БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Крипторхизм чист ва чаро кӯдакон бо ин мушкил ба дунё меоянд?

    Яке аз мавзуъҳои мубрами соҳаи уролоҷӣ ин ноҳинҷорӣ ё нуқси модарзодии узвҳои ҷинсии кӯдакон мебошад.

     
  • CODE BLUE

    Оё медонед "Code blue" чи истилоҳест?

    Ин код дар бемористонҳо барои наҷоти бемороне, ки ба исти қалбӣ ё иттифоқҳои дигари ба ҳаёт таҳдидкунанда дучор мешаванд истифода мешавад. Вақте беморе дар бемористон ба эҳё ниёз пайдо мекунад, лозим аст, ки тамоми мутахассисон ба як бор огоҳ шаванд ва дар кӯтоҳтарин фурсат ба сари болини он бемор ҳозир шаванд.

     
  • Валвулопластик чист?

    Агар дар гузашта танҳо роҳи дармони нуқси модарзодӣ ва пайдошудаи дил ҷарроҳии кушод буд ва қалби бемор боз мешуд, имрӯз бо равиши замонавии валвулопластик ин нуқсро метавон осон бартараф кард.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

РӮДАИ СОЛИМ ВА НАҚШИ ОН ДАР САЛОМАТӢ!

Рӯдаи инсон саршор аз бактерияҳо аст ва ин бактерияҳоро бактерияҳои муфид меноманд. Яке аз асилтарин хадамоте, ки бактерияҳои рӯда анҷом медиҳанд, синтез кардани маводи мағзии ғизоӣ аст, ки инсон мехӯрад. Вақте мавзӯъи ҷазби маводи мағзӣ пеш меояд, чизе ки инсон мехӯрад, аҳамияти зиёд надорад.

Муҳим ин аст, ки баданатон чи қадар хуб метавонад маводи мағзии заруриро аз ғизои истеъмолкардаатон ҷазб кунад. Ҳамин тариқ агар ҳатто чизи солим ва бе айбу нуқс ҳам бихӯред, боз мумкин аст дучори суъи тағзия шавед.

Аммо роҳҳое вуҷуд доранд, ки мешавад бо кумаки онҳо рӯдаро тақвият дод ва мизони ҷазби ғизо ва мукаммалҳоеро, ки мехӯред боло бурд. Ҳоло мо чанд равишро бароятон муаррифӣ мекунем.

1.Давраи пур кардани рӯда бо бифидобактерияҳо: Рӯдаи одамӣ триллиёнҳо бактерия дорад ва бисёре аз ин бактерияҳо сахт кор мекунанд, то бисёре аз равандҳои баданиро ҳимоят кунанд ва ин равандҳо шомили системи гувориш низ мешаванд. Ин бактерияҳои муфид - бифидобактерия ном доранд. Бифидобактерияҳо на танҳо ғизоро ҳал карда ба аҷзои хурд табдил медиҳанд, ки бадан битавонад онро ҷазб кунад, балки маводҳое тавлид мекунанд, ки системи гувориш ва ҷазбро беҳбуд мебахшад. Барои мисол: бархе бифидобактерияҳо лактоза тавлид мекунанд. Ин лактоза ба афроде, ки мушкили  таҳаммули лактоз доранд кумак мекунад, лактозро ҳазм кунад.

Ба таври муъҷизаосое микробҳои рӯда ҳудуди як саввуми витаминҳо ва маводи шимиёии баданро таъмин мекунанд. Бинобар ин, агар мехоҳед тавоноии ҷазби баданатонро тақвият кунед, саъй кунед то ҷое метавонед мизони ин бактерияҳои муфидро дар рӯда афзоиш диҳед. Барои дарёфти бештари бифидобактерияҳо метавонед аз қаймоқ (мост), кефир ва дигар ғизоҳои ширӣ истифода кунед.

2. Пардаи рӯдаро ҳимоят кунед: Пардаи рӯда, монанди як ҷудокунанда байни ҷараёни хун ва муҳити хориҷӣ амал мекунад. Қисмати шигифтангез онҷост, ки ин парда ё ҳисор қобилияти интихоб дорад, яъне иҷоза медиҳад маводи мағзӣ ворид шавад ва заҳрҳо, онтиженҳо ва бактерияҳои бадро берун нигаҳ медорад. Бо ин ҳол, агар парда ё ҳисори рӯда хуб кор накунад, бадан наметавонад ба андозаи кофӣ маводи зарурӣ ҷазб кунад ва дар натиҷа боиси бурузи масоиле, чун ҳассосият ва дигар мушкилоти эманӣ мегардад. Истеъмоли ғизоҳои саршор аз глютомин (монанди асораи устухон) афзоиши ҷаззобияти баданро боло бурда ба ҳифзи якпорчагии парда ё ҳисори рӯда кумак мекунанд. Истеъмоли ғизоҳои саршор аз бифидобактерияҳо низ дар қатори тақвияти системи гувориш, инчунин парда ё ҳисори меъдаро низ кумак мекунанд.

3. Интихоби дурусти ғизо: Мутаасифона барномаҳои ғизоии муосир маводи мағзии зарурӣ кам доранд. Ғизоҳои коркардшуда, қанд ва маводи афзудании маснуӣ таъсири бисёр баде рӯи саломатии рӯда гузошта, бактерияҳои муфиди рӯда ва меъдаро заиф мегардонанд. Бо истифода аз ғизоҳои комил ва гиёҳӣ, витаминҳо, маводи маъданӣ ва чарбиҳои солим ва бифидобактерияҳо метавонед раванди табии кори рӯдаро дубора барқарор кунед.

4. Баданатонро бо гуруснагӣ сайқал бидиҳед: Бар асоси таҳқиқотҳо, замони хӯрдан ҳам метавонад ба андозаи он чӣ мехӯред, рӯи бактерияҳои рӯда таъсир бигзорад. Метавонед бо танзими замонҳои ғизохӯрдан ва ғизо нахӯрдан, таъсири мусбате рӯи бактерияҳои рӯда бигзоред. Яке аз роҳҳои ин кор рӯза гирифтан аст. Рӯза ба микробҳои рӯда ва тамоми системи гувориши бадан, ки сахт кор мекунад, имкон медиҳад истироҳат кунанд ва комилан ҳама чизро тамиз кунанд. Ин замони истироҳат ҳамчунин ба муҳити дохилии рӯда фурсат медиҳад, рӯи вазоифи дигар низ тамаркуз кунад. Рӯза гирифтани рӯзона, инчунин парда ё ҳисори рӯдаро дар баробари бактерияҳои зараровар қавитар мегардонад.

5. Парҳез аз беъзе тамизкунандаҳои антибактериал ва маҳсулоти шимиёӣ: Ҳамаи мо дар зиндагии рузмарраамон аз маводи шимиёӣ, антибактерӣ ва офаткушҳо зиёд истифода мебарем, ки боиси аз байн рафтани бактерияҳое хуб мегарданд ва барои гувориш, ҷазби маводи мағзӣ ва саломатии кулли бадан хатарнок мебошанд. Барои мисол антибактерияҳо - дар дору ва ғизоҳо метавонанд якбора ҳам бактерияҳои муфид ва ҳам боктериҳои зарароварро  нобуд кунанд ва боис гарданд, рӯда фазои беморӣ ба худ бигирад ва натавонад ба дурустӣ корашро анҷом диҳад. Инчунин маҳсулоти антибактериалӣ (ки бештар дар тамизкунандаҳо ва маҳсулоти назофати (гигиенаи) шахсӣ истифода мешаванд) тавре тарроҳӣ шудаанд, ки тамоми бактерияҳои хуб ва бадро аз байн мебаранд. Ба ҳамин хотир то ҷое метавонед аз доруҳои ғайризарурӣ ва маҳсулоти зиддибактерӣ дурӣ кунед.   

ФОТО