БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ТАБОБАТИ РЕЗИШИ МӮЙ БА ВАСИЛАИ ФИЗИОТЕРОПӢ

    Мудири бахши физиотеропии

    Бемористони Ибни Сино.

    доктор Каримов Муҳибуллоҳ.

     

    Физиотерапӣ – ҳангоми рехтани мӯй. Давомнокии ҳаёти мӯйи инсон бисёр кӯтоҳ буда, танҳо 3 солро ташкил медиҳад. Ҳаррӯз мо тақрибан 50-150 мӯи кӯҳнашударо гум мекунем ва ин як раванди физиологии муқаррарӣ аст.

     
  • КӮТОҲИИ ҚАД

    Эндокринологи бемористон,

    Доктор Аббоси Тавакуллиён.

     

    Ҳар чизе дар ин олам як таърифи хос ва меъёр, тарҳ ва нақшаи махсус дорад. Тақрибан ҳамаи кӯдакон, агар норас ва зудрас таваллуд нашаванд ва ё ба бемории генетикӣ гирифтор набошанд, ҳангоми таваллуд шудан қади онҳо тақрибан аз 47 см то 53 см ва бо таври мутаввасит 50 см хоҳад буд.

     
  • БЕМОРИИ ФИБРОКИСТОЗИ ПИСТОН

    Эндокринологи бемористон,

    Доктор Аббоси Тавакуллиён.

     

    Вуҷуди тӯдаҳои хурд бо теъдоди бисер дар ҳарду пистонро, ки дар назди онҳо кистаҳои хурд дида мешаванд, пистонҳои фиброкистӣ меноманд. Доштани пистонҳои фиброкистӣ аслан ва абадан як мушкили ҷиддӣ намебошанд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

НОҲАНҶОРИИ (АНОМАЛИЯИ) ЭБШТЕЙН

Ноҳанҷорӣ ё аномалияи Эбштейн бемории нодирӣ модарзодии дил мебошад. Ин беморӣ миёни тамоми иллатҳои модарзодии дил 1% ро ташкил медиҳад. Бемории мазкур бори аввал аз ҷониби осебшинос (потологоанатом) Эбштейн тавсиф гардидааст. Ҳангоми ин иллат, девораҳои қапқоқои рости даҳлези дил, на аз ҳалқаи даҳлезӣ-меъдачавӣ, балки аз девораҳои меъдачаи рост берун меоянд ва ба пуррагӣ ҷафс намешаванд (норасоии қапқоқи трискупид).

Ҳамин тариқ, сатҳи (ҳуфраи) меъдачаи рост аз меъёр хурдтар мегардад ва қисмати меъдачаи рост бошад, аз ҳалқаи даҳлезӣ-меъдачавӣ (ки онҷо қапқоқ бояд тибқи меъёр қарор гирад) то қапқоқи трискупидии ба поин ҷойгардошуда, давоми даҳлези дил мегардад.  Инчунин ҳангоми ин иллат, пӯшида нашудани шикофи байзӣ (байни даҳлезҳои рост ва чап) мушоҳида мешавад.

Аз рӯи ин тағйиротҳои анатомӣ, ноҳанҷории Эбштейн бо хусусиёти зерин тавсиф мегардад:   

1. Норасоии қапқоқи трискупид (байни даҳлези рост ва меъдачаи рост).

2. Пӯшида нашудани шикофи байзӣ (байни даҳлезҳои рост ва чап). 

3. Хурд шудани сатҳи меъдачаи рост. даҳлези рост ҳаҷман бузург шуда, васеъ мегардад. Қисмате аз хуни варидӣ (рагӣ) тариқи шикофи байзовии кушодашуда, ба даҳлезчаи чап ҷорӣ мешавад ва бо хуни шарёнӣ (артериалӣ) омехта мегардад. Ин амр боиси кам шудани мизони оксижен дар хуни шарёнӣ ва ҳипоксии (гипоксия) увҳо ва бофтаҳо мегардад.  Инчунин ҳангоми ин ноҳанҷорӣ, имкони ихтилол дар назми дил низ вуҷуд  дорад.

Дар ЭКГ як қатор вежагиҳои хос пайдо мегарданд. Дандонаҳои баланди қуллашакли Р ба қайд гирифта мешаванд, ки гипертрофӣ ва иттисоъӣ (дилетатсия) даҳлезчаи ростро нишон медиҳад. Аломатҳои дигар, блоки пояи рости бастаи Гис, бо набудани нишонаҳои гипертрофии меъдачаи рост ва тамоюл ба халал дар назми дил ва гузурандагии даҳлезӣ-меъдачавӣ ба шумор мераванд. Ғайри аз ин, синдроми Волф-Паркинсон-Уайт низ ба ноҳаноҷии Эбштейн хос мебошад.

Ҳангоми таҳқиқи рентгенологӣ дар сатҳи (проектсияи) пешу қафоӣ, кардиомегалии шадид бо пайкарбандии курравии дил, ошкор мегардад. Зовияи рости дилу рагӣ ба ҷониби боло ҷойгардон гардидааст, ки ба бузургшавии даҳлезчаи рост далолат мекунад. Бастаи рагӣ танг буда, бахшҳои рости дил одатан бузург нашудаанд.  

Дар таҳқиқи Эхокордиографӣ  тағйири шакли эхо аз девораҳо ва афзоиши ҳаҷми даҳлезчаи рост ба қайд гирифта мешаванд.

Катетиризатсиякунии дил. Дар ҳамаи беморон болоравии фишор дар даҳлезчаи рости дил мушоҳида мегардад. Фишори систоликӣ дар меъдачаи рост ва шарёни шушӣ, қоъидатан дар меъёр ё каме поин мебошад. Кори инқибозии (кашидашавии) бахши хуруҷии меъдачаи рост суст мебошад, ки бо болоравии оҳиста-оҳистаи манҳани фишор ҳангоми кашиши изометрикӣ, поин омадани оҳиста баъди басташавии қапқоқҳои шушӣ ва афзиши фишори дистолики поёнӣ, маълум мегардад. Нишонаҳои муҳими ташхисиро мешавад ҳангоми сабти ҳамзамони фишори хун ва ЭКГ и дарунҷамъӣ ба даст овард. Ҳангоми баровардани катетер дар даҳлезчаи рост бузургии фишор ба таври назаррас тағйир намеёбад, аммо пайкарбандии даҳлезбандии ЭКГ и дарунҷамъӣ пайдо мешавад. Таҳлили таркиби гозии хун, дар бештари ҳолатҳо сатҳи поини ғанишавии хун бо оксиженро дар бахшҳои рости дил, тафовути зиёди шарёнирагӣ ва гипоксемии шарёниро ошкор мекунад.

Таҳқиқи Ангиокардиографӣ. Аз ҳама омӯзанда ва иттилорасонтар ангигрофии рост ба шумор меравад. Дар ҳамаи ҳолатҳо сатҳи даҳлезчаи рост бисёр бузур ва васеъшуда ба намоиш медарояд. Ба далели таъхири тӯлонии моддаи контрастӣ, шиддати контрастии он бисёр зич буда, дар мавориди бисёр кам коҳиши ин зичиро мешавад ба қайд гирифт. Сабаби ин махлут шудани моддаи контрастӣ бо миқдори зиёди хун мебошад.

Усули қатъии табобати ноҳанҷории Эбштейн ҷарроҳӣ ба шумор меравад. Ҷарроҳӣ ба бартараф кардани норасоӣ ё стенози қапқоқи трискупидӣ бо ёрии бузург кардани сатҳи муфиди меъдачаи рост ва бартарафкардани иллатҳои ҳамроҳ равона гардидааст.

Дар ҳоли ҳозир барои табобати ноҳанҷории Эбштейн ду навъи ҷарроҳӣ истифода мегарданд.           

-  бозсозии плостикии қапқоқи трискупидӣ; 

- прозезгузории қапқоқ.   

Бозсозии плостикии қапқоқи трискупидӣ (се табақаӣ) ба эҷодӣ қапқоқи як табақаи, пликатсияи (додхостӣ) қисмати даҳлезии меъдачаи рост, анулоплостикаи оқиби қапқоқи трискупидӣ (сетабақаӣ) ва хурд кардани даҳлезчаи рост, равона гардидааст. Барои ин кор, бо дарзҳои васеъи П монанд дар қабатҳо девораи пеши қапқоқи трискупид, қисмати даҳлезии меъдачаи рост ва шикофи рости диҳлезӣ-меъдачавиро мегиранд. Ба василаи кашидан ва бастани ин дарзҳо, қапқоқи трискупидро (се табақаро) бо шикофи даҳлезӣ-меъдачавӣ мепайвандаднд; дар ҳамон замон қапқоқи як табақаӣ эҷод гардида, пликатсияи қисмати даҳлезии меъдачаи рост амалӣ мегардад ва қутри ҳалқаи фибрӣ коҳиш дода мешавад.

Моҳияти амали ҷарроҳии протезгузории қапқоқи трискупидӣ бошад, аз бардоштани қапқопи тағйири шакл дода ва дӯхтани протези сунъӣ иборат меёбад. Протезро 1-2 см болотар аз синуси ишимиявӣ пайваст мекунанд. Бо ин усул имкони осеби системи интиқолии дил бартараф гардида, сатҳи меъдачаи рост афзуда мешавад.

ФОТО