БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ОКСАЛАТУРИЯ ЧИСТ?

    Мудири бахши урологии

    Бемористони Ибни Сино,

    доктор Аминов Мубин.

     

    Оксалатурия бемориест, ки бо болоравии туршии шавел (намаки оксалат) дар пешоб зоҳир мешавад.

     
  • ҚУРСИ ПИОГЛИТАЗОН

    Унвони мақола

    Қурси Пиоглитазон: ҳалқаи тиллоии гумшудаи занҷираи дармони диабети навъи II дар кишвари Тоҷикистон

     

    Аббос Таваккулиёни Арҷманд: интернист, эндокринолог, диабетолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

    *Каримова Фарзона: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон 

    Диловар Маҳмадёров: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

     

    Унвони кўтоҳ

    Қурси Пиоглитазон: доруи дар ҳадду андозаи Метформин, аммо ношинохта дар Тоҷикистон

     

      *Нависандаи тарафи мукотибот: Каримова Фарзона, www.ibnisino.tj, Бемористони Байналмиллалии ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

     
  • ОЁ БЕМОРИИ ДИАБЕТИ ҚАНДИ НАВЪИ II-РО ДАР ТОҶИКИСТОН ДУРУСТ ТАБОБАТ МЕКУНАНД?

      Унвони аслӣ

     

    Баррасии наҳваи дармони диабети қанди  навъи II  бо доруҳои хӯрокии зидди диабет дар Тоҷикистон; Оё дорухатҳо бо  дастурамалҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошанд?

     

    Аббос Таваккулиени Арҷманд, интернист, эндокринолог, диабетолог, Клиникаи байналмиллалии  Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    *Диловар Маҳмадёров, кардиолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

    Абдухалил Холиқзода, раиси ҳайати мудирони  Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

     

     Унвони кӯтоҳ.

    Оё диабети қанди навъи II-ро дар Тоҷикистон дуруст табобат мефармоянд?

     

     *Нависандаи тарафи мукотибот:  Диловар Маҳмадёров, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., +992933333138

     

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

ДАҲ НУҚТАИ БИСЁР МУҲИМ ДАР БОРАИ БЕМОРИИ ФИШОРИ ХУНИ БАЛАНД

Эндокринологи бемористон,

Доктор Аббоси Тавакуллиён.

 

Ба хотир дошта бошед ва ин занги хатарро ба дигарон ҳам расонед, ки касалии диабети қанд, агар дармон нашавад, зиндагиро пур аз машақат  мекунад ва хараҷоташ камари бемор ва оилаашро мешиканад, лекин умрро хеле кӯтоҳ намекунад.

Аммо бемории фишорбаландӣ хеле аломат ва нишона надорад ва дар зоҳир ғами зиёд намедиҳад, аммо раҳо кардани афсори беморӣ, бедуни дармонӣ давомдор ояндаро номаълум ва инсонро ҷавонмарг мекунад.

Пас касалии қандро ба ҳавсалаи тамом дармон мекунем, то он кас ранҷур ва замингир нашавад. Аммо бемории фишорбаландиро бо васвос ва диққати зиёд дармон кунем, то фард ҷавонмарг нашавад.

Ба шумо ёдоварӣ мекунам, ки пас аз касалии қанд, бемории фишорбаландӣ, дуввумин иллати маҳкам шудани рагҳои дил ва мағз ва эҷоди сактаҳои дил ва сакта ва хунрезии мағз мебошад.

Пас аз касалии диабети қанд, бемории фишори хуни баланд, дуввумин иллати вайрон шудани гурдаҳо ва боло рафтани мочевина ва креатинин  дар хун мешавад.

Як беморӣ, ки барои зинда мондани он кас лозим аст дар ҳафта 2 то 3 бор ҳемодиализ анҷом шавад ва ё ҳазорон доллар харҷи пайванди гурда шавад.

Дармони дақиқ ва давомдори фишори хун метавонад як зиндагии комилан  хубро ба он кас ҳадя кунад. агар фишор   баланд ва доруҳо ва қазоҳои камнамак ва пиёдагардӣ дармон шавад, мутмаинан ҳеҷ ҳодисае барои бемор ба вуҷуд намеояд ва дар саломатии комил ба зиндагӣ идома хоҳад дод.

Ғайр аз нӯшидани мураттаби доруҳои фишори хун, 3 роҳ кори дигар низ ҳаст, ки ба контроли фишори хуни боло кӯмаки бисёр ҷиддӣ мекунад.

Сабук хӯрдани қазоҳо ва хароб шудан, яъне коҳиши вазн, ҳатто агар ба андозаи 4 то 6 кг ҳам бошад, кӯмаки бисёр бузург ба дармони фишори баланд хоҳад кард.

Пиёдагардӣ хусусан бегоҳӣ (аср) ба муддати 30 то 45 дақиқа ба шарте, ки ҳамарӯз бошад  ва  мисли як одат ҳамаи умр такрор шавад, яке аз калидҳои дармони фишорбаландии хун аст.

Кам кардани миқдори намаки хӯрокҳо то ҷое ки мумкин бошад  яке аз аркони (сабаби) аслии дармони фишорбаландӣ аст.

Беҳтарин варзиш барои касе, ки фишорбаландӣ дорад, пиёдагардӣ, дучархсаворӣ ва оббозӣ аст, албатта  агар хавз (басейн) тамиз ва арзон қиммат ёфт шавад. Варзишҳои сахт ва вазнин мисли бадансозӣ ё кӯҳнавардӣ хеҷ гоҳ касе, ки фишори баланд дорад, муносиб нест. Варзиши сангин бар хилофи интизор метавонад фишори хунро болотар барад.

Беҳтар аст барои дармони фишорбаландӣ ба як табиби эндокринолог  муроҷиат шавад, чунки зиёди касон, ки фишори баланд доранд, бемории  ошкор ё пинҳонӣ қанд ва холестерин ҳам доранд.

Бисёр аз доруҳои фишорбаландӣ, қанди хунро болотар мебаранд ва холестирини хунро афзоиш медиҳанд. Яке аз муҳимтарин доруҳое, ки барои фишори хун тавсия мешавад гидрохлортиазид ё триамтрени- Н  мебошад. Ин дору қанд ва холестерини хунро ба шиддат боло мебарад.

Баъзе аз доруҳо аз 2 дору таркиб шудаанд. Тавсия мекунам, ки ба навиштани пушти ҷаъбаи дору диққат кунед ва мутмаин бошед, ки гидрохлоротиазид  дар таркиби он вуҷуд надошта бошад.

Кам кардани стресси корӣ, кам кардани ҳар ваъдаи қазо, масрафи каббудӣ ва салати ба миқдори зиёд ҳамроҳи хӯрокҳо ва хоби коффии барвақт, яъне аз соати 10-и шаб то 7- и субҳ, нуқтаҳои тиллоӣ ва муҳиме ҳастанд, ки беморони бо фишори баланд ба онҳо бояд таваҷҷӯҳи махсус дошта бошанд.

Қатъ кардан ва васл кардани доруҳои зидди фишори хун, боиси пасту баланд шудани шаддиди фишори хун шуда ва бисёр хатарнок мебошад. Бинобар ин доруҳо пеш аз ин ки тамом шавад, бояд  дубора харидорӣ шаванд, ки байни нӯшидани доруҳо фосила набошад.

Бештари беморони мубтало ба фишори хуни боло аз чанд намуд доруи зидди фишори хун бо ҳам истифода мекунанд. Ин касон бояд бидонанд, ки нӯшидани ин чанд намуди дору дар канори ҳам ва бо ҳам истифодабарии хуб дорад. Диққат шавад ҳар кадом аз ин доруҳо қабл аз тамом шудан дубора таҳия шаванд. Борҳо дида мешавад, ки яке аз доруҳо тамом шудааст, вале бемор сабр мекунад, то бақияи доруҳо ҳам тамом шавад, баъд барои таҳияи дору иқдом мекунад. Ин кор хатарнок аст ва метавонад як ҳамлаи хатари фишорбаландӣ шавад ва мушкилсоз гардад.

Бемории фишорбаландӣ як мушкилии генетик аст ва вақти дар касе фишорбаландӣ пайдо шавад, беморӣ то охари умр бо ӯ ҳамроҳ хоҳад буд, бинобар ин доруҳои тавсияшуда барои ҳамеша давом диҳад ва ҳаргиз қатъ накунад.

Аз байни ҳамаи доруҳои фишорбаландӣ, ки бо диабети қанд мувофиқтар ҳастанд ва қанди хунро болотар намебаранд доруҳои зерин мебошанд: Enalapril (Эналаприл), Captopril (Каптоприл), Lisinopril (Лизиноприл), Losartan (Лазортан), Valsartan (Валсартан) ва Спиронолактон.

Аз байни тамоми доруҳои фишорбаландӣ, ки диабети қандро бадтар мекунад ва бояд ҳамеша аз нӯшидани он доруҳо худдорӣ шавад, Hydrochlorothiazide (Гидрохлоротиазид) ва Triamtren-H (Триамтрен – Н) аст ва ё ҳар доруе, ки дар таркибаш Гидрохлоротиазид дошта бошад.

Ҳар вақт аз дармони фишори хуни баланд бо доруҳои маъмул натиҷае нагирифтем, 2 дору ҳастанд, ки ба таври бисёр фоиданок ба шумо кӯмак мекунанд. Якум дору Spironolacton (Спиронолактон) аст, ки барои занҳо истифода мешавад ва дигарӣ Eplerenon (Эплеренон), ки ба мардҳо тавсия дода мешавад.

Диққат дошта бошед, ки ин 2 дору дар касе ки гурдаҳояш заиф шудааст ва мочевина  ва креатинини хунаш боло рафтааст ва Калий (К+) дар серуми хун аз 5,5 болотар аст, набояд дода шавад. Ин ду маврид дар истифодабарӣ аз ин доруҳо дар назар гирифта шаванд.

Ду доруи дар боло зикршуда, барои дармони бемории норасоии дил низ мебошанд.

Касоне, ки иллати диабети қанд ва фишори хуни баланд доранд  дили онҳо заиф мебошад,  ва дар вақти пиёдагардӣ нафаси кашидани онҳо мушкил мешавад, ки  ин 2 дору беҳтарин доруҳо барои дармон мебошанд.

ФОТО