БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ОКСАЛАТУРИЯ ЧИСТ?

    Мудири бахши урологии

    Бемористони Ибни Сино,

    доктор Аминов Мубин.

     

    Оксалатурия бемориест, ки бо болоравии туршии шавел (намаки оксалат) дар пешоб зоҳир мешавад.

     
  • ҚУРСИ ПИОГЛИТАЗОН

    Унвони мақола

    Қурси Пиоглитазон: ҳалқаи тиллоии гумшудаи занҷираи дармони диабети навъи II дар кишвари Тоҷикистон

     

    Аббос Таваккулиёни Арҷманд: интернист, эндокринолог, диабетолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    *Каримова Фарзона: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон 

    Диловар Маҳмадёров: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

     

    Унвони кўтоҳ

    Қурси Пиоглитазон: доруи дар ҳадду андозаи Метформин, аммо ношинохта дар Тоҷикистон

     

      *Нависандаи тарафи мукотибот: Каримова Фарзона, www.ibnisino.tj, Бемористони Байналмиллалии ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

     
  • ОЁ БЕМОРИИ ДИАБЕТИ ҚАНДИ НАВЪИ II-РО ДАР ТОҶИКИСТОН ДУРУСТ ТАБОБАТ МЕКУНАНД?

      Унвони аслӣ

     

    Баррасии наҳваи дармони диабети қанди  навъи II  бо доруҳои хӯрокии зидди диабет дар Тоҷикистон; Оё дорухатҳо бо  дастурамалҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошанд?

     

    Аббос Таваккулиени Арҷманд, интернист, эндокринолог, диабетолог, Клиникаи байналмиллалии  Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    *Диловар Маҳмадёров, кардиолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    Абдухалил Холиқзода, раиси ҳайати мудирони  Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

     

     Унвони кӯтоҳ.

    Оё диабети қанди навъи II-ро дар Тоҷикистон дуруст табобат мефармоянд?

     

     *Нависандаи тарафи мукотибот:  Диловар Маҳмадёров, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., +992933333138

     

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ФИШОРБАЛАНДИИ ДОХИЛИШАРЁНӢ (ГИПЕРТЕНЗӢ): ЧИРО БОЯД ДОНИСТ ВА ЧӢ КОР КАРД?

Кардиолог - терапевти

Бемористони Ибни Сино.

Мусоева Марҷона Мусаямовна

 

Дар илми тибб, болоравии устувори фишори дохили шарёнӣ (артериалиро) то 140/90 мм. сутуни симобӣ ва болотар аз онро бемории гипертонӣ меноманд.

Бояд қайд намуд, ки болоравии фишори дохилишарёнӣ камаш ду маротиба ва дар фосилаи ду ҳафта ба қайд гирифта шавад. Дар тибби муосир болоровии фишори дохилишарёнӣ ба се марҳила тақсимбандӣ гардидааст.  

 

Дастабандӣ

фишори дохили шарёнии систоликӣ (болоӣ) мм ст.сим.

фишори дохили шарёнии диастоликӣ (поинӣ), мм ст. сим.

Мӯътадил

< 130

< 85

Мӯътадили баланд

130-139

85-89

Гипертензия

I дараҷа

II дараҷа

III дараҷа

 

 

140-159

160-179

180 ва боло

 

90-99

100-109

110 ва боло

 Гипертензияи  систолическии ҷудогона

 > 160

< 90

Усулҳои табобати бидуни дорӯ (ё ислоҳи тарзи зиндагӣ) Тарзи ҳаёти солим барои ҳамаи гирифторон ба фишорбаландии дохилишарёнӣ, новобаста аз дараҷа ва дрӯҳои мавриди истеъмол тавсия мегардад.   

Тарзи ҳаёти солим имкон медиҳад, сатҳи фишори дохилишарёниро поин овард ва теъдоди дорӯҳои масрафиро кам намуд. Аввал аз ҳама, беморон бояд аз одатҳои бад ва сабки зиндагии камтаҳаррук даст кашанд. Пеш аз ҳама бояд аз сигоркашӣ сарфи назар кард. Чаро ки ҳатто кашидани як сигор фишорро барои 15 дақиқа боло мебарад ва ҳангоми сигоркашии мудовим бошад, лаҳни рагҳоро зиёд карда, самаранокии дорӯҳоро кам мекунад. Агар одам дар рӯз 5 то сигор кашад, 40% хатари маргаш бештар мегардад ва агар дар рӯз як қутти сигор кашад ин хатар 400% зиёд мешавад.

Роҳи дигари мубориза бо фишорбаландии дохилишарёнӣ тағзияи муносиб мебошад. Хӯрок на камтар аз 4 навбат дар рӯз ва бе намак истеъмол гардад. намак на танҳо ба одламони гирифтор ба фишорбаландӣ, балки ба бемориҳои дигари дилу-раг низ зарар дорад. Имрӯз таҳқиқотҳо собит кардаанд, ки агар истеъмоли намак кам карда шавад, хатари гирифтор шудан ба инфоркти миокорд ва дигар бемориҳои қалбӣ 25% коҳиш меёбад. Дар баробари ин, бояд дар хотир дошт, ки  масалан дар таркиби ҳасиб нисбат ба гӯшти табъии 10 баробар зиёд намак вуҷуд дорад. Истеъмоли маҳсулоти дорои калий ва магнийдор низ (монанди карами баҳрӣ, мавиз, лаблабӯ, зардолу, кадуи сабз, каду, ярма ва ғ.) фоидаи зиёд дорад. Меъёри истеъмоли намаки ошӣ барои беморони гипертонӣ бояд аз 5 грамм дар як рӯз (як қошуқчаи чойхурӣ) зиёд набошад.

Дар ин росто назорати вазни худ ҳам бисёр аҳамият дорад. Барои санҷиши вазн аз формули соддаи муаян кардани шохиси вазни бадан (вазн (кг) / қад (м 2 ) = шохиси вазни бадан) метавонед истифода баред. Агар шохиси вазни бадан дар занҳо аз 28 ва дар мардҳо аз 30 болост, ба онҳо  мешавад ташхиси фарбеҳӣ гузошт. Рушди бесобиқаи фшори баланди дохилишарёниро ҳам, маҳз бо фарбеҳӣ иртибот медиҳанд.

Барои мубориза бо фарбеҳӣ ва фишорбаландии дохилишарёнӣ, кори мудовими ҷисмонӣ нақши зиёд дорад. Ҳатто фаъолияти ҷисмонии сабук вале мудовим, кумак мекунанд фишори баланди дохилишарёнӣ 10-15 мм. сут. сим поин оварда шавад. Пиёдаравӣ дар ҳавои кушод, велосипедсаворӣ, оббозӣ аз ҳама фаъолияти ҷисмонии хуб барои беморони гирифтор ба фишорбаландии дохилишарёнӣ ба шумор мераванд. Аммо пеш аз оғози ин фаъолиятҳо ҳатман бо табибатон машварат кунед. Як мавриди дигар, ки набояд фаромӯш шавад. Волидайн ва омӯзгорони азиз, чорабиниҳо бобати тарзи ҳаёти солимро бояд аз синну соли кӯдакӣ ва навҷавонӣ таълим дод. Имрӯз аз касе пӯшида нест, ки омили ирсӣ дар рушди фишорбландии дохилишарёнӣ нақши муҳим дорад ва дар кӯдакон, агар чораҳои зарурӣ дида нашаванд, болоравии ин фишор метавонад аз синни 10-12 солагӣ ба вуқӯъ пайвандад.

То кадом сатҳ бояд фишори дохилишарёниро поин овард?

Олимони соҳа, баъди таҳқиқотҳои тӯлонӣ, сатҳи фишорбаландии дохилишарёниро, ки ҳангоми табобати ин беморӣ бояд ба он ноил гардид муаян намудаанд. Сатҳи мақсадноки фишорбаландии дохилишарёнӣ - ададҳои фишори дохилишарёнӣ мебошанд, ки ҳангоми онҳо хатари оризаҳо, аз ҷумла аворизи марговар кам карда шаванд. Албатта ин сатҳ аз бемориҳои ҳамроҳ вобастагии калон дорад. Барои беморони гирифтор ба фишорбаландии дохилишрёнӣ, сатҳи мақсадноки ин фишор бояд аз 14 бояд аз 140/90 мм. сут.сим. поин бошад. Агар фишори дохилишарёнӣ бо диабети қанд ҳамроҳ бошад, сатҳи мақсаднок бояд аз 130/83 поин бошад. Албатта бештари беморони гирифтор ба фишорбаландии дохилишарёнӣ барои расидан ба ин сатҳ бояд ҳамеша дорӯҳои зиддифишорбаландӣ истеъмол кунанд.                       

Табобати доруии беморони гирифтор ба фишорбаландии дохилишарёнӣ. Дар ҳоли ҳозир дар бозори фармотсевтии кишварамон, панҷ гурӯҳи дорӯҳо, ки аз ҷониби ҷамъияти Аврупоии кардиологӣ ва Лигаи Аврупоии фишорбаландии дохилишарёнӣ барои табобати фишорбаландии дохилишарёни тавсия шудаанд, пешкаш гардидаанд. Ин дорӯҳо ингибиторҳои (маҳоркунандаҳо) табдили ангеотензин, диуретикҳо, антаганистҳои коноли калтсиюмӣ, масдудкунандаҳои гирандаи бето, антаганистҳои гирандаи ангиотензин II.

Бояд қайд кард, ки назорати самараноки сатҳи фишорбаландии дохилишарёнӣ, танҳо тавассути як навъи дорӯ бисёр кам иттифоқ меуфтад. Бештари беморон барои назорати кофии фишорбаландии дохилишарёнӣ бояд 2-3 намуд дорӯ дарёфт кунанд. Беҳтарин дорӯҳо онҳое мебошанд, ки ба шакли муназзам дар тӯли шабонарӯз таъсиргузор бошанд ва ба узвҳои дигар таъсири манфи нарасонанд. Дорӯҳоро бояд ҳатман табиб таъин намояд ва ҳар бемор метавонад дорӯи хоси худашро дошта бошад. Дар давраи интихоб ва муаян кардани дорӯи зарурӣ, беморон бояд ҳар моҳ ба қабули табиб ҳозир шаванд ва баъди муайян кардани дору бошад, ба назди табиб мешавад ҳар 6 моҳ як бор омад. Ҳатман ҳар сол як маротиба, бояд узвҳои асосиро ташхис намуд, чаро ки маҳсулоти дорӯгии муосир на танҳо фишорро поин мебаранд, балки ғафсии девораҳои меъдачаи чапи дилро кам карда, хосияти иртиҷоъии рагҳоро афзоиш медиҳанд ва рушди норасоии кори гурдаҳо ва дилро пешгирӣ мекунанд.

ФОТО