маҳалли буридагузаштани сатҳи уфуқии кӯчонидании чорум (V4) ва хаттӣ пушти зербағалӣ;

Кӯчонидании V8 - дар маҳалли буридагузаштани сатҳи уфуқии кӯчонидании чорум (V4) ва хатти миёна-шонаӣ;

Кӯчонидании V9 - дар маҳалли буридагузаштани сатҳи уфуқии кӯчонидании чорум (V4) ва хаттӣ паровертиброл.

Асосан 6 кӯчонидании синаӣ: аз V1 то V6 ба қайд гирифта мешаванд. Кӯчониданиҳои V7 - V8 - V9 бошанд, мутаасифона дар таҷрибаи клиникӣ хеле кам мавриди истифода қарор гирифтаанд ва ҳол он, ки ин кӯчониданиҳо дар бораи равандҳои потологӣ дар миокорди девораи пушти меъдачаи чап, маълумоти пурратар медиҳанд.

Барои ҷустуҷӯ ва ба қайд гирифтани падидаҳои потологӣ дар қисматҳои "хомӯш" - и миокорд дар ЭКГ аз кӯчониданиҳои иловагӣ (ки ба системи маъмулӣ ворид намешаванд) истифода мебаранд. Хусусан дар ташхиси кори меъдачаи рост, ки ҳаҷми камтаре дорад ва дар ЭКГ танҳо тағйири хурде мегузорад.

Фаҳмиши дурусти натиҷаҳои таҳқиқоти ЭКГ ба табибон имкон медиҳад, дар бораи кори дил ва миокорд маълумоти муҳими зиёди клиникӣ ба даст оранд.

Меҳвари барқии дил.(МБД)

Меҳвари барқии дил гуфта, тарҳрезии вектори натиҷагирии таҳрики меъдачаҳо дар сатҳи рӯ ба рӯро меноманд. Одатан, он ба ҷониби поин ва чап равона мегардад (мафҳуми муқаррарии он 30*...70* мебошад), аммо метавонад хусусан дар одамони баландқад, вазни зиёд дошта, кӯдакон аз ин маҳдуда берун ояд. Инҳироф аз меъёр, метавонад нишонаи ягон беморӣ (аретмӣ, блокадаи қалбӣ, тромбоэмболӣ) ё ҷойгиршавии ғайритабии дил (хеле кам ба назар мерасад) бошад.  

ФОТО